Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуҳои иқтисодии сокинони Бохтар дар поёни соли куҳан. ВИДЕО


Дар маркази вилояти Хатлон арчаи боҳашамати 22-метрӣ аз фарорасии соли нави 2019 шаҳодат медиҳад. Як тағйироти муҳими соли 2018 барои сокинони шаҳр ин буд, ки исми Қӯрғонтеппа ба Бохтар табдили ном шуд. Дар фарорасии сол ҳар як сокини ин шаҳр натиҷагирии худро аз бурду бохтҳои як соли дигари умри худ мекунад.

Аксари ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар шаҳри Бохтар мегӯянд, аз фазои идонаи шаҳр бисёр шод ҳастанд ва умедворанд, ки бо ҳамин рӯҳия ҳам ба соли нав қадам мемонанд.

Аз фикри фарзандон дар муҳоҷирати корӣ то беҳбуди шароити кишоварзон, аз орзуи беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ то ормонҳои бисёр заминии инсон -- он чизест, ки сокинонии оддии шаҳри Бохтарро ташвиш медиҳад. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки бо чанд сокини Бохтар дар кӯчаҳои марказии он ҳамсӯҳбат шуд, мегӯяд, ҳамаи ҳамсӯҳбатон бо умед ва интизориҳои нек соли навро пешвоз мегиранд.

"Мехоҳам мушкилоти зиндагиамон ҳал шавад"

Эмомҳасан Бобоев, як донишҷӯ аст. Мегӯяд, бештар дар фикри он аст, ки зиндагӣ дар хонаи падар беҳтар ва даромади молии оилаашон беҳтар шавад. Таъминкунандаи аслии хонаводаи Бобоевҳо падараш аст ва барномаи аслии хонаводаи онҳо ин аст, ки писари калонӣ оиладор шавад.

Эмомҳасан гуфт, "мехоҳам, ки мушкилоти зиндагиамон ҳал шавад, бародарамро хонадор кунем. Вале ин ҳама аз иқтисодиёти хонаамон вобаста аст. Дар хона танҳо падарам кор мекунад, ман ҳанӯз донишҷӯ ҳастам. Бисёр мехоҳам соли нав ин масъалаҳо дар хонаамон ҳал шаванд".

Бохтариҳо дар Соли Нав чӣ мехоҳанд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

"Фикру хаёлам танҳо муҳоҷирон аст"

Марди бознишастае, ки худро бо исми аввалаш – Абдусаттор муаррифӣ кард, 300 сомонӣ нафақа мегирад. Ӯ бовар дорад, ки бисёр мушкилот ҳалшаванда аст, аз камии нафақа шикоят надорад. Мегӯяд, ҳамаи фикру хаёлаш дар бораи ҷигарбандонаш дар Русия аст.

"Бигузор бачаҳое, ки дар Русия ҳастанд, соҳиби иззату ҳурмат бошанд. Албатта, аз бачаҳои мо ҳам вобаста аст. Масалан, модари ман рус ва падарам тоҷик аст. Ҳамаашонро эҳтиром мекунам, вале бачаҳои мо дониши хуб надоранд, русиро намедонанд ва ин барои бачаҳо мушкил эҷод мекунад".

Муҳоҷирати корӣ ба Русия василаи аслии рӯзиву даромади бисёр хонаводаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Хатлон аст. Писару додари Ҳабибабону, як дигар сокини Бохтар ҳам дар муҳоҷират ҳастанд. Як пора дилаш ҳамеша бо онҳост. Ӯ низ ба ин савол, ки дар соли нав чӣ орзу дорад, дар бораи худ нагуфт. Ӯ гуфт, орзу дорад, ки зиндагии корҷӯёни тоҷик дар Русия роҳату бемушкил бошад, "ба корфармоҳои рус инсоф диҳад ва шароити муҳоҷирон хуб шавад".

"Орзу дорем, малаъ нест шавад"

Вале Бекиҷон Эмомов, як масъули ҳукумати вилояти Хатлон, ки дар фикри беҳбуди шароити кор дар дохили Тоҷикистон аст, аз ҳамлаи малах дар заминҳои кишт дар соли 2018 бисёр нороҳатӣ кард. Ҳамлаи малахи марокашӣ, ки киштзорҳои ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро бештар асар кард, садҳҳо гектар замини кишти пахтаю гандумро нобуд ва ба кишоварзон зарари зиёде ворид кард.

Ӯ, ки мутахассиси мубориза бо ин ҳашароти зараровар аст, орзу дорад, ки кори деҳқону кишоварз бобарор бошад ва соли оянда ҳосили хуби меваву сабзавот ба даст ояд. Ӯ гуфт: "Кишоварзон аз ҳамлаи малах зарари зиёде дидаанд. Орзу мекунем малах нест шавад ва кишоварзони хатлонӣ ҳосили хубе гиранд".

Амонҷон Махкамов, як сокини дигари шаҳри Бохтарро шароити роҳу нақлиёт ва тамбашавии хиёбонҳои марказии шаҳр дар ташвиш гузоштааст. Ӯ орзу дорад, ки дар соли 2019 дар шаҳр гузаргоҳҳои зеризаминӣ сохта шаванд ва ҳаракати пиёдагардон ҳам амну роҳат шавад.

Дар идома ӯ гуфт: "Орзуи дигарам ин аст, ки дар соли оянда ҳаққи истифодаи хадамоти коммуналӣ поин оварда шавад, чун дар ин шаҳр гарон будааст. Дар Бохтар ҷойи тафреҳ ё истироҳат барои сокинон, хусусан боғчаю боғҳои истироҳатӣ кам аст".

Гулдаста орзу дорад, ки дубора издивоҷ кунад

Дар баробари орзуву ормонҳо аз беҳбуди шароити иҷтимоии зиндагӣ, сокинони Бохтар хостҳои бисёр соддаи инсонӣ ҳам доранд. Мисли Гулдаста, ки баъди чанд соли азҳампошии оилааш, бисёр мехоҳад дубора издивоҷ карда хушбахт шавад. Гулдаста мегӯяд, аз танҳо будан хаста шудааст ва мехоҳад дар синни ҷавон сари вақт шавҳари шоистае пайдо карда, соҳиби оилаи хубе шавад.

Дугонаи Гулдаста, ки нахост худро муаррифӣ кунад, бо табассум дар лаб гуфт, ки агар соли оянда ҳам саломату бедард бошад, "давлати калон аст" ва аз ин бештар ҳам намехоҳад. Ӯ гуфт, дар ҷое кор мекунад, ки даромади ғайрирасмӣ дорад, вале бо ин вуҷуд розӣ аст ва бо зиндагиаш қаноат мекунад.

То фарорасии соли нав рӯзҳои башумор мемонад. Дар баробари маркази шаҳр мақомоти маҳаллӣ дар се нуқтаи дигари Бохтар ҳам арча оро додаанд. Аксари ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, аз фазои идонаи шаҳр бисёр шод ҳастанд ва умедворанд, ки бо ҳамин рӯҳия ҳам ба соли нав қадам мемонанд.

XS
SM
MD
LG