Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кампулӣ ё камхӯрӣ? Харҷи сокинони Тоҷикистон барои ғизо камтар шудааст


Акс аз бойгонӣ.

Бар асоси ҳисобҳои ахири мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон, дар давоми шаш соли гузашта сокинони ин кишвар хароҷоти пулии худро барои хариди маҳсулоти ғизоӣ коҳиш дода, хариди маҳсулоти ғайриозуқаро афзоиш додаанд.

Бар асоси ҳисобҳои оморӣ, ки рӯзи 21-уми декабр дар ҷараёни ҷаласаи "соати парлумонӣ" садо дод, барои харидории ғизо соли 2011 сокинони Тоҷикистон каме бештар аз 67 дарсади даромади худро сарф мекарданд ва ин хароҷот дар соли 2017 то ба 49 дарсад коҳиш ёфт.

Феълан беш аз 80 ҳазор хонавода дар Тоҷикистон камбизоат эътироф шудаанд ва аз давлат кӯмаки иҷтимоӣ мегиранд.

Дар шарҳи ин нишондод гуфта шуд, ки бо сабаби "роҳандозӣ шудани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ бо ҳадафи таъмини адолати иҷтимоӣ дар истифодаи замин ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат", харҷи мардум ба ғизо камтар шуда, даромади боқимонда барои ҳалли камбудиҳои дигар равона шудааст.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон инро ҳамчун як таҳаввулоти мусбат арзёбӣ кард ва гуфт, ки бо вуҷуди мушкилоти иқтисодиву бӯҳрони бонкӣ дар солҳои гузашта, дастёбӣ ба ин нишондод воқеӣ аст.

Ин вакили порлумони Тоҷикистон чунин вазъро имконпазир донист ва гуфт, дуруст аст, ки интиқоли пули муҳоҷирони корӣ бо доллари амрикоӣ аз Русия коҳиш ёфт, вале ҳамзамон онҳо барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаҳои худ рубли русӣ мефиристанд.

шудааст. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон.
шудааст. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, сатҳи маош дар Тоҷикистон дар панҷ соли ахир ҳудуди 50 дарсад афзоиш ёфт, аммо арзиши ғизо панҷоҳ дарсад афзоиш наёфтааст. "Се сол қабл як килограмм гӯшт дар Тоҷикистон ҳудуди 30 сомонӣ буд. Ҳоло низ дар ноҳияҳои Фархору Восеъ гӯштро бо ин нарх метавонед харидорӣ кунед. Ё мисоли дигар, картошка ва себ тақрибан ба ҳамон нарх мондаанд. Ҳоло ин навъи маҳсулотро метавонед ба таври яклухт бар ивази як сомонӣ барои як килограмм харидорӣ кунед",-афзуд вай.

Вале мушоҳидаҳо ҳокист, ки дар пайи боло рафтани қурби асъор дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя, арзиши маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла, ғизо, ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Ҳоло на ҳар сокине тавони харидории ин маҳсулотро доро аст.

Пули камтар барои ғизо

Анвар Амирқулов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки анвои мухталифи ғизои воридотӣ умдатан дар бозорҳои шаҳрҳо ба фурӯш гузошта мешавад, вале дар минтақаҳо умдатан маҳсулоти тавлидоти дохилӣ муштариёни зиёд дорад.

Ба гуфтаи вай, дар солҳои ахир сатҳи даромади кормандон дар Тоҷикистон боло рафтааст ва гузашта аз ин, корхонаҳои зиёди тавлиди ғизо фаъол шудаанд ва зарурат барои воридоти онҳо, назири гӯшт ва тухми мурғ ё картошкаву сабзавоти дигар аз хориҷи кишвар аз байн рафтааст.

Анвар Амирқулов афзуд, ҳарчанд гуфта мешавад, ки ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони корӣ коҳиш ёфтааст, вале дар умум ҳамчунон беш аз 2 миллиард доллари муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон омадааст ва бо дарназардошти афзоиши маош дар Тоҷикистон, мардум воқеан маблағи камтареро барои харидории ғизо сарф мекунанд.

"Ин ба он маънӣ нест, ки сокинони Тоҷикистон камтар ғизо мехӯрда бошанд. Ҳоло онҳо бештар маблағи худро барои харидории ашё ва тафреҳ сарф мекунанд",- гуфт ин коршинос тоҷик.

Хонаводаҳо то куҷо ин тағйиротро эҳсос кардаанд?

Заррина Абдукаримоваи 48-сола аз вилояти Суғд мегӯяд, дар солҳои охир на бо беҳбуди шароити молӣ, балки бо камбуд рӯбарӯ шудааст. Ӯ мегӯяд, соли 2011 оилаи онҳо ҳамроҳ бо ду писараш аз чор нафар иборат буд ва мисли он солҳо шавҳараш аз муҳоҷират пул мефиристод.

Ба гуфтаи ӯ, он солҳо шавҳараш аз Русия моҳе ба ҳисоби миёна 500 доллар мефиристод ва ин пул барои пешбурди зиндагӣ ва захираи ғизо мерасид. Солҳои охир, ба гуфтаи Абдукаримова, оилаи онҳо баъди оиладору фарзанддор шудани писарҳо зиёд шуд, вале даромад беҳтар нашуд. Мушкили оилаи Абдукаримовҳо ин аст, ки ду писар ҷои кори собит надоранд ва падар аз муҳоҷирати Русия моҳе аз 300 доллар пули бештар фиристода наметавонад.

Заррина Абдукаримова 21-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи вазъи зиндагиаш гуфт, ки сол ба сол харидории ғизо барои хонаводаам душвортар шудааст. Мегӯяд, пештар дар фасли тирамоҳ ҳатман як ҷонварро забҳ карда, гӯшти онро то баҳор истеъмол мекарданд ва ҳамчунин қабл аз зимистон чанд халта орду биринҷ ва ба камиаш то сад килограмм равған мехариданд.

"Имсол чунин имкониятро надорем. Кори шавҳарам дар муҳоҷират чандон хуб нест. Фарзандонам низ дар Тоҷикистон наметавонанд ҷойи кори муносиб барои худ пайдо кунанд"-афзуд вай. Абдукаримова мегӯяд, бо ҳамин сабаб ҳам аксари кулли даромади молии хона барои хариди ғизо сарф мешавад.

Маблағ барои "рӯзи мабодо"

Вале дар оилаи дигар сокини Тоҷикистон - Шариф Саидови 38-сола аз шаҳри Бохтар, вазъи зиндагӣ дар се соли охир каме беҳбуд ёфтааст. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қаблан дар як хоҷагии деҳқонӣ машғули кишоварзӣ буд ва зиндагиаш аз ҳисоби музде чарх мезад, ки раҳбари хоҷагӣ барояш медод. Вай гуфт, ки он замон 500 сомонӣ ё ҳудуди 50 доллар маош мегирифт. Ҳоло дар як корхонаи таъмири мошин кор мекунад ва моҳе то 2500 сомонӣ маош мегирад.

Вай афзуд, ки ҳарчанд нархи ғизо ва бархе аз хадамот дар ин се сол боло рафтааст, вале маоши мегирифтааш имкон медиҳад, ки барои "рӯзи мабодо" маблағи андаке бошад ҳам хазина кунад. Вай аз он хушҳол аст, ки манзили зист дорад, вагарна ҳатто бо ин маошаш ба харидорӣ ё иҷораи манзиле имкон надорад.

Фақр чӣ ва фақир кист?

Мавзӯи шинохти хонаводаҳои фақир ё камбизоат дар Тоҷикистон дар чанд соли ахир дар пайи паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва бонкӣ дар кишвар вирди забонҳо шудааст. Тоҷикистон ҳар нафареро, ки дар як моҳ 190 сомонӣ харҷ мекунад, камбизиоат эътироф мекунад. Бо такя ба ин ҳисоб дар ҷумҳурӣ 29 дарсади аҳолӣ ва ё 2 миллиону 610 ҳазор нафар камбизоат ҳастанд.

Соли 2015 дар кишвар 31 дарсади аҳолӣ камбизоат дониста мешуд. Ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ ин рақамро то ба 27 дарсад пойин медонад. Тоҷикистон дар шинохти камбизоатон усули эътирофкардаи Бонки Ҷаҳониро намепазирад. Бонки Ҷаҳонӣ шахсеро, ки дар як рӯз камтар аз 16,7 сомонӣ (1,9 доллар) барои худ харҷ мекунанд, "сахт фақир" мешуморад.

Аммо Тоҷикистон ин меъёрро намепазирад ва камбизоатонро бинобар вазъи хонаву дар ва ҳайати оилаву мизони даромад шиносоӣ мекунад. Феълан беш аз 80 ҳазор хонавода дар Тоҷикистон камбизоат эътироф шудаанд ва аз давлат кӯмаки иҷтимоӣ мегиранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG