Пайвандҳои дастрасӣ

Имтиёзҳои нави ҳукумат ба силшиносони тоҷик. ВИДЕО


Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли норасоии шадиди мутахассисони силшинос ва мубориза бо ин беморӣ, барои табибони ин соҳа имтиёзҳои нав ҷорӣ кард.

Тибқи қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кард, табибоне, ки ба муолиҷаи беморони сил машғуланд, аз маоши баландтару исттироҳати бештар бархӯрдор хоҳанд буд. Соати корӣ барои кормандони бахши сил коҳиш ёфт.

Теъдоди гирифторони сил дар Тоҷикистон беш аз панҷ ҳазор гуфта мешавад, аммо инҳо танҳо нафаронеанд, ки бемории худро ба табибон ошкор кардаанд.

Дар қарори ҳукумат, ки нусхаи он рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ дастрас шуд, омадааст, ки маоши табибони силшинос 100 дарсад боло рафта, онҳо бояд дар як ҳафта на бештар аз 35 соат кор кунанд. Ба ғайр аз ин, рухсатии иловагӣ ва истифодаи имтиёзноки истироҳатгоҳҳо кафолат дода шудааст.

Бар асоси ин қарор, агар табиб аз бемории сил фавтад, аъзои оилааш то ба балоғат расидани фарзандон зери парастории давлат қарор мегирад ва то ба воя расидани кӯдакон, маошаш ба хонаводааш сад фоиз пардохт мегардад.

"Умедворем баъди ин қарор, мутахассисон бармегарданд"

Масъулони соҳаи тибби кишвар мегӯянд, пешниҳоди чунин имтиёз барои силшиносони тоҷик бори нахуст буда, ин хабар умеди масъулинро барои баргардонидани даҳҳо табиби силшинос, ки тарки соҳа карда, ба хориҷа рафтаанд, бештар мекунад.

​Бобоҷон Пирмуҳаммадзода, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил.
​Бобоҷон Пирмуҳаммадзода, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил.

​Бобоҷон Пирмуҳаммадзода, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил рӯзи 9-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, имтиёзҳо бо таваҷҷӯҳ ба вазъи иҷтимоии табибони силшинос, рафтани табибон аз ин соҳа, норасоии кадр ва эҳтимоли гирифтор шудани худи табибон ба бемории сил, пешбинӣ шудааст.

Оқои Пирмуҳаммадзода афзуд, дар се соли ахир беш аз 90 табиб ҳангоми муолиҷаи беморони сил ба ин беморӣ гирифтор шудаанд ва вақте мутахассион ба ин соҳа ҷалб мешаванд, албатта сари ин паҳлӯи масъаларо низ фикр мекунанд. Ҳамсӯҳбатамон гуфт, дар бахши табобати бемориҳои сил дар маҷмӯъ 580 штати корӣ муқарра шудааст, аммо ба табаботи ин маризӣ ҳамагӣ 258 нафар табиб сарукор мегиранд.

"Бубинед, чӣ қадар мутахассис намерасад, мутахассиони хуб ба хориҷа ва ба лоиҳаҳои ғайридавлатие, ки он ҷо маоши беҳтар аст, рафтаанд. Мо интизорем, ки баъди беҳтар гардидани шароити кори табибони силшинос, онҳо бармегарданд",-афзуд муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил.

Ҳукумат ба табибони силшинос имтиёзҳои нав дод
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:00 0:00

Бобоҷон Пирмуҳаммадзода, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил мегӯяд, феълан дар Тоҷикистон 71 маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил фаъолат мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар баробари марказҳо, ҳамчунин беморхонаҳо барои муолиҷаи бемориҳои сил низ фаъолият доранд, ки шумораашон беш аз 20 ададро ташкил медиҳад.

Ӯ афзуд, дар марказу беморхонаҳо бо дастгирии шарикони рушд усулҳои ташхису табобат ва назорати беморон ройгон пешбинӣ шудааст. Бобоҷон Пирмуҳаммадзода иброз дошт, ки дар баъзе навоҳии кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои Темурмалик, Лахш, Хуросон, Носири Хусрав ва Мӯъминобод табибони силшинос вуҷуд надоранд ва беморонро ҳамшираҳо, кормандони миёнаи тиб дар беморхонаҳо қабул ва назорат мекунанд.

Чаро табибони силшинос тарки кор мекунанд?

Чан тан аз табибоне, ки ба муолиҷаи бемориҳои сил машғуланд, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки хатари гирифтор шудан ба ин беморӣ ва шароити номусоиду камии маош, ангезаи онҳоро ба кор дар ин бахш коҳиш медиҳад.

Тоҷиддин Касиров, силшинси тоҷик, ки таҷрибаи 14 солаи корӣ дорад мегӯяд, чанд бор тасмими аз кор рафтан дар зеҳнаш пайдо шуд, аммо ба умеди рӯзе беҳтар шудани вазъ,дар кораш мондааст.

"Воқеан сил бемории хатарнок аст. Барои он, ки роҳҳои гузариши он ба воситаи ҳаво аст. Ҳар табиб метавонад ба ин беморӣ гирифтор шавад, агар қоидаҳои беҳдоштиро риоя накунад. Ҳамроҳи рафиқон, ҳамкасбон сӯҳбатҳо доштем, ки шояд ба хориҷи кишвар рафта зинадгиямонро беҳтар кунем. Ҳатто буданд ҳолатҳое, ки ҳамкасбони мо ба Русия рафтанд, тарки кор карданд",-афзуд вай.

​Касиров бо назардошти он, ки мутахассиси дараҷаи олӣ аст ва таҷрибаи зиёди корӣ дорад, 1132 сомонӣ маош мегирад, вале маоши миёнаи табибони силшинос 600 сомониро ташкил медиҳад.

Ин табиби силшинос мегӯяд, ҳамарӯза то 10 нафарро қабул мекунад ва медонад, ки камтарин иштибоҳ ҳангоми кор бо беморони сил, метавонад саломатияшонро зери суол барад. Тоҷиддин Касиров аз хабари пешниҳоди имтиёзҳо ба силшиносон изҳори хушҳолӣ намуда, гуфт, ин тасмимест, ки онҳо солҳо боз интизораш буданд.

Масъулони Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил мегӯянд, боло бурдани маоши силшиносон ва ироаи имтиёзҳои дигар масъалаест, ки бояд соли 2006 амалӣ мешуд, аммо бо далели вазъи нохуби молӣ ин кор ба таъхир уфтод.

​Тоҳир Туманов, сардори беморхонаи бемориҳои сили шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, боварӣ дорад, бо беҳтар шудани шароити кори табибони силшинос, афроде, ки ин корро тарк кардаанд, дубора ба кори худ бармегарданд.

Бемории табобатшаванда ва табобати ройгон

Сил бемории, ба қавли мутахассисон сироятӣ, вале табобатшаванда буда, табобати он дар Тоҷикистон ройгон пешбинӣ шудааст. Бино ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил, мубтало шудани сокинон ба ин беморӣ коҳиш ёфта истодааст. Ба иттилои манбаъ, агар соли 2017ба 100 ҳазор аҳолӣ 58,6 мавриди гирифтори бемории сил рост меомад, соли 2018 бошад ба 57 маврид расидааст.

Баъзе табибони тоҷик бемории силро иҷтимоӣ меноманд ва мегӯянд ба ин касали асосан мардуме гирифтор мешаванд, ки шароити муносиби зиндагӣ ва ғизои хуб надоранд. Аз рӯи ҳисобҳои расмӣ, 30 дарсади Тоҷикистон дар зери хати фақр ба сар мебаранд ва ҳар нафари онҳо дар моҳ камтар аз 190 сомон харҷ мекунанд.

Теъдоди гирифторони сил дар Тоҷикистон беш аз панҷ ҳазор гуфта мешавад, аммо инҳо танҳо нафаронеанд, ки бемории худро ба табибон ошкор кардаанд. Теъдоди онҳое, ки бемориашонро пинҳон медоранд ва табобат намегиранд, маълум нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG