Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирони норозии Ҷаббор Расуловро ба бозори "Ашроф” кӯчонданд


Мақомоти ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дастикам се тоҷири норозиро дар бозори нави "Ашроф" ҷойгир кардаанд. Инҳо аз ҷумлаи тақрибан 150 тоҷире ҳастанд, ки ду сол пеш ба дадели баста шудани бозори марказии ноҳия бекор монда ва ахиран баъди талаби гиридиҳамоӣ боздошту бозпурсӣ шуданд.

Мақомот мегӯянд, ки барои ба бозори "Ашроф" кӯч додани соҳибкорони дигари муътариз як гуруҳи вежа даст ба кор шудааст.

Мақомот аз тоҷирони норозӣ хостаанд, ки мардумро ба бетартибӣ даъват накунанд ва оромии ҷомеаро барҳам назананд.

"Дар ҷои бозор ​хонаи бисёртабақа месозем"

Комил Салимзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, рӯзи 20-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "то як ҳафтаи дигар соҳибкорони бозори маркази ноҳияро бо ҷойи нав таъмин мекунем." Ӯ афзуд, бастан ва тахриби бозори марказӣ бар асоси нақшаи генералии ноҳия сурат мегирад.

“Дар ҷойи бозори басташуда биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ бунёд хоҳад шуд. Дар он сурат, танбашавии роҳ дар маркази ноҳия низ аз байн меравад”, - афзуд ӯ.

Бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов тирамоҳи соли 2016 баста шуд. Ҳукумати маҳаллӣ он вақт ба моликони дӯконҳо пешниҳод карда буд, ки ба бозори нави “Ашроф”, воқеъ дар канори шаҳраки Меҳробод, кӯчанд. Вале тоҷирон қабул накарданд.

"Додгоҳ аз қарори раиси ноҳия ҳимоят кард"

Бозори хусусии “Ашроф” соли 2013 бунёд шуда, ба сабаби дур будан аз маркази шаҳраки Меҳробод муштариёни камтар дорад. “Бозори марказӣ” тақрибан 70 сол пеш сохта шудааст.

Соҳибкорон ду сол боз тариқи додгоҳ талаб доранд, ки қарори баста шудани бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов бекор карда шавад. Ҳарчанд дар аввал Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд тарафи тоҷиронро гирифт ва қарори бастани бозори марказиро берун аз ваколати хидматии раиси ноҳия донист, рӯзи 12-уми декабр баръакс аз қарори раис ҳимоят кард.

Лола Ёқубова, вакили мудофеи шуморе аз соҳибмулкони бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, мегӯяд, бо ин қарори додгоҳ розӣ нестанд. Ӯ рӯзи 20-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “талаб дорем, ки ҳалномаи додгоҳи иқтисодӣ бекор карда шавад. Чунки раиси ноҳия ба манъи фаъолияти бозор, яъне амалан бастани он бидуни машварат бо тоҷирону соҳибкорони бозор ҳақ надорад.”

"Мақомот "ором" нагирифтанд"

Чанде пеш шуморе аз тоҷирону соҳибкорони бозор бо номаи расмие аз ҳукумати Суғд талаб карданд, ки ба баргузории гирдиҳамоӣ дар назди бинои ҳукумати вилоятӣ иҷоза бидиҳад, то арзи худро баён доранд. Вале мақомот ба далелҳое ва умдатан - ба хотири халал ворид нашудан ба баррасии баҳс дар додгоҳ ба доир кардани ҳамоиш иҷоза надоданд.

Тоҷирон аз қарори бастани бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов норозианд
Тоҷирон аз қарори бастани бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов норозианд

Вале, ба гуфтаи тоҷирони бозори басташудаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, мақомот бо ҳамин "ором" нагирифтанд. Онҳо мегӯянд, маъмурони милиса хона ба хона гашта, соҳибкоронеро, ки зери талаби гирдиҳамоӣ имзо гузошта буданд, ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурда ва бозпурсӣ кардаанд.

Як соҳибкори бозори басташудаи Ҷаббор Расулов, ки нахост номаш ошкор карда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди суҳбат ва “корҳои фаҳмондадиҳӣ” мақомоти пулис аксариятро ба хонаашон ҷавоб доданд, вале ду соҳибкор – Алишер ва Беҳзод Ҷӯрабоевҳоро то 6 рӯз дар боздоштгоҳ нигоҳ доштаанд.

"Мо фақат адолати додгоҳӣ ва ҳаққи худро бо роҳи осоишта талаб карданӣ будем. Вале бо мо чунин рафтор карданд", - афзуд ин мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Чанд мушкили ҳалношудаи тоҷирон

Радиои Озодӣ бо яке аз боздоштшудаҳо низ тамос гирифт ва асли қазияро пурсид. Вале ӯ аз ифшои ҷузъиёти боздошт ва қарори додгоҳ худдорӣ кард. Танҳо гуфт, мақомот аз онҳо хостаанд, ки мардумро ба бетартибӣ даъват накунанд ва оромиву суботро дар ҷомеа барҳам назананд.

Лола Ёқубова, вакили мудофеи шуморе аз тоҷирони бозори басташудаи Ҷаббор Расулов, мегӯяд, бо ин вуҷуд тоҷирону соҳибкорони бозори басташуда аз талабҳои худ даст накашидаанд. Ӯ мегӯяд, ҷуброн нашудани арзиши дӯкону мағозаҳои бозор ва надодани фурӯшгоҳҳои нав дар бозори хусусии “Ашроф” мушкили аслии тоҷирон аст, ки то ба ҳол ҳал нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG