Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Венесуэла робитаашро бо Амрико қатъ кард


Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла.
Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла.

Пас аз он, ки Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, Хуан Гуаидо, раиси порлумони Венесуэларо ба унвони президенти муваққати ин кишвар ба расмият мешиносад, Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла рӯзи чаҳоршанбеи 23-юми январ эълон кард, ки равобити Каракас бо Вашингтонро қатъ мекунад ва дипломатҳои амрикоӣ 72 соат фурсат доранд то кишварашро тарк кунанд.

Николас Мадуро, ки дар миёни тарафдоронаш суханронӣ мекард, гуфт, Амрико бо таъйини раиси ҷумҳур барои Венесуэло, ба "иштибоҳи бузурге" роҳ дод. Ба гузориши "Ассошиэйтед прессс", ин дар ҳоле аст, ки Хуан Гуаидо аз ҳама сафоратҳои хориҷӣ дар Венесуэла хостааст, то дастури Николас Мадуро барои хуруҷи дипломатҳоро нодида бигиранд.

Николас Мадуро рӯзи даҳуми январ ба таври расмӣ даври дувуми раёсати ҷумҳури худро оғоз кард, вале мухолифон ӯро ба тақаллуби густурда муттаҳам месозанд.

Хуан Гуаидои 35-сола ва раҳбари мухолифони ҳукумат рӯзи чаҳоршанбе дар байни даҳҳо ҳазор нафар аз тарафдоронаш савганди президентӣ ёд кард ва гуфт, бо пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ раёсати ҷумҳурии муваққатро ба даст мегирад ва интихобот баргузор мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико чанд соат пас аз ин изҳорот эълом кард, ки Хуан Гуаидоро ба унвони раиси

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико.
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико.

ҷумҳури муваққати Венесуэла ба расмият мешиносад.

Помпео: "Ҳукумати Мадуроро ба расмият намешиносем"

Дар ҳамин ҳол, Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико шоми чаҳоршанбе гуфтааст, ки ИМА дипломатҳои худро аз Венесуэла хориҷ намекунад. Вай таъкид кардааст, ки Амрико равобити дипломатии худро бо раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла идома хоҳад дод. Вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, Вашингтон ба ончӣ Хуан Гуаидо талаб кунад, таваҷҷуҳ хоҳад кард ва дипломатҳои амрикоӣ Венесуэларо тарк намекунанд.

Майк Помпео афзуд, "Амрико Николас Мадуроро ба расмият намешиносад ва ӯ ҳаққи қонунӣ надорад робитаҳои дипломатӣ бо Амрикоро қатъ кунад". Вазири умури хориҷии Амрико ҳамчунин дар "Твиттер"-и худ эълом кардааст, ки ИМА Хуан Гуаидоро ба унвони раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла ба расмият мешиносад. "Мо аз талошҳои порлумони Венесуэла барои ташкили ҳукумати интиқолӣ ва омодагӣ ба интихоботи озод ва одилона дар ин кишвар ҳимоят мекунем".

То ба ҳол Канада, Бразилия, Аргентина, Перу, Колумбия ва Парагвай ҳимояти худр аз Хуан Гуаидо ба унвони раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла, эълом карданд. Аз сӯи дигар, Куба, Боливия ва Мексика низ аз Николас Мадуро пуштибонӣ намуданд. Дар ҳамин замина, Иттиҳодияи Аврупо эълом кардааст, ки таҳаввулот дар Венесуэларо аз наздик зери назар дорад.

Тазоҳуроти эътирозӣ дар Каракас

Даҳҳо ҳазор нафар рӯзи чаҳоршанбе дар Каракас ва дигар шаҳрҳои Венесуэла алайҳи ҳукумат эътироз карданд. Дар шаҳри Каракас-пойтахти Венесуэло, даҳҳо ҳазор нафар аз минтақаҳои мухталифи шаҳр ба ҳаракат даромада ва худро ба маҳали суханронии Хуан Гуаидо расонданд.

Тибқи гузоришҳо, нерӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани эътирозгарон аз гази ашковар ва тирҳои пластикӣ истифода кардаанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти вазорати тандурустии он кишвар гуфтаанд, ки ду эътирозгар бар асари тирандозии нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд. Ин дар ҳоле аст, ки фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, тайи ду рӯзи гузашта ҳадди ақал 13 нафар дар ин эътирозҳо ҷони худро аз даст додаанд.

Сарнавишти ояндаи Венесуэла дар дасти артиш?

Хуан Гуаидо, раҳбари мухолифони Венесуэла.
Хуан Гуаидо, раҳбари мухолифони Венесуэла.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, ҳар гуна тағйир дар ҳукумати Венесуэла ба тағйири мавзеи эътилофҳои дарунии нерӯҳои мусалаҳҳи ин кишвар вобастагӣ дорад ва то ба ҳол ба назар мерасад, ки ин нерӯҳои аз Николас Мадуро ҳимоят мекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки вазири дифои Венесуэла пас аз он, ки Хуан Гуаидо худро раиси ҷумҳури муваққат эълон кард, дар "Твиттер"-и худ аз Николас Мадуро ҳимоят намуд.

Николас Мадуро рӯзи даҳуми январ ба таври расмӣ даври дувуми раёсати ҷумҳури худро оғоз кард, вале мухолифон ӯро ба тақаллуби густурда муттаҳам месозанд ва аз ин рӯ, машруияти раёсати ҷумҳурии ӯро зери суол бурдаанд.

Оқои Мадуро бо таъсиси Шӯрои Қонуни Асосӣ, қудрати порлумони ин кишварро аз байн бурд ва тарафдорони худро дар Додгоҳии олӣ таъйин намуд. Интихоботи даври дувуми раёсати ҷумҳури Венесуэла аз сӯи мухолифон таҳрим шуда буд.

XS
SM
MD
LG