Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи 24 даста барои Ҷоми Осиё-2019. Вале бе мунтахаби Тоҷикистон


Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол аз 5-уми январ то 1-уми феврал дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа - доир мегардад. 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқот ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст:

Гурӯҳи А: Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн;

Гурӯҳи В: Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун;

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин;

Гурӯҳи D: Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман;

Гурӯҳи E: Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Кореяи Шимолӣ;

Гурӯҳи F: Ҷопон, Узбекистон, Умон, Туркманистон.

Бар асоси дастури Ҷоми Осиё-2019 дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро мегиранд, инчунин чор дастаи нишондодҳояш беҳтар дар байни шаш дастаи дар гурӯҳҳо ҷойҳои сеюмро ишғолнамуда ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд.

Маблағи умумии ҷавоизи Ҷоми Осиё-2019 14,8 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ба таври зайл тақсим мешавад:

5 миллион доллар - барои ғолиби мусобиқот;

3 миллион доллар - барои финалист;

1 миллион долларӣ - барои дастаҳое, ки дар нимфинал мағлуб мешаванд.

Ба ҳамаи 24 дастаи мунтахаб, ки дар Ҷоми Осиё-2019 ширкат меварзад, 240 000 долларӣ тақдим мегардад.

Тимҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон аз ҳама бештар -14-борӣ – дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки барои бори 17-ум доир мешавад, иштирок мекунанд. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Филиппин ва Яман барои аввалин бор ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё мушарраф шудаанд.

Бояд тазаккур дод, аз минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ пайдо накард. Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи худ ягон бор дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат наварзидааст.

Дастаҳои мунтахаби Узбекистону Туркманистон ҳамроҳи тимҳои миллии Умону Ҷопон ба гурӯҳи “F” шомиланд. Мунтахаби Узбекистон бори ҳафтум ва мунтахаби Туркманистон бори дувум дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё ширкат меварзанд.

Мунтахаби Қирғизистон, ки бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифтааст, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Филиппин рақобат мекунад.

Тақвими Ҷоми Осиё-2019

5-уми январ

ИМА – Баҳрайн

6-уми январ

Австралия - Урдун

Тайланд - Ҳиндустон

Сурия - Фаластин

7-уми январ

Чин - Қирғизистон

Кореяи Ҷанубӣ - Филиппин

Эрон - Яман

8-уми январ

Ироқ - Ветнам

Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ

9-уми январ

Ҷопон - Туркманистон

Узбекистон - Умон

Қатар - Лубнон

10-уми январ

Баҳрайн - Тайланд

Урдун - Сурия

Ҳиндустон - ИМА

11-уми январ

Фаластин - Австралия

Филиппин - Чин

Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ

12-уми январ

Ветнам - Эрон

Яман - Ироқ

Лубнон – Арабистони Саудӣ

13-уми январ

Кореяи Шимолӣ - Қатар

Умон - Ҷопон

Туркманистон - Узбекистон

14-уми январ

ИМА - Тайланд

Ҳиндустон - Баҳрайн

15-уми январ

Австралия - Сурия

Фаластин - Урдун

16-уми январ

Кореяи Ҷанубӣ - Чин

Қирғизистон - Филиппин

Эрон - Ироқ

Ветнам - Яман

17-уми январ

Умон - Туркманистон

Ҷопон - Узбекистон

Лубнон – Кореяи Шимолӣ

Арабистони Саудӣ - Қатар

1/8 финал. 20-уми январ

1B - 3ACD

2A - 2C

1D - 3BEF

1/8 финал. 21-уми январ

1F - 2E

2B - 2F

1A - 3CDE

1/8 финал. 22-юми январ

1C - 3ABF

1E - 2D

1/4 финал. 24-уми январ

Ғолиби 1B/3ACD - Ғолиби 1F/2E

Ғолиби 2A/2C - Ғолиби 1D/3BEF

1/4 финал. 25-уми январ

Ғолиби 1C/3ABF - Ғолиби 1E/2D

Ғолиби 1A/3CDE - Ғолиби 2B/2F

Нимфинал. 28-уми январ

Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 1

Нимфинал. 29-уми январ

Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал

Ғолиби нимфинали 1 - Ғолиби нимфинали 2

XS
SM
MD
LG