Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба мусобиқаи “Чор миллат” дар Доҳа


Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар шаҳри Доҳа ба мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат”, ки аз 15-ум то 23-юми январ дар пойтахти Қатар доир мегардад, омодагӣ мебинад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби олимпии кишвар таҳти раҳбарии мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев дар Доҳа, дар майдони эҳтиётии варзишгоҳи «Гранд Ҳамад Стэдиум», аввалин тамрини худро анҷом дод. Ба ҳайати даста 23 бозигар дохил аст.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23):

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);

Ҳимоятгарон: Алишер Холмуродов («Панҷшер»), Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарсе – «Барқчӣ»), Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон), Доробҷон Эргашев (ССКА «Помир»), Алишер Баротов («Хатлон»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарду – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов, Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров, Саидмухтор Азимов (ҳама – «Барқчӣ»), Сорбон Авғонов («Панҷшер»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

Дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дастаҳои мунтахаби олимпии Қатар, Кувайт, Тоҷикистон ва Эрон ширкат меварзанд. Футболбозони тоҷик 15-уми январ муқобили тими Эрон бозӣ мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон 18-уми январ бо тими Қатар рӯбарӯ мешавад. Бозии севуми футболбозони тоҷик 21-уми январ бо тими Кувайт доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар майдонҳои футболи Академияи «Aspire» баргузор мешаванд.

Ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар барои мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) яке аз давраҳои омодагии даста ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 22-юм то 26-уми март дар Тошканд барпо мегардад.

Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Узбекистон (26-уми март) рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG