Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи қонуни "бархӯрди манфиатҳо" дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар Тоҷикистон бори аввал тарҳи қонунеро омода кардаанд, ки ҳадафи он пешгирӣ аз амалкардҳои мансабдоронест, ки манфиатҳои хусусиашонро авлотар дониста ва қарорҳое қабул мекунанд, ки мухолифи манфиати мардум ва давлат аст.

Тарҳи мазкур "Қонун дар бораи пешгирии бархӯрди манфиатҳо дар мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" унвон дорад ва дар Оҷонсии хизмати давлатӣ ва Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон таҳия шудааст.

Мақомоти расмӣ далел меоранд, ки фарзандони мақомот мисли ҳама шаҳрвандони кишвар ҳуқуқи баробар доранд ва метавонанд, мутобиқ ба қонун ва бо назардошти малакаву маҳораташон ба мақоме дар сохторҳои давлатӣ таъйин шаванд.

Рисолат Сайфиддинова, аз шӯъбаи таъмини ҳуқуқии Оҷонсии хизмати давлатӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо тарҳи аввалияро омода кардем, ба идораву вазоратҳои дахлдор фиристодем ва сипас онро ба Оҷонсии коррупсия ирсол кардем ва онҳо дар гурӯҳи кории худ баррасӣ карданд".

Санади мазкур ба гуфтаи муаллифонаш имкон намедиҳад, ки ягон мансабдор ва ё корманди оддӣ ҳангоми иҷрои вазифа ва фаъолият дар сохторҳои давлатӣ амалеро анҷом диҳад, ки ба манфиати хусусӣ, молӣ ва тиҷоратии худаш ва ё хешовандону аъзои оилааш равона шуда бошад.

Азбаски ҳадафи ниҳоии қонун решакан кардани фасод дар Тоҷикистон ва хидмати софдилонаи мансабдорон ба мардум аст, ҳукумат аз Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хостааст, ки бо такмили санад онро то охири соли 2018 барои баррасӣ пешниҳод кунад. Дар ин оҷонсӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, корро дар ин замина анҷом додаанд ва мунтазири шарҳу эзоҳ ва эродҳои ниҳодҳои дигари давлатӣ ҳастанд.

"Таҳияи лоиҳа анҷом шудааст, аз ҷониби гурӯҳи корӣ ва барои баррасӣ ба вазорату идораҳо фиристода шудааст. Агар вазорату идораҳо эрод, ё пешниҳоде дошта бошанд, онро такмил мекунем ва сипас барои қабул ба ҳукумат мефиристем",-гуфт, Нигора Муқимӣ, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита ба ҷомеа дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.

Мафҳуми "бархӯрди манфиатҳо" ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо ин аст, ки як мақом бо истифода аз салоҳиятҳои худ аз ҷумла таъсир гузоштан дар қабули қонун, дар бораи молиёт, гумрук ё дигар навъҳои фаъолият заминаҳои ҳуқуқиро барои расидан на ба ормонҳои миллӣ, балки "ормонҳои хусусиаш" фароҳам мекунад.

Қонун барои пешгирӣ аз "бархӯрди манфиатҳо"

Дар Тоҷикистон то кунун қонуну санадҳои зиёде дар бораи фаъолияти софдилонаву беғаразонаи мақомоти давлатӣ қабул шудаанд. Бар асоси онҳо, ҳар як хизматчии давлатӣ вазифадор аст, манфиатҳои умумиро болотар аз ҳар чизи дигар гузошта ба миллату давлат хидмат кунад.

Аммо бори аввал аст, қонуне таҳия мешавад, ки заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ аз бархӯрди манфиатҳои мансабдорони тоҷик ва ҳалли баҳсҳоеро, ки дар ин масъала ба миён меояд, фароҳам месозад.

Аз ҷумла, баҳс дар бораи онро, ки оё як мансабдори тоҷик ҳақ дорад, хешованди худро ба мақоми расмии дигар таъйин намояд. Масъалае, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон як масъалаи умда ба ҳисоб меравад.

Алиакбар Абдуллоев.
Алиакбар Абдуллоев.

Банди дигар дар тарҳи қонун ин аст, ки оё хизматчии давлатӣ ҳақ дорад, аз зердасти худ тӯҳфа бигирад. Зуҳуроте, ки дар Тоҷикистон роиҷ аст ва пӯшида ҳам нест, ки кормандони як вазорат ба ягон ҷашни хурсандии вазире ҳеҷ гоҳ дасти холӣ намераванд.

Ба ҳар сурат, таҳияи нахустин Қонун дар бораи пешгирӣ аз бархӯрди манфиатҳо дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро чанде аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ як иқдоми муҳим барои мубориза бо фасод мешуморанд.

"Таҳияи санад дуруст аст, аммо набояд саросема шуд"

Алиакбар Абдуллоев, раиси Маркази ҷумҳуриявии тарғиби маърифати зиддикоррупсионӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳияи санад боиси дастгирист, вале бояд зуду саросема ва бе назари ҷомеаи маданӣ қабул нашавад.

"Агар инро фақат сохторҳои давлатӣ таҳия кунанд, яктарафа мешавад. Бисёр хуб мешавад, агар назари ҷомеаи шаҳрвандиро ба инобат мегирифтанд. Чанд ташкилоте, ки мо бо онҳо ҳамкорӣ дорем, ҳеҷ чизе дар бораи ин санад нашунидаанд",-гуфт, Алиакбар Абдуллоев ба Радиои Озодӣ.

Шокирҷон Ҳакимов.
Шокирҷон Ҳакимов.

Ба эҳтимоли ғолиб, Қонун дар бораи пешгирӣ аз бархӯрди манфиатҳо дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон соли оянда ба дасти вакилон мерасад, вале на ҳама хушбинанд, ки ин санад монеи фасод, сӯистифода аз мақом ва бархӯрди манфиатҳо дар ниҳодҳои давлатӣ мешавад.

Шокирҷон Ҳакимов, профессори улуми ҳуқуқшиносӣ, яке аз онҳост. Ӯ мегӯяд, "дар шароити Тоҷикистон ҳарчиро дар шакли санади ҳуқуқӣ навиштану сабт кардан мумкин аст, вале бинобар набудани иродаи сиёсӣ ва аз ҳамдигар вобаста будани раҳбарият дар тамоми сатҳҳо, ин масъала ҳал намешавад".

"Фарзандони мансабдорон ҳам ҳақ доранд, вазифа бигиранд"

Масъалаи бархӯрди манфиатҳо дар матбуоти Тоҷикистон борҳо матраҳ шудааст. Хабарнигорон аз ҷумла пурсидаанд, магар таъйини фарзандони раиси ҷумҳур ба мақоми раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва ба мақоми раиси шаҳри Душанбе наметавонад сабаби бархӯрди манфиатҳо шавад? Аммо мақомоти расмӣ чунин эроду интиқодро беасос хонда ва гуфтаанд, ки ин таъйинот мухолифи қонунгузориҳои Тоҷикистон нест.

Ҷумъа Давлат, раиси Оҷонсии хадамоти давлатӣ.
Ҷумъа Давлат, раиси Оҷонсии хадамоти давлатӣ.

Аз ҷумла Ҷумъа Давлат, раиси Оҷонсии хадамоти давлатӣ моҳи майи соли 2017 ба суоли як хабарнигор дар бораи то куҷо қонунӣ будани таъйини Рустами Эмомалӣ ба мақоми раиси шаҳри Душанбе гуфт, "агар касе дар оилаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуд, магар ҳуқуқи дар мансабҳо кор карданро надорад?”

Мақомоти расмӣ далел меоранд, ки фарзандони мақомоти баландпояи Тоҷикистон мисли ҳама шаҳрвандони кишвар ҳақ ва ҳуқуқи баробар доранд ва метавонанд, мутобиқ ба қонун ва бо назардошти малакаву маҳораташон ба мақомеро дар сохторҳои давлатӣ таъйин шаванд.

"Мубориза бо фасодро бархе мансабдорон пуштибонӣ накарданд"

Дар Тоҷикистон аз ин пеш ва дар соли 2018 қонуне қабул шуд, ки мансабдоронро вазифадор мекунад, ҳар сол эъломияҳои даромади худро ба ниҳодҳои дахлдор супоранд. Ҳадаф аз ин қонун ҳам пешгирӣ аз бархӯрди манфиатҳо ва ришвахорӣ дар сохторҳои давлатӣ аст.

Аммо як назарсанҷие, ки Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар бораи фасоду ришвахорӣ дар соли 2016 анҷом дод, нишон додааст, ки "баъзе аз тадбирҳои асосӣ дар самти мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон аз тарафи кормандони давлатӣ қатъиян дастгирӣ карда нашуд".

Дар ин таҳқиқ на камтар аз 55 дар сади кормандони давлатӣ гуфтаанд, розӣ нестанд, ки барои пешгирӣ аз фасодкорӣ, ки бархӯрди манофеъ ҳам ба он шомил мешавад, "гуфтӯгуҳои телефонии онҳо гӯш карда шавад, ё мукотибаи хусусии онҳоро хонанд."

XS
SM
MD
LG