Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соле, ки Мӯъмин Қаноат ва Бозор Собирро аз мо рабуд. ВИДЕО


Соли 2018 Тоҷикистон шуморе аз чеҳраҳои барҷастаи адабӣ ва илмиву фарҳангии худро аз даст дод. Барои ҷомеаи фарҳангӣ ва илмиву адабӣ имсол чун солҳои 1977-1978 гарон омад -- он замон низ Тоҷикистон шахсиятҳое чун Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва Маҳмудҷон Қосимовро аз даст дода буд.

Даргузашти Мӯъмин Қаноат, як сутунҳои устувори адабиёти муосири тоҷик, дар ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун як талафоти бузург қабул шуд.

Марде, ки чун бори аввал Мирзо Турсунзода ӯро дид, гуфт, чеҳраи "шоирона" дорад ва шеърашро шунид ва ӯро ба тарбияи Боқӣ Раҳимзода супурд. Боқӣ ҳам шеърҳои достонгунаи ин мактабхонро диду аз ӯ хост ба синну сину солаш мувофиқ бинависад. Достонсаро шуд ва зиндагии ин бачаи кӯҳистонӣ ба ҳамосаи миллат мубаддал гашт.

Соле, ки Мӯъмин Қаноат ва Бозор Собирро аз мо рабуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:52 0:00

Достонҳои "Суруши Сталинград", "Оташ", "Тоҷикистон - исми ман", "Мавҷҳои Днепр", "Гаҳвораи Сино", "Ҳамосаи дод" ва "Масъуднома" аз килки Муъмин Қаноат берун омаданд. Марде, ки овозаи шоириаш фаротар аз марзҳо рафт ва шамими шеъраш офоқро атрогин кард.

Мӯъмин Қаноат чун инсони ҷасуру якрӯ ва шоири сахтгӯ дар хотирҳо монд. Ӯ рӯзи 18-уми май аз ин дунё рафт ва як рӯз баъд дар оромгоҳи Лучоб дар паҳлӯи шогирдаш Бозор Собир сар ба болини хок ниҳод.

Бозор Собире, ки овони шӯравӣ ба хотири навгӯияш таъқиб мешуд ва бо кӯмаки Мӯъмин Қаноат мераҳид. Бозор Собир аз устоди худ чизҳое гирифту бар он афзуд.

Ин буд, ки ҳамчун шоири иҷтимоӣ ва сиёсӣ сабзид. Шоире, ки чун ӯ дар сиёсат набуду чун ӯ аз сиёсат нарафт ва барнагашт. Бозор Собир, шоири ҳангомаҳо 1-уми май дар Сиэттли Амрико дунёро падруд гуфт ва 14-уми май дар Душанбе дафн шуд.

Олиме, ки аз баёни ҳақиқат натарсид

Бепарда гуфтан фалсафаи эҷоди таърихнигори шинохтаи тоҷик Раҳим Масов буд, ки қалби ӯ 21-уми июн дар Душанбе аз ҳаракат монд. Ӯ бори аввал аз табартақсим гуфту барои миллати тоҷик сафҳаҳои торики таърихро рӯшан кард.

Чун таърихнигори шӯравӣ набояд тақсимати ҳудудии он даврро интиқод мекард, аммо ӯ чун олими меҳанпараст натавонист аз баёни ҳақиқат рӯ тобад.

"Рӯдакӣ"-и саҳнаи тоҷик

Нақши нахустини ӯ Ибни Сино буд. Солҳо чеҳраи ӯ аз девори синамо ба тамошобин эҳсоси наҷиб ва гуногун мебахшид. Ӯро дар симои Рӯдакӣ месутуданд, аз нерӯи аҳриманӣ дар достони Коваи Оҳангар меҳаросиданд.

Ӯ вақте нақш меофарид, ба тамоми вуҷуд дода мешуд, сенария менавишт, мегуфт, эҷод мекард, филм меофарид. Чунин буд, Марат Оифов -- ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки 29-уми октябр дар Душанбе, дар 84-солагӣ ба ин олам хайрбод гуфт.

Ҳар яке аз ин рафтагон барои ин миллат, фарҳанг ва адабиёт аз худ меросе боқӣ гузоштанд... Ёди некашон гиромӣ бод!

XS
SM
MD
LG