Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ дар ҳамсоягӣ бо лӯлаи газ. Амният ё манзил? ВИДЕО


Намое аз маҳаллаи "Зафар" дар ноҳияи Рӯдакӣ.
Намое аз маҳаллаи "Зафар" дар ноҳияи Рӯдакӣ.

Хабари барои бисёриҳо хушҳолкунандаи азсаргирии интиқоли гази табиии Узбекистон ба Тоҷикистон бархе сокинони Душанберо нороҳат кард. Ин хабар барои онҳо баробар бо ҳушдор ё хатари аз даст додани манзили зист аст.

Яке аз шоҳқубурҳое, ки тавассути он баъди ҳудудан 10 сол гази Узбекистон ба Душанбе оварда шуд, аз дохили манзили зисти даҳҳо сокини қисматҳои ғарби Душанбеву навоҳии атроф мегузарад. Сокинон, ки дигар умед надоштанд рӯзе аз қубурҳо дубора газ хоҳад гузашт, дар масофаи бисёр наздик бо он хона бунёд кардаву беш аз 10 сол боз зиндагӣ доранд.

Ду огоҳиномаи "Тоҷиктрансгаз" ба сокинон

Ҳоло аз газии табииӣ Узбекистон теъдоде аз сокинон, ошхонаву тарабхонаҳо, марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ширкати тавлиди алюминийи "Талко" истифода мебаранд.

Сокинони маҳаллаи "Зафар" дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, наздик ба дарвозаи Ҳисор, дар як соли ахир ду бор аз ширкати "Тоҷиктрансгаз" огоҳинома гирифтаанд. Дар он ба сокинон аз хатари зиндагӣ дар "минтақаи пешгирии хатар" ё наздик ба шоҳқубури газ ҳушдор дода шудааст.

Зулфия Шамсиддинова, як сокини ин кӯчаро ин огоҳномаҳо тарсону нигарон кардааст. Порае аз қубури газро, ки аз дохили манзили ӯ мегузарад, бо чашм мешавад дид. "Вақте дуюмбора огоҳинома оварданд, зиқ шудам, қариб дилам занад. Хонаро мо нав бардоштем. Қаблан намедонистем, ки чунин хатарҳо ҳаст. Ҳоло дигар чӣ кор кунем? Куҷо равем?",-афзуд вай.

Зиндагӣ дар ҳамсоягӣ бо лӯлаи газ. Амният ё манзил?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Бо пешниҳоди огаҳинома, масъулини ширкати "Тоҷиктрансгаз" аз сокинони атрофи лӯлаи газ забонхат гирифтаанд, ки дар сурати ба амал омадани ҳолатҳое мисли сӯхтору таркиш, ҷавобгарӣ ба зиммаи худи онҳо аст. Вале сокиноне, ки паҳлу ба паҳлу бо шоҳқубури гази табиӣ зиндагӣ доранд, мегӯянд, дар як ҳолати номуайянӣ қарор доранд ва на монда метавонанд, на ҷойи дигаре барои рафтан доранд.

Аксари ин сокинон мегӯянд, замоне, ки дар ин маҳалла хона бунёд карданд, муносибатҳо бо Узбекистон бад буд ва бовар доштанд, ки газ дигар намешавад. Зарофат Музаффарова, сокини дигари маҳаллаи "Зафар" мегӯяд, "дили моро пур карданд, ки газ намешавад. Мо меҳнат кардем, хона кардем. Ҳозир ҳама медонад, ки шароит чӣ хел аст, ҳарчӣ ҳам шавад, ҳаволааш бар Худо".

400 хонавода дар минтақаи нигаҳдории лӯлаҳои газ

Носеҳиддин Қодиров, сардори шӯъбаи ҳуқуқ ва шартномабандии ширкати "Тоҷиктрансгаз".
Носеҳиддин Қодиров, сардори шӯъбаи ҳуқуқ ва шартномабандии ширкати "Тоҷиктрансгаз".

Мақомоти "Тоҷиктрансгаз" мегӯянд, тибқи қонун дар масофаи ҳадди аққал то 75 метр ба макони нигаҳдории шоҳқубури газ, бояд манзили истиқоматӣ набошад. Вале дар тӯли солҳое, ки интиқоли гази Узбекистон ба Тоҷикистон қатъ шуда буд, сокинони зиёде дар масофаи панҷ метр ва ҳатто дар рӯйи қубури газгузар бидуни риояи қоидаи бехатарӣ, хона бунёд кардаанд.

Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, ҳоло ҳудудан 400 хонавода дар канораҳои шаҳр, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, дар минтақаи нигаҳдории лулаҳои газ зиндагӣ доранд. Ҳоло тавассути ин қубурҳо газ бо фишори баланд интиқол меёбад ва зиндагӣ дар паҳлӯи он хатарнок аст.

Носеҳиддин Қодиров, сардори шӯъбаи ҳуқуқ ва шартномабандии ширкати "Тоҷиктрансгаз" рӯзи 22-юми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳатто зимни як санҷиши оддии қубурҳо, дар як манзил таркиш ба амал омада буд. "Вақте ба шоҳқубур ҳаҷми баланди газ интиқол дода мешавад ва таркиш ба амал меояд, аз 75 метр то 125 метр таъсири худро мерасонад. Ва дар сурати сар задани ҳодисаҳои техникӣ, ҷони одамон ба хатар гузошта мешавад",-афзуд вай.

Нигаронии "Тоҷиктрансгаз"

Ҳоло мақомоти "Тоҷиктрансгаз" аз он нигаронӣ мекунад, ки бо вуҷуди огоҳиҳои пайвастаи онҳо, сокинон минтақаи хатарнокро тарк кардан намехоҳанд. Ин ширкат ҳамчунин ба додситонӣ ва ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ҳам огоҳинома фиристода, аз паёмадҳои нохуши зиндагӣ дар мавзеи гузариши шоҳқубури газ хабар додаанд.

"Мо мақомотро пайваста огоҳ мекунем, ки ин минтақа, минтақаи убури шоҳқубурҳои газӣ аст ва бунёди хонаҳо дар атрофи он бояд манъ ва бартараф карда шавад. Ширкати мо салоҳияти кӯчонидани одамонро аз он ҷо надорад. Вале мақомоте, ки барои ин хонаҳо иҷозат додааст, онҳо огоҳанд, ки дар ин минтақа шоҳқубур аст ва бунёди хона хатар дорад",- афзуд Носеҳиддин Қодиров.

"Чаро иҷозаи бунёди хона доданд?"

Ба гуфтаи масъулини ниҳоди таъминкунандаи газ, ягона роҳи рафъи хатар аз таркиши газ, кӯч бастани мардум аз мавзеи нигаҳдории қубури газ ҳаст. Зеро ба бовари онҳо, кӯч додани шоҳқубури газ аз ин минтақа хароҷоти зиёд мехоҳад ва имконнопазир аст. Аммо сокинон, ки дар ин беш аз даҳсоли бегазӣ, дар атрофи қубур хона бунёд кардаанд, аз он изҳори ҳайрат мекунанд, ки агар ин мавзеъ хатарнок буд, чаро барои даҳҳо сокин иҷозаи бунёди хона дода шуд.

Мақомоти ширкати "Тоҷиктрансгаз" таъкид мекунанд, ки ҳатто дар солҳои фаъол набудани қубури газ ҳам ба сокинон, сохтмони хона дар ин мавзеъро тавсия намедоданд ва онҳоро аз хатар огоҳ мекарданд. Масъулини ширкат мегӯянд, ниҳодҳое, ки барои бунёди ин хонаҳо иҷозат додаанд, огоҳ буданд, ки минтақа ҷойи убури лӯлаҳои газ ва хатарнок аст.

Сокинони атрофи қубури газ мегӯянд, баъзан бӯйи газ маҳалларо пахш мекунад. "Як рӯз хестем, бӯйи газ тамоми ҷоро зер кардааст. То поён ҳама бӯйи газ мекард. Метарсем, одамро воҳима зер мекунад, кӯдакҳои хурд дорем",- мегӯяд, Зайнура, сокини маҳаллаи "Зафар" дар ҷамоати Чоряккорон.

"Мушкили мо ҳам ба назар гирифта шавад"

Бо ин ҳама ин сокинон аз омадани гази Узбекистон, ки аз бисёр ҷиҳат зиндагии мардумро дар Душанбе осон мекунад, истиқбол мекунанд, фақат мехоҳанд, зимни тасмимгирӣ, мушкили онҳо ҳам ба назар гирифта шавад. "Газ албатта хуб аст, мо ҳам мефаҳмем, вале мехоҳем фикри моро ҳам кунанд. Ҳадди ақал агар инҷо хатарнок аст, дар иваз барои кӯч бастани мо ҳам кӯмак карда шавад",-меафзояд, Назар, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки лӯлаи газ ба зербинои хонааш мегузарад.

Узбекистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро пурра қатъ карда буд. Соли 2011 кишвари ҳамсоя солона ҳудуди 370 миллион метри муккаб газро ба Тоҷикистон бо нархи 370 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб мефурӯхт. Азсаргирии интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон дар пайи беҳбуди робитаҳои миёни ин кишвар ва Тоҷикистон ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев имконпазир шуд.

Ҳоло аз газии табииӣ Узбекистон теъдоде аз сокинон, ошхонаву тарабхонаҳо, марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ширкати тавлиди алюминийи "Талко" истифода мебаранд. Ҳанӯз бо иллати муддати тӯлонӣ истифода нашудани лӯлаҳои гази табиӣ ва бурида шудани баъзе аз лӯлаҳо, сокинони маҳаллаҳои дигари пойтахт гази табиии Узбекистонро дарёфт накардаанд.

XS
SM
MD
LG