Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни музокироти Абу Забӣ. Халилзод дигарбора ба Кобул рафт


Залмай Халилзод, намояндаи вижаи вазорати умури хориҷии Амрико дар умури Афғонистон шоми 19-уми декабр ба Кобул рафт то бо раҳбарони афғон дар мавриди нишасти ахир дар Абу Забӣ ва натиҷаҳои он сӯҳбат кунад.

Музокироти намояндагони Амрико ва гурӯҳи Толибон тайи се рӯзи гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб идома дошт ва дар он ба ҷуз ин ду тараф, ҳамчунин намояндагони Покистон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб низ ҳузур доштанд.

Вашинтгон таъкид мекунад, ки ҳама гуна мусолиҳа бояд байни худи афғонҳо сурат бигирад. Вале Толибон ҳанӯз гуфтугӯи мустақим бо ҳукумати Афғонистонро радд мекунанд.

Бо вуҷуди он, ки даври савуми гуфтугӯҳои мустақими Амрико ва Толибон ба натиҷаҳои мушаххасе даст наёфтааст, аммо ҳар ду ҷониб дар мавриди нишасти ахир дар Абу Забӣ ибрози хушбинӣ карда ва тавофуқ намуданд, ки бори дигар мулоқот намуда ва раванди сулоҳро такмил намоянд.

То ба ҳол маълум нест, ки даври дигар гуфтугӯҳо байни Амрико ва Толибон кай анҷом хоҳад шуд, вале хабаргузории расмии Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи чаҳоршанбеи 19-уми декабр гузориш дод, ки ин музокирот дар Абу Забӣ сурат хоҳад гирифт.

Дар Абу Забӣ чӣ гузашт?

Залмай Халилзод дар Твиттер"-и худ навиштааст, ки вай бо мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб, Афғонистон ва дигар ҷонибҳои байналмилалӣ дар мавриди раванди сулҳи Афғонистон нишастҳои муфид доштааст.

Ҳайати Толибон дар музокироти Маскав. Акс аз бойгонӣ.
Ҳайати Толибон дар музокироти Маскав. Акс аз бойгонӣ.

Як намояндаи Толибон дар нишасти Абу Забӣ ба CBS гуфтааст, дар ин нишаст дар мавриди масъалаҳое баҳс шудааст, ки дар барномаи мулоқоти оянда шомил мешавад. Аммо вай гуфтааст, ки дар ин нишаст ҳеҷ тавофуқе сурат нагирифтааст.

Толибон бо нашри як эъломия гуфтаанд, ки дар ин нишаст дар мавриди хуруҷи нерӯҳои НАТО, раҳоии зиндониён ва талафоти ғайринизомиён дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ, гуфтугӯ шудааст. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон гуфтааст, дар музокироти Абу Забӣ дар мавриди гуфтугӯ бо ҳукумати Афғонистон, ташкили ҳукумати муваққат ва интихобот баҳсҳо сурат нагирифтааст.

"Нишасти Абу Забӣ талоше барои поёни ҷанг аст"

Роберт Палладино, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 19-уми декабр дар Вашингтон ба хабарнигорон гуфт, нишасти Абу Забӣ бахше аз талошҳои Амрико барои поёни ҷанг дар Афғонистон ба шумор меравад.

Вай гуфт, "наметавонам дар мавриди ҷузъиёти баҳсҳои дипломатӣ чизе бигӯям. Намояндаи вижаи Амрико, ҳукумат ва мардуми Афғонистон ба ҳамкории наздик бо ҳама тарафҳои зидахл, ба гуфтугӯҳо идома медиҳанд, то замина барои музокироти сулҳ байни афғонҳо фароҳам шавад."

Фишор ва Покистон ва Саудӣ

Залмай Халилзода дар роҳ ба суӯи Кобул дар Покистон бо Ҷовид Қамар Баҷва, фармондеҳи артиши он кишвар мулоқот кард.
Залмай Халилзода дар роҳ ба суӯи Кобул дар Покистон бо Ҷовид Қамар Баҷва, фармондеҳи артиши он кишвар мулоқот кард.

Мақомоти амрикоӣ пайваста аз Арабистони Саудӣ ва Покистон хостаанд, ки ба Толибон фишор биоранд то ба музокироти рӯбарӯ бо ҳукумати Афғонистон ҳозир шаванд. Залмай Халилзода баъд аз нишаст дар Абу Забӣ ва қабл аз сафар ба Кобул, рӯзи чаҳоршанбеи 19-уми декабр дар Покистон бо генерал Ҷовид Қамар Баҷва, фармондеҳи артиши он кишвар мулоқот кард.

Як сухангӯи сафорати Амрико дар Кобул гуфтааст, дар ин мулоқот оқои Халилзод аз талошҳои Покистон барои ташвиқи Толибон барои музокирот бо ҳукумати Афғонистон ситоиш кардааст. Вашинтгон таъкид мекунад, ки ҳама гуна мусолиҳа бояд байни худи афғонҳо сурат бигирад. Вале Толибон ҳанӯз гуфтугӯи мустақим бо ҳукумати Афғонистонро радд кардаанд.

XS
SM
MD
LG