Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиби тоҷик дар марги Мижгонаи 12-сола гунаҳкор шуд. ВИДЕО


Мижгона Бобоҷонова
Мижгона Бобоҷонова

Як табиби тоҷик барои роҳ додан ба иштибоҳ, ки боис ба марги духтари дувоздаҳсола шудааст, ба 3,5 сол ҳабси хонагӣ маҳкум гардид. Мақомоти Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18-уми январ гуфтанд, Дониёр Шермуродов баъди адои ҷазо, якуним соли дигар аз ҳаққи машғул шудан ба кори пизишкӣ маҳрум аст.

Мижгона Бобоҷонова, фарзанди хурдии хонавода, шаҳрвандии Русия ва камарбанди зарди "Таэквандо"дошт.

Сабаб: Зиёд фиристодани ҳаво ҳангоми ҷарроҳӣ

Мижгона Бобоҷонова аз ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров моҳи августи соли гузашта баъди тақрибан чаҳор соати ҷарроҳии “киста”-и шикамаш дар бемористони саратоншиносии Хуҷанд даргузашт. Бино ба ташхиси тиббиву додгоҳӣ, зиёд фиристодани ҳаво ҳангоми ҷарроҳӣ боис ба марги ӯ шудааст.

Дар Додгоҳи Хуҷанд низ гуфтанд, “Дониёр Шермуродов, табиби мадҳушкунанда ё анастезиологи бемористони саратоншиносӣ барои аз беэҳтиётӣ “номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ” айбдор дониста шуд.”

Дониёр Шермуродов дар замони тафтиш ва бозбинии парвандааш, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист, дар озодӣ қарор дошт. Ӯ 22 сол боз ба ҳайси корӣ табиби мадҳушкунанда (анастезиолог) кор мекунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Табиби тоҷик дар марги Мижгона Бобоҷонова гунаҳкор шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

"Падар розӣ нест"​

Мазбут Бобоҷонов, падари Мижгона Бобоҷонова, рӯзи ҷумъа дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз қарори додгоҳ розӣ нест. Ӯ бовар дорад “ба табиб ҷазои сабук доад шуд” ва онҳо бозбинии парвандаро аз Додгоҳи вилояти Суғд дархост хоҳанд кард. “Қисми дуи моддаи 129-и Кодекси ҷиноӣ, ки табиб тибқи он айбдор дониста шуд, ба гунаҳкор ҷазои “маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол”-ро пешбинӣ мекунад. Аммо додгоҳ инро ба назар нагирифт”, - шикоят кард ӯ.

Ҷониби маҳкумшуда дар ҳоли ҳозир аз баёни назари худ дар бораи ҳукми додгоҳ худдорӣ мекунанд.

Бахтиёр Насруллоев
Бахтиёр Насруллоев

Қаблан Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи Дониёр Шермуродов, гуфта буд, “агар хулосаи ташхис ва ҷараёни тафтишотро таҳлил кунем, ҳам мутахассисон ва ҳам муфаттишон механизми пайдо шудани ҳаво дар рагҳои хунгузар ва ҷамъ шудани онҳо дар зери пӯсти Мижгона Бобоҷоноваро, ки сабаби марги ӯ дониста мешавад, маълум накардаанд.”

"Дар ин кор хатои табибони дигар ҳам ҳаст"

Мижгона Бобоҷоноваи 12-сола, ба гуфтаи волидонаш, то рӯзи марг аз вараме, ки дар шикамаш пайдо шуда буд, шикоят надошт. Вале чун калонтар ва ба чашм аён шуда буд, модараш рӯзи 8-уми августи соли 2018 ӯро ба беморхона бурдааст. Ва табибони бемористони саратоншиносӣ фаврӣ дар кати ҷарроҳӣ хобондаанд.

Мазбут Бобоҷонов, падари Мижгона, иддао дорад, ки дар ин қазия на танҳо хатои анастезиолог, балки иштибоҳи табибони дигар низ ҳаст.

Мижгона Бобоҷонова, фарзанди хурдии Мазбут Бобоҷонов, шаҳрвандии Русия ва камарбанди зарди "Таэквандо"-ро дошт.

Баъди қазияи марги Саодат Саломова

Дар тақрибан ду соли гузашта ин бори дувум аст, ки парвандаи марги беморон аз иштибоҳи табибон дар вилояти Суғд ба додгоҳ меравад. Моҳи апрели соли 2017 Саодат Саломова, ҳунарпешаи театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва духтари ҳунарманди шинохта Сайрам Исоева, баъд аз тақрибан ду моҳи табобат дар хонааш ва бемористон, дар 50-солагӣ аз хунравии мағзи сар дар бемористони сили вилояти Суғд даргузашт. Пайвандони Саодат Саломова мегӯянд, табибон дар ташхиси бемории духтарашон аз аввал ба иштибоҳ роҳ доданд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 25-уми январи 2018 ду пизишкро дар марги Саодат Саломова – духтари Сайрам Исоева – ҳунарпешаи маъруфи тоҷик айбдор донист ва ба 3-солии ҳабс (бо низоми сукунат) маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG