Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти мардҳо бозори танфурӯшонро касод кард


Нархи хадамоти танфурӯшон дар Тоҷикистон ҳудуди 25-30 дарсад арзон шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, нархи хизматрасонии танфурӯшон ва ё ба истилоҳ "кормандони секс" дар натиҷаи сахттар шудани ҷазо барои мардон ва коҳиш ёфтани талабот ба чунин хадамот, коҳиш ёфтааст.

  • Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии "Шоҳ ойим" дар кишварҳои Осиёи Миёна, ки шароити кору зиндагии кормандони сексро аз ҷумла дар Тоҷикистон мушоҳида мекунад, муайян кардааст, ки нархи хадамоти шаҳвонӣ дар кишвар дар муқоиса бо чанд соли қабл хеле поин омадааст. Ин хулоса дар натиҷаи суҳбат бо даҳҳо нафар аз танфурӯшон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳосил шудааст.
Ба ҳисоби миёна агар нархи хизмати як хуфту хез бо танфурӯш қаблан аз 50 то 80 сомонӣ буд, ҳоло то ба 30 -35 сомонӣ поин омадааст

Дар эътилофи созмонҳои ғайридавлатии "Шоҳ ойим" рӯзи 10-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, нархи хизматрасонии занони танфурӯш дар Тоҷикистон вобаста ба макони зисти онҳо ва сину солашон, хеле аз ҳам фарқ мекунад.

"Нархи хадамоти шаҳвонӣ дар шаҳрҳо назар ба деҳот ба маротиб гаронтар аст. Фарқи бештар дар нарх вобаста ба сину соли онҳо аст. Ба ҳисоби миёна агар нархи хизмати як хуфту хез бо танфурӯш қаблан аз 50 то 80 сомонӣ буд, ҳоло то ба 30-35 сомонӣ арзон шудааст", - иброз доштанд дар ин созмон.

Бархӯрди пулис танфурӯшонро тарсонд

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин танҳо ҳисоби миёнаи нархи он танфурӯшоне ҳаст, ки канори ҷодаҳо муштарӣ меҷӯянд. Қимати хадамоти танфурӯшони зинаи боло, ки бештар ба афроди доро хидмат мерасонанд, ба маротиб болотар аз ин аст.

Масъулони эътилофи созмонҳои ғайридавлатии "Шоҳ ойим" арзон шудани хадамоти "кормандони секс"-ро ба иваз шудани бархӯрди пулис нисбат ба танфурӯшӣ дар Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз ин эътилоф мегӯянд, кормандони милиса вақтҳои охир мардонро низ барои алоқа бо танфурӯшон ҷазо медиҳанд. Аз ин рӯ, қисме аз мардон аз хавфи шармсору беобрӯ шудан аз "айшу ишрат" бо занони сабукпо бар ивази пул, истиҳола меварзанд.

"Бо камтар шудани муштариён қонуни иқтисоди бозор - бардорад зам кун, набардорад кам кун - дар индустрияи секс ҳам дар Тоҷикистон амал карда, нархи хадамоти танфурӯшон низ поин омадааст", - мегӯянд масъулони эътилофи "Шоҳ ойим".

"Мардон хеле эҳтиёткор шудаанд"

Фарангис, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе, ки ба гуфтааш гоҳе аз роҳи танфурӯшӣ пул ба даст меорад, гуфт, мардон ҳоло хеле эҳтиёткор шудаанд, чун бисёре аз маконҳои хилват "хатарнок ҳастанд".

"Чун метавонад зери назорати милисаҳо бошад ва онҳо метавонанд ба чунин хонаҳои иҷора омада, ошкор ва ба навор гирифта шаванд", - шарҳ дод ӯ. Фарангис мегӯяд, аз ин рӯ, хеле кам аз мардоне ба чунин риск мераванд ва албатта нархи хадамоти шаҳвонӣ камтар шудааст.

Аз ду сол ба ин тараф Вазорати умури дохилӣ мубориза бо он чиро, ки ҷиноятҳои ахлоқӣ гуфта мешавад, пурзӯр карда, даҳҳо марду зани сабукпоро ҳангоми равобити шаҳвонӣ, боздошт кардааст.

Ин вазорат қариб ҳар ҳафта дар барномаи вижаи ҷиноиаш саҳнаи боздошти мардон ва занони танфурӯшро намоиш медиҳад ва маъмулан дар ин гуна қазияҳо пулис ҷониби севвум - соҳиби хона ва ё биноро низ ҷазо медиҳад, ки бар ивази пул барои танфурӯшон шароит фароҳам меоранд.

"Модели шведӣ"-и бархӯрд бо танфурӯшӣ

Ҳомиёни ҳуқуқ аз эътилофи "Шоҳ оийм" мегӯянд, Тоҷикистон амалан "модели шведӣ"-и бархӯрд бо танфурӯширо пеш гирифтааст. Ҳарчанд қонунҳои Тоҷикистон барои алоқаи ҷинсии ду нафари болиғ бо хоҳиши худи онҳо ҷазое таъйин накардааст.

"Модели шведӣ"-и бархӯрд бо танфурӯшӣ бештар рӯи муҷозоти мардон тамаркуз мекунад, ки аз хадамоти занони сабукпо истифода мекунанд ва ин боис ба густариши танфурӯшӣ мешавад.

Бино ба иттилои манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар соли 2018 ҳудуди шаш ҳазор зан ҳамчун "бадахлоқ" ва танфурӯш сабт шудаанд. Аз ин шумора 32 нафар ноболиғ буда, 1500 нафар аз 18 то 30-сола ва боқимонда аз 30-сола боло ҳастанд.

Аммо мақомоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон бо ин омор розӣ нестанд. Дар ин кумита дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, бинобар таҳлили онҳо, шумораи занони танфурӯш дар Тоҷикистон ба маротиб камтар аз оморест, ки Вазорати умури дохилӣ пешниҳод кардааст.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон кормандони милиса дар сафи аввали мубориза бо ҷиноятҳои ба истилоҳи онҳо ахлоқӣ меистанд ва мантиқан омори навтарини танфурӯшон низ нахуст дар ин вазорат коркард мешавад.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, маҳз барои занони танфурӯш барномаи вижае надорад, аммо дар вохӯриҳое, ки бо танфурӯшон доир мешавад, барои ҳар яки онҳо ҷойи кор ё имконияти касбомӯзӣ пешниҳод мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG