Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ раиси порлумон президенти пешини Қирғизистонро ба додгоҳ мекашад


Аҳматбек Келдибеков
Аҳматбек Келдибеков

Аҳматбек Келдибеков, раиси пешини порлумони Қирғизистон дар мусоҳиба бо телевизиони "NUR TV" гуфт, ки тасмим дорад, Алмосбек Отамбоев - президенти пешини ин кишварро барои изҳороти охираш ба додгоҳ кашад.

"Ӯ дар суханрониаш шаъну шарафи одамро паст мезанад. Ман ӯро барои иснод оварданаш ба номи ман, ба додгоҳ мекашам. Агар ҳарфҳояшро дар додгоҳ исбот накунад, ман талаб мекунам, ки ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад", - гуфт Келдибеков.

Алмосбек Отамбоев 10 декабр дар мусоҳибааш бо телевизиони "Апрел" гуфт, ки Аҳматбек Келдибеков дар фаъолиятҳои фасодолуд даст дорад.

"Мехоҳанд ба чашми мардум хок пошанд. Мехоҳанд, нишон диҳанд, ки миёни сарвати аз роҳи ҳалол ба даст омада ва сарвати дуздӣ фарқияте нест. Ҳамон Келдибекову Тюлеев фарёд мезананд, ки "бояд Отамбоев ҳабс шавад", ҳамонҳое ки ҳангоми фаъолиятҳояшон дар сохторҳои давлатӣ ба сарватмандӣ расиданд. Киро бояд ҳабс кард? Касонеро, ки бо ғорати давлат ба сарватмандӣ расиданд, ё касеро ки бо меҳнати ҳалол сарват ба даст оварда, дар замини аҷдодиаш хона сохтааст? - суол гузошт президенти пешин, ки дар ин авохир бо сӯҳбатҳои ошкор мақомоти феълии Бишкекро ба чолиш кашидааст.

XS
SM
MD
LG