Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ва Кореяи Ҷанубӣ дар плей-оффи Ҷоми Осиё-2019


Дастаҳои мунтахаби футболи Чин ва Кореяи Ҷанубӣ, ки дар даври дувуми сабқати гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 пирӯз шуданд, ба даври ҳаштякниҳоӣ ё плей-офф роҳ ёфтанд.

Дар ду бозии даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “С”, ки 11-уми январ дар Имороти Муттаҳидаи Араб доир гардид, мунтахаби Чин тими Филиппинро бо ҳисоби 3:0 ва дастаи Кореяи Ҷанубӣ мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Инчунин дар бозии дувуми даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “В” мунтахаби Австралия бар тими Фаластин бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.

Филиппин – Чин – 0:3

Голҳо: Ву, 40, 66, Иуд, 80

Қирғизистон Кореяи Ҷанубӣ – 0:1

Гол: Мин-Яе, 41

Фаластин – Австралия – 0:3

Голҳо: Макларен, 18, Мабил, 20, Янну, 90

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Чин ва Кореяи Ҷанубӣ, ки дар ду бозӣ шашимтиёзӣ гирифтаанд, сарфи назар аз натиҷаҳои бозиҳои даври севум дар гурӯҳи “С” пешакӣ ба ҳаштякфинал баромаданд. Дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ 16-уми январ кореягиҳо бо чиноиҳо ва қирғизҳо бо филиппиниҳо бозӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Урдун, ки дар ду бозии гурӯҳи “В” 6 имтиёз гирифтааст, аз байни 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқот аввалин шуда ба плей-офф роҳ ёфт.

Ҳамин тариқ, дар ҳафт рӯзи Ҷоми Осиё-2019 дар Иморот 18 бозӣ доир гардид, ки шонздаҳтоаш бо пирӯзии яке аз дастаҳои мунтахаб хотима ёфт ва ду бозӣ мусовӣ шуд. Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи “А” Иморот бо 4 имтиёз, дар гурӯҳи «В» Урдун бо 6 имтиёз, дар гурӯҳи “С” Чин ва Кореяи Ҷанубӣ бо 6-имтиёзӣ, дар гурӯҳи “D” Эрон ва Ироқ, дар гурӯҳи “Е” Арабистони Саудӣ ва Қатар, дар гурӯҳи “F” Ҷопон ва Узбекистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Бояд гуфт, ки бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро мегиранд, инчунин чор тими нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои севум ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд.

Имрӯз, 12-уми январ, ду бозии даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои мунтахаби Ветнам – Эрон ва Яман - Ироқ, инчунин як бозии даври дувум дар гурӯҳи “Е” байни тимҳои миллии Лубнон – Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд.

Дар Ҷоми Осиё-2019, ки дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа - то рӯзи 1-уми феврал идома меёбад, 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқот ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст:

Гурӯҳи А: Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн;

Гурӯҳи В: Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун;

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин;

Гурӯҳи D: Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман;

Гурӯҳи E: Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Кореяи Шимолӣ;

Гурӯҳи F: Ҷопон, Узбекистон, Умон, Туркманистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Осиё-2019

5-уми январ (шанбе)

ИМА – Баҳрайн – 1:1

6-уми январ (якшанбе)

Австралия – Урдун – 0:1

Тайланд – Ҳиндустон – 1:4

Сурия – Фаластин – 0:0

7-уми январ (душанбе)

Чин – Қирғизистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин – 1:0

Эрон – Яман – 5:0

8-уми январ (сешанбе)

Ироқ – Ветнам – 3:2

Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ – 4:0

9-уми январ (чоршанбе)

Ҷопон – Туркманистон – 3:2

Узбекистон – Умон – 2:1

Қатар – Лубнон - 2:0

10-уми январ (панҷшанбе)

Баҳрайн – Тайланд – 0:1

Урдун – Сурия – 2:0

Ҳиндустон – ИМА – 0:2

11-уми январ умъа)

Фаластин – Австралия – 0:3

Филиппин – Чин – 0:3

Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ – 0:1

12-уми январ (шанбе)

16:00 Ветнам - Эрон

18:30 Яман - Ироқ

21:00 Лубнон – Арабистони Саудӣ

13-уми январ (якшанбе)

16:00 Кореяи Шимолӣ - Қатар

18:30 Умон - Ҷопон

21:00 Туркманистон - Узбекистон

14-уми январ (душанбе)

21:00 ИМА - Тайланд

21:00 Ҳиндустон - Баҳрайн

15-уми январ (сешанбе)

18:30 Австралия - Сурия

18:30 Фаластин - Урдун

16-уми январ (чоршанбе)

18:30 Кореяи Ҷанубӣ - Чин

18:30 Қирғизистон - Филиппин

21:00 Эрон - Ироқ

21:00 Ветнам - Яман

17-уми январ (панҷшанбе)

18:30 Умон - Туркманистон

18:30 Ҷопон - Узбекистон

21:00 Лубнон – Кореяи Шимолӣ

21:00 Арабистони Саудӣ - Қатар

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

16:00 1B - 3ACD

19:00 2A - 2C

22:00 1D - 3BEF

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

16:00 1F - 2E

19:00 2B - 2F

22:00 1A - 3CDE

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

18:00 1C - 3ABF

21:00 1E - 2D

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

18:00 Ғолиби 1B/3ACD - Ғолиби 1F/2E

21:00 Ғолиби 2A/2C - Ғолиби 1D/3BEF

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

18:00 Ғолиби 1C/3ABF - Ғолиби 1E/2D

21:00 Ғолиби 1A/3CDE - Ғолиби 2B/2F

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 1

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал умъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 - Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG