Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ростои то 20 соли зиндон. Сафар Исҳоқов ба фасод муттаҳам шуд


Сафар Исҳоқов

Сафар Исҳоқов, нахуствазири пешин ва яке аз тарафдорони президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ба таври ниҳоӣ бар асоси моддаи “фасод”, ки аз 15 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, муттаҳам дониста шуд.

Бо мақсади ба даст овардани фоида ба ширкати ТВЕА пешниҳод кардааст, пудратчии кулли тарҳе шавад, ки 386 миллион доллар арзиш доштааст

Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ дар мавриди вуҷуди фасод дар бозсозии Маркази барқу гармидиҳии Бишкекро ба анҷом расонид. Тафтишот масъулиятро ба дӯши нахуствазири пешин Сафар Исҳоқов гузошт, ки яке аз тарафдорони наздики президенти пешин Алмосбек Отамбоев буд. Исҳоқов то таъйин шудан ба мақоми нахуствазири курсии раиси Дастгоҳи президенти Қирғизистонро дар ихтиёр дошт.

Иттиҳоми зидди Исҳоқов чист?

Тибқи иттилоияи мақомоти вижаи Қирғизистоня як қатор мансабдорон ва шахсони дигар бо сардории нахуствазири пешин Сафар Исҳоқов, огоҳона бо истифода аз салоҳиятҳои худ бо ширкати ТВЕА шартномаи бефоида (200 миллион) бастаанд. Зарари расида аз ин корро Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон 111,3 миллион доллар ҳисоб кардааст.

Дар ин ниҳод гуфтаанд, ки моҳи феврали соли 2010 бо иштироки раҳбарони вақти Хадамоти иртиботот Исҳоқов дар ҷаласа гузинаҳои бозсозӣ (таҷдид)-и Маркази барқу гармидиҳии Бишкекро, ки Бонки Ҷаҳонӣ (150 млн. доллар) ва ширкати ТВЕА (200 млн. доллар) пешниҳод карда буданд, баррасӣ карданд.

Он замон, бар асоси натиҷаҳои ҷаласа пешниҳоди ширкати ТВЕА пазируфта шуд, ки аз ҳисоби доштани арзиши баланд ва норасоиҳои техникиву фанноварӣ ба манофеи Қирғизистон носозгор будааст.

“Дар ҳамин ҳол соли 2013 Сафар Исҳоқов, ки вазифаи мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президент – баробар ба муовини роҳбари дастгоҳи прзидентро дар ихтиёр дошт, амалӣ шудани тарҳро таҳти назорати шахсии худ қарор дод. Бо мақсади ба даст овардани фоида ба ширкати ТВЕА пешниҳод кардааст, пудратчии кулли тарҳе шавад, ки 386 миллион доллар арзиш доштааст”, - гуфта мешавад дар изҳороти КДАМ.

"Таҷрибаи нокофии TBEA-ро ба назар нагирифт"

Нурбек Токтакунов
Нурбек Токтакунов

Тафтишот чунин мешуморад, ки Сафар Исҳоқов огоҳона таҷрибаи нокофии ТВЕА-ро ба назар нагирифтааст, ки барои амалӣ кардани чунин тарҳҳо зарур мебошанд ва ҳамчунин асноди лоиҳавию асосноккунии фанниву иқтисодияш низ тартиб дода нашуда буданд.

Вакили мудофеи Сафар Исҳоқов – Нурбек Токтакунов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маводи парванда бар асоси тахминҳо таҳия шудаанд, тафтишот натавониста гуноҳи зерҳимояаашро собит кунад.

Ӯ гуфт, “ҳамаи иттиҳомот бар пояи тахминҳост. Ҳеч гуна далели шайъӣ ва ё собиткунанда наёфтанд. Масалан ҳеч гуна исботи ин ки Сафар Исҳоқов ришва ё манфиати моддӣ гирифта бошад, вуҷуд надорад. Ин ангезаҳо бояд дар чаҳорчӯби Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ исбот карда шаванд. Вале ин ҷо танҳо гап ва пиндор вуҷуд дорад”, - афзуд ӯ.

Вакилон: Парванди нахуствазири собиқ сиёсӣ аст

Вакилони мудофеи нахуствазири пешин бар ин боваранд, ки парвандаи зерҳимояаашон сиёсӣ аст ва агар парванда мунсифона баррасӣ шавад, Исҳоқов сафед карда мешавад. Худи Сафар Исҳоқов дар яке аз ҷаласаҳои додгоҳӣ ҳангоми баррасии чораҳои пешгирикунанда изҳор кард, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ таҳти назорати президенти кишвар Сооронбой Ҷээнбеков қарор дорад.

Марс Сариев
Марс Сариев

Сиёсатшинос Марс Сариев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон ба андозаи кофӣ пойгоҳи собиткунандаро омода кардааст ва тамоми ҷиддияти иттиҳомро ҳам медонад. Бо вуҷуди ин, ба гуфти ӯ, дар мавриди сиёсӣ будани парванда суоле пайдо мешавад, ки то куҷо Исҳоқов сарпарасти тарҳ ба шумор меравад, дар ҳоле ки то кунун ҳеч санаде, ки маҳз ҳамин одам ришва гирифтааст, нашр нашудааст.

“Ҳамаи ин дар додгоҳ маълум мешавад. Дар Қирғизистон ин парванда тариқи расонаҳо ва мухолифин дунболагирӣ мешавад ва бидуни далел ин корро анҷом додан хеле мушкил мешавад”, - таъкид мекунад сиёсатшинос.

Баҳси таҷдиди Маркази барқу гармидиҳӣ

Баъди садама дар Маркази барқу гармидиҳии Бишкек моҳи январи соли 2018 чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ду нахуствазири пешин, ду шаҳрдори собиқ, вакили порлумон ва мудирони аршади ин ширкат боздошт шуданд. Ҳамаи номбаршудаҳо бар асоси фарзияи тафтишот барои даст доштан дар фасод ҳангоми бозсозии ин иншоот аз сӯи ширкати чинии ТВЕА муттаҳам мешаванд.

Интизор меравад, давоми моҳ мурофиаҳои додгоҳии парвандаҳои дигар ҳам оғоз мешаванд. Тавре коршиносон тахмин мезананд, ин мурофиа мавзӯи рақами аввали гуфтугӯҳои сиёсӣ ва санҷиши хубе барои низоми додгоҳӣ, ки дар бораи он раиси ҷумҳур Сооронбой Ҷээнбеков мегӯяд, хоҳад буд.

Боздошти мансабдорони баландпоя дар пасманзари муборизаҳо миёни президенти пешин ва кунунии ин кишвар – Алмосбек Отамбоев ва Сооронбой Ҷээнбеков сурат мегиранд. Бештари боздоштшудаҳо наздик ва кадрҳои раиси ҷумҳури пешин дониста мешаванд. Отамбоев дар як муроҷиати худ ин парвандаи ҷиноиро “дорои ангезаи сиёсӣ ва беасос” номида буд.

Дар ҳамин ҳол, худи Алмосбек Отамбоев ният дорад, ки ба Ҳинд барои истироҳат биравад. Тибқи иттилои раиси ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон Кундуз Жолдубоева сафари Отамбоев аз 11 то 21-уми январ сурат мегирад.

Дар пасманзари эълони иттиҳоми расмӣ дар баробари яке аз тарафдорони президенти собиқ, иттилоъ дар мавриди сафари ӯ дар доираҳои хос ҳамчун фирор аз кишвар пазируфта мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG