Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Бадахшон: "Тоҳир Мамадбоқиров дар боздошт мемонад" ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон гуфт, ки Тоҳир Мамадбоқиров, бародари Мамадбоқир Мамабоқиров, дар боздошт мемонад ва дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод. Ӯ рӯзи 3-юми январ бо ҷурми "авбошӣ" ва гаштугузор бо мошини сиёҳшиша дастгир шуд.

Масъалаи боздошти Тоҳир Мамадбоқиров рӯзи 4-уми январ дар ҷаласаи ҳукумати вилоят баррасӣ шудааст. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати вилоят, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бегоҳи 3-юми январ баъди дастгир шудани Тоҳир Мамадбоқиров баъзе ҳамдастони ӯ дар атрофи постгоҳи БДА ҷамъ шуда, талаб карданд, то ӯ озод шавад. Кормандони пулис посухи қатъӣ доданд, ки Тоҳир Мамадбоқиров озод карда намешавад ва барои амалкардҳояш дар доираи қонун посух хоҳад дод."

Ниятбеков гуфт, пас аз ин, таҷаммӯъгарон пароканда шуданд Тоҳир Мамадбоқиров феълан дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ нигаҳдорӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони шаҳри Хоруғ мегӯянд, вазъ дар шаҳр муътадил аст. Зубайда Раҷабова, як сокини шаҳри Хоруғ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вазъият дар шаҳр ором аст ва мардум аз паси кори худанд."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҳукумати Бадахшон: "Тоҳир Мамадбоқиров дар боздошт мемонад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

"Тоҳир Мамадбоқиров барои авбошӣ боздошт шуд"

Аз ин пеш, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошти Тоҳир Мамадбоқиров, бародари Мамадбоқир Мамадбоқировро расман тасдиқ кард. Мақомоти вазорат гуфтанд, Тоҳир Мамадбоқирови 53-сола аз соли 2014 бо иттиҳоми авбошӣ таҳти пайгард қарор дошт.

Назари наздикони Тоҳир Мамадбоқиров то ҳол дар бораи ин ҳодиса дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо дар ин бора чӣ мегӯянд.

Ба қавли манбаъ, "ӯ бар иловаи таҳти пайгард қарор доштан, бо мошини сиёҳшиша дар кӯчаҳои Хоруғ гаштугузор мекард, дар ҳоле ки иҷоза надошт. Инчунин, нисбат ба кормандони милиса дағалӣ нишон дод".

"Бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад"

Мақомоти Вазорати умури дохилӣ гуфтанд, баъзе хешу табор ва рафиқони Тоҳир Маҳмадбоқиров дар назди Шӯъбаи корҳои дохилии Хоруғ ҷамъ шуда, талаб доранд, ӯ раҳо шавад. "Лекин то замоне ки дар назди қонун ҷавоб нагӯяд, раҳо карда намешавад",-гуфтанд дар ВКД.

Назари наздикони Тоҳир Мамадбоқиров то ҳол дар бораи ин ҳодиса дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо дар ин бора чӣ мегӯянд. Қаблан як манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҳир Мамадбоқиров рӯзи 3-юми январ дар маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ боздошт шуд, аммо гуруҳе аз ҷавонҳо хостаанд, ки мақомот ӯро озод кунанд.

Аксҳо аз Хоруғ. Боздошти бародари Мамадбоқир Мамадбоқиров

Аз ин пеш, моҳи октябри соли 2018 мақомоти интизомии Тоҷикистон дар як навори видеоӣ Мамадбоқиров Тоҳир Карамалишоевичро ба монеагузорӣ дар кори дидбонгоҳҳои Хоруғ муттаҳам карда ва гуфта буданд, ки нисбат ба ӯ ва афроди дигар "чора андешида хоҳад шуд". Ҳоло маълум нест, ки боздошти ӯ ба ин қазия рабт мегирад ва ё ҳодисаи дигаре дар миён аст.

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон Мамадбоқир Мамадбоқировро "аз саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ" дар Хоруғ ном бурда буданд. Баъдан ӯ зери огоҳиномаи додситонӣ имзо гузошт, ки "гуруҳҳои ҷиноиро раҳбарӣ намекунад, намояндаи ҳукуматро таҳқир наменамояд, авбошӣ намекунад ва ба қочоқи маводи мухаддиру силоҳ машғул намешавад".

"Рейд"-ҳо дар Бадахшон дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон

"Рейдҳо" дар маркази вилояти Бадахшон аз моҳи сентябри соли 2018, замоне ки президент Эмомалӣ Раҳмон аз беназмиҳои, ба қавли ӯ, "чор ҷинояткор" дар Хоруғ норозигӣ кард, идома дорад. Интиқоди президент боис ба тағйироти кадрӣ дар сатҳи раҳбарияти маҳаллӣ ва ҳам сохторҳои қудративу додгоҳӣ шуд.

Дар баробари ин, дар Бадахшон амалиёти назорат аз тартибот, аз ҷумла, ҷамъоварии силоҳ ва ҳам ошкоркунии мошинҳои сиёҳшишаи бидуни иҷозат ба роҳ монда шуда, чанд постгоҳ ё дидбонгоҳои мақомоти умури дохилӣ фаъол гардид.

Сокинон чанд дафъа аз вуҷуди постгоҳҳо эътироз карданд. Вале ҳукумати вилояти Бадахшон дар охири соли 2018 аз вуҷуди постгоҳҳои махсус ҳимоят кард ва гуфт, "дидбонгоҳҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Роштқалъа сабаб шудааст, ки ҳаракати мошинҳои сиёҳшишаи ғайриқонунӣ ва бе рақам аз байн биравад".

XS
SM
MD
LG