Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми бародарзодаи муфтии Тоҷикистон тағийр ёфт. ВИДЕО


Айбномаи Муҳтадӣ Абдулқодиров, бародарзодаи муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, аз "ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ" ба "барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ", иваз карда шудааст.

  • "Ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ" (қисми 2, замимаи 3-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ) аз панҷ то ҳашт соли зиндонро дар назар дорад. "Барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ" (қисми яки моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Тайи солҳои охир дар кишвар беш аз 700 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни “Салафия” боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Танҳо аз аввали имсол алайҳи беш аз 160 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз ин ҷараёни мамнӯи мазҳабӣ парванда боз гардидааст.

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон парвандаи Муҳтадӣ Абдулқодировро бо иттиҳоми "барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ” ниҳоӣ карда, барои баррасӣ ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фиристодаанд.

Дар котиботи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи Абдулқодиров ба шуъбаи умумии додгоҳ дастрас шуд, "вале ҳанӯз баррасии он оғоз наёфтааст". Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки "рӯзҳои наздик додраси парванда мушаххас карда хоҳад шуд".

Бародарзодаи муфтии Тоҷикистон дар додгоҳ муҳокима мешавад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:07 0:00

Пайвандони Муҳтадӣ Абдулқодиров мегӯянд, таҳқиқи парванда мунсифона сурат мегирад ва интизор ҳастанд, ки нисбат ба ӯ қарори одилона содир хоҳад шуд.

То ба ҳол мақомоти Тоҷикистон иттиҳоми Муҳтадӣ Абдулқодировро расман шарҳ надодаанд. Вале манобеи огоҳ мегӯянд, Абдулқодиров ҳанӯз соли 2013 ба пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" муттаҳам шуда буд ва боздошташ ба ҳодисаи панҷ соли пеш бармегардад. Ӯ тайи панҷ соли охир дар хориҷ аз кишвар мезист.

Фаъолияти ҷараёни тозапайдои "Салафия" дар қатори 16 ҳизбу созмони дигар, аз ҷумла "Ал-Қоида", “Ҳизби исломии Туркистон”, “Ансоруллоҳ” ва гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2016 ба ин тараф дар кишвар як ситоди вижаи мубориза бо “Салафия” низ амал мекунад.

Тайи солҳои охир дар кишвар беш аз 700 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни “Салафия” боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Танҳо аз аввали имсол алайҳи беш аз 160 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз ин ҷараёни мамнӯи мазҳабӣ парванда боз гардидааст.

Дар миёни онҳое, ки бо ҷурми пайравӣ аз “Салафия” боздошту зиндонӣ шуданд, чанде аз имом-хатибони масоҷиди кишвар ҳам ҳастанд.

Дар як ҷаласаи порлумон дар моҳи ноябри соли гузашта мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки дар солҳои 2016 - 2017 беш аз 20 имом-хатиб бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ дастгир шуданд, ки 9 нафари онҳо узви созмони “Салафия” будаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG