Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳаракати киштии ҷангии Амрикоро "назорат дорад"


Фармондеҳони неруҳои баҳрии Амрико мегӯянд, киштии ҷангӣ ва ё новшикани “Доналд Кук” барои анҷоми як амалиёти амниятӣ ва таъмини амнияти баҳрӣ ҳамроҳ бо дигар аъзои НАТО озими Баҳри Сиёҳ шудааст.

Ҳаракати новшикан баъд аз он сурат мегирад, ки Русия се киштии Украинаро дар ин баҳр боздошт кард. Фармондеҳони Амрико дар ин бора рӯзи 19-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ хабар доданд. Киштии “Доналд Кук”, яке аз киштиҳои муҷаҳҳаз ва пешрафтаи ҷангӣ ва мусаллаҳ бо мушакҳои ҳидоятшаванда аст.

Нови мазкур ҳамчунин системаҳои пешрафтаи радёбӣ дорад ва метавонад, душманро дар манотиқи гуногун ҳадаф бигирад. Дар баёнияи неруҳои Амрико омадааст, “Неруҳои баҳрии Амрико ба таври маъмул бар асоси Паймони Мотро ва қонунҳои байналмилалӣ машғули анҷоми амалиёт дар Баҳри Сиёҳ ҳастанд.”

Паймони мазкур байни Туркия ва қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баста шудааст, ки ба онҳо имкон медиҳад, аз тариқи гулугоҳҳои Босфор ва Дарданел бо иҷозаи Туркия шино кунанд.

Гулугоҳи Дарданел дар шимолу ғарби Туркия аст ва Баҳри Эгейро бо Баҳри Мармара мепайвандад. Ин баҳр дар навбати худ ба Баҳри Сиёҳ васл аст. Туркия дар ҷануби Баҳри Сиёҳ аст ва Украина дар шимол, Русия ва Гурҷистон дар шарқи ин баҳр ҷойгиранд.

Русия новшиканро зери назар дорад

Фармондеҳони Амрико нагуфтаанд, ки новшикани “Доналд Кук” кай ба Баҳри Сиёҳ ворид мешавад, аммо хабаргузории ТАСС-и Русия ба нақл аз мақомоти вазорати дифои Русия навиштааст, ки “онҳо новшиканро зери назар доранд.” Киштии ҷангии Амрико наметавонад, бештар аз 21 рӯз дар Баҳри Сиёҳ бимонад.

Телевизиони Си Эн Эн қаблан гузориш дод, ки теъдоде аз мақомоти низомии Амрико аз вазорати дифо хостаанд, Туркияро аз эҳтимоли гузари як киштӣ аз гулӯгоҳи Босфор ва Дарданел бохабар кунад. Дар ҳамон замон ирсоли киштии ҷангии Амрико ба Баҳри Сиёҳ матраҳ шуда буд.

Неруҳои баҳрии Русия рӯзи 25-уми ноябр, се киштии ҷангии Украинаро тасарруф ва 24 маллоҳро дастгир карданд. Ҳодиса дар гулугоҳи Керч рух дод, ки Баҳри Сиёҳро ба Баҳри Азов васл мекунад ва сабаб шуд, ки таниш байни Украинаву ҳомиёни Ғарбиаш бо Русия авҷ бигирад.

Украина иқдоми Русияро ғайриқонунӣ ва бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ номидааст. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки ҳаракати киштиҳои Украина дар қаламравҳои обии Русия, як тавтиаи Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина буд, то аз ин роҳ обрӯи камшудаашро дар байни мардум бардорад.

Метю Пол, фармондеҳи новшикани “Доналд Кук” гуфтааст, ҳузури киштӣ дар Баҳри Сиёҳ “нишондиҳандаи қобилияти ҳамкорӣ барои ҳифозат аз аҳдофи амниятии муштарак аст” ва “ин имконро ба мо медиҳад, то ба буҳронҳои оянда вокуниши муносиб нишон бидиҳем ва ё аз муноқишае пешгирӣ кунем.”

XS
SM
MD
LG