Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Туркия


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 16-ум то 26-уми октябри соли оянда доир мегардад, бо тими миллии футзали Туркия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Туркия рӯзҳои 9-ум ва 10-уми январ дар шаҳри Эрзинҷон баргузор мешаванд.

Зимнан, соли гузашта дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Туркия чор бозии дӯстона анҷом дода буданд. Моҳи феврали соли 2017 ҳарду бозии дӯстона дар шаҳри Яловаи Туркия бо пирӯзии мизбонон бо натиҷаҳои 5:4 ва 3:2 хотима ёфт.

Баъдан моҳи декабри соли гузашта тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркия дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», боз ду бозии дӯстона доир карданд. Бозии аввал бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дувуми дӯстона аз тими миллии Туркия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамони футзали Осиё дар Тайбэйи Чин дар гурӯҳи “В” бо се имтиёз ҷойи севумро гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев дар ду бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз тимҳои миллии Ҷопон ва Узбекистон бо ҳисоби якхелаи 2:4 шикаст хӯрда, дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.

Бояд тазаккур дод, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё ҳамагӣ даҳ бор иштирок кардааст (солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012, 2014, 2016 ва 2018).

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон ин роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2007 мебошад, ки дар Ҷопон барпо гардида буд.

XS
SM
MD
LG