Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни баҳси 13 сокини Ҳисор бо хонаводаи домулло Абдураҳмон


Бинои Додгоҳи шаҳри Ҳисор

Додгоҳи Ҳисор охири моҳи декабри соли 2018 ба даъвои 13 сокини ин шаҳр алайҳи хонаводаи домулло Абдураҳмон Сафаралиев нуқта гузоштааст. Абдуғанӣ Абдураҳимов, як мақоми собиқи шаҳри Ҳисор ва дувоздаҳ ҳамроҳи ӯ, иддао доштанд, ки хонаводаи Абдураҳмон Сафаралиев дар гузашта узви Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн ва ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ буда, "ҳанӯз ҳам вазъияти сиёсии шаҳри Ҳисорро халалдор мекунанд". Онҳо ба унвони мисол гуфтаанд, Сафаралиевҳо дар робита ба қатли падарашон пайваста зидди мақомоти собиқ ва аъзои пешини Фронти Халқӣ дар Ҳисор даъво пеш меоранд, дар ҳоле ки додгоҳ тасдиқ накардааст.

  • Дар шикояти сездаҳ сокини шаҳри Ҳисор фарзандони Абдураҳмон Сафаралиев, инчунин, "ба гаравгонгирӣ дар солҳои навадум" муттаҳам шудаанд. Худи Абдураҳмон Сафаралиев дар соли 1993 аз тарафи афроди ношинос кушта шудааст.
Номи фарзандамро дар солҳои 80-ум, замони пойбарҷоии Шӯравӣ "Муҷоҳиддин" гузошта будам ва ҳеч рабте ба мухолифони солҳои 1990 надорад

"Даъво асоси худро наёфт"

Додгоҳи Ҳисор даъвои сездаҳ сокини ин шаҳрро бар асоси Кодекси мурофиаи гражданӣ ё шаҳрвандӣ баррасӣ карда, баъди тасдиқ нашудани далелҳо, Абдуғанӣ Абдураҳимовро барои расондани зарари маънавӣ ду ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Ҷамила Саркорова, вакили мудофеи хонаводаи Сафаралиевҳо, рӯзи 3-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи Ҳисор ҳалномаи худро дар охири моҳи декабри соли 2018 содир кард. Саркорова гуфт, ки дар ҳалнома 13 даъвогар "узви пешини Фронти Халқӣ" ном бурда шудаанд.

Абдураҳмон Сафаралиев
Абдураҳмон Сафаралиев

"Пурсиши шоҳидон ва сокинони шаҳри Ҳисор, ки дар солҳои 1992-94 дар масъулият буданд, собит кард, ин хонавода аслан ба чунин амалҳо даст назадааст. Дар вақти қироати ҳалнома тарафи даъвогар Абдуғанӣ Абдураҳимов иштирок дошт, вале гап назад”, - гуфт ӯ.

Ба иттилои ҷониби ҳимоя, дар ҳоли ҳозир яке аз фарзандони Абдураҳмон Сафаралиев узви Ҳизби коммунист ва дигаре узви Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон ҳастанд.

"Ба ин масъала халқ баҳо медиҳад"

Абдуғанӣ Абдураҳимов, тавре дар аризаи худ ба додситонӣ зикр кардааст, дар соли 1992 ба ҳайси сардори шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои ҳукумати Ҳисор фаъолият доштааст. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ба ин масъала халқ баҳо медиҳад" ва ҳозир нашуд аз ин бештар суҳбат кунад.

Бадриддин Сафаралиев
Бадриддин Сафаралиев

Бадриддин Сафаралиев, яке аз фарзандони Абдураҳмон Сафаралиев мегӯяд, ҳеч вақт узви ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ набуд ва нест. "Ман узви Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳастам ва ҳаққи узвият ҳам месупорам", - афзуд ӯ.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, мақомот ва додгоҳ ба ҳангоми сар задани чунин даъвоҳо бояд нисбат ба ҳар фард мунсифона ва одилона бархӯрд кунанд, "зеро як иштибоҳ метавонад як хонаводаро ба мушкил рӯ ба рӯ кунад".

Ҳикматулло Саидиён, муовини собиқи раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, "то ҷое медонам, дар ноҳияи Рашт ҳамин гуна ҳолат рух додааст. Баъзе афрод як нафарро ба ҳамкорӣ бо мухолифини пешин ва ҷараёни мамнӯи мазҳабии Салафия пайванд дода, ба додгоҳ кашондаанд. Ин шеваи кор писандида нест. Бояд ҷиддӣ таҳқиқ кунанд, вагарна ҳар кас метавонад аз чунин иттиҳомҳо сӯиистифода кунад".

"Айби ман ин аст, ки писарам Муҷоҳиддин ном дорад"

Ҳикматулло Саидиён
Ҳикматулло Саидиён

Коршиносон тахмин мезананд, ки баъзе афрод шояд барои интиқом ваё "халосӣ" аз мунтақидон, онҳоро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ муттаҳам мекунанд.

Нуралӣ Қурбонов, як сокини ноҳияи Файзобод, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар баҳси заминҳои чарогоҳ дар додгоҳи ноҳия тарафи муқобил дар аризаи худ зикр кардааст, ки номи фарзандаш “Муҷоҳиддин” аст ва ин номро гӯиё ба хотири муҳаббаташ ба собиқ Иттиҳодияи мухолифин гузоштааст. Вай рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири номи “Муҷоҳиддин” дар баҳси додгоҳии 100 гектар замини чарогоҳ мағлуб шуд.

“Ҳамаи санадҳоро дорам. Чандин сол чарогоҳ дар ихтиёри ман буд. Ҳоло аз ман гирифтанд. Дар ҳоле ки номи фарзандамро дар солҳои 1980-ум, замони пойбарҷоии Иттиҳоди Шӯравӣ гузошта будам ва ҳеч рабте ба мухолифони солҳои навадум надорад”, - афзуд ӯ.

Дар ҳоли ҳозир оморе, ки додгоҳҳо ва мақомоти интизомии Тоҷикистон ба ин мазмун чӣ қадар аз аризаҳоро баррасӣ кардаанд, вуҷуд надорад. Вале коршиносон мегӯянд, дар чанд соли охир чунин даъвоҳо афзудааст ва ҳар касе аз хатти кашидаи мақомот берун пой ниҳод ё "душмани халқ" мешавад, ё "ғуломи хоҷаи хориҷӣ".

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG