Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нэнсӣ Пелоси раиси Маҷлиси намояндагони Амрико шуд


Нэнси Пелоси, раҳбари ҷиноҳи демократҳо рӯзи панҷшанбеи 3-юми январ ба унвони раиси нави Маҷлиси Намояндагони Амрико интихоб шуд. Вай тавонист 220 раъйи 435 узви ин маҷлисро ба даст биорад. 15 намояндаи Ҳизби демократ ҳам ба вай раъй надоданд.

Пелоси дар суханронии худ пас аз пирӯзӣ ваъда дод, "ваҳдатро ба ҳукумат бармегардонад, то мардум мутмаин шаванд, ки ҳукумат дар хизмати манфиатҳои мардум хоҳад буд, на дар хизмати манфиатҳои хос."

Бахши дигаре аз тарҳҳои демократҳо ҷудо кардани будҷа ба вазорати умури дохилӣ, кишоварзӣ, рушди шаҳрӣ ва дигар идораҳои давлатӣ аст, ки қисмате аз фаъолияти онҳо қатъ шудааст.

Ин дувумин бор аст, ки хонум Пелоси ба раёсати Маҷлиси намояндагон баргузида мешавад. Вай байни солҳои 2007 то 2011 низ ин мақомро ба ӯҳда дошт. Пас аз он ҷумҳурихоҳон ба муддати ҳашт сол аксарияти ин маҷлисро дар ихтиёр гирифтанд.

Демократҳо дар интихоботи соли 2018 тавонистанд аксарияи курсиҳои Маҷлиси Намояндагони Амрикоро аз худ кунанд, вале ҷумҳурихоҳон аксарияташонро дар Сенат ҳифз карданд. Ҷаласаҳои оддии Конгресси Амрико бо ширкати намояндагони нав аз рӯзи панҷшанбеи 3-юми январ оғоз шуданд.

Оғози кори Конгресс, идома бунбаст дар давлат

Конгресси Амрико дар ҳоле ба фаъолияти худ оғоз кард, ки аз 13 рӯз ба ин тараф кори ҳукумат қисман қатъ ё ба истилоҳ "шатдаун" шуда ва то ҷудо шудани пул барои бунёди девор идома меёбад. Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", демократҳо дар Маҷлиси Намояндагони тарҳи худро барои оғози фаъолияти идораҳои давлатӣ омода мекунанд ва ҳамзамон Доналд Трамп онҳоро муттаҳам кард, ки бинобар интихоботи президентии соли 2020, машғули сиёсатбозӣ ҳастанд.

Ба назар мерасад, ки ду тараф дар мавриди тақозои раиси ҷумҳури Амрико барои миллиардҳо доллар барои бунёди девор дар марзи Мексика ба бунбаст рӯбарӯ шудаанд. Раҳбарони Конгресс қарор аст рӯзи ҷумъа барои ҳалли ин мушкил бо Доналд Трамп мулоқот намоянд. Хонум Пелоси гуфтааст, ки бидуни мувофиқати ҷудо кардани будҷа барои девори марзӣ, тарҳҳои вобаста ба оғози фаъолиятҳои идораҳои давлатӣ қабул хоҳад шуд.

Вай дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии NBC, ки рӯзи панҷшанбе пахш шуд, гуфт, "ӯ (Трамп) ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад моро ба тасвиби будҷа қонеъ кунад. Ин мавзӯъ метавонад борҳо такрор шавад, вале посухи мо ҳамеша манфӣ хоҳад буд."

"Демократҳо сиёсатбозӣ мекунанд"

Доналд Трамп низ рӯзи панҷшанбе дар вокуниши худ, демократҳоро ба сиёсатбозӣ муттаҳам кард. Ӯ дар сафҳаи твиттерии худ навишт, "сабаби қатъи кори идораҳои давлатӣ фақат интихоботи соли 2020 аст. Демократҳо ба хубӣ медонанд, ки ба хотири дастовардҳои даврони Трамп дар интихобот пирӯз нахоҳанд шуд ва ба ҳамин хотир, онҳо ба ҳар васила бо девор ва амнияти марзӣ мухолифат карда ва ба фишорҳои худ ба раиси ҷумҳур идома медиҳанд."

Яке аз тарҳҳои демократҳо барои поёни қатъи фаъолияти идораҳои давлатӣ, қабули лоиҳае барои будҷаи вазорати амнияти ватанӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард доллар ба амнияти марзҳо аст. Ин рақам аз будҷае, ки Доналд Трамп барои сохтани девори марзӣ тақозо кардааст, бисёр камтар аст.

Бахши дигаре аз тарҳҳои демократҳо ҷудо кардани будҷа ба вазорати умури дохилӣ, кишоварзӣ, рушди шаҳрӣ ва дигар идораҳои давлатӣ аст, ки бахшҳое аз фаъолияти онҳо қатъ шудааст. Бо тасвиби ин тарҳҳо, будҷаи ин идораҳои давлатӣ то поёни соли молии ҷорӣ, яъне охири моҳи сентябри соли 2019 таъмин хоҳад шуд.

Кохи Сафед ин пешниҳоди демократҳоро радд карда ва ҷумҳурихоҳон, ки Сенатро дар контрол дорад, дар қабул шудани ин тарҳ бидуни мувофиқати Доналд Трамп шакк доранд. Доналд Трамп дар остонаи музокироти рӯзи ҷумъа бо аъзои Конгресс, гуфт, қатъи фаъолияти бахше аз идораҳои давлатии Амрико то замони қабули будҷаи девори марзӣ идома хоҳад ёфт. Ӯ дар суханони худ бори дигар хатари убури таҷовузгарон ва дигар қонуншиканҳо аз марз бо Мексикаро такрор кард.

XS
SM
MD
LG