Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар ва Иморот дар нимфинали Ҷоми Осиё-2019


Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб, ки дар чорякфинали Ҷоми Осиё-2019 пирӯз шуданд, ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоии мусобиқот мушарраф гаштанд.

Дар бозии севуми чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2019, ки 25-январ дар шаҳри Абу-Даби, дар варзишгоҳи Zayed Sports Stadium доир гардид, тими миллии Қатар дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро нимҳимоятгар Абдулазиз Ҳатим дар дақиқаи 78-ум ба самар расонид.

Дар бозии охирини чорякниҳоӣ, ки шаби ҷумъа дар шаҳри Ал-Айн, дар варзишгоҳи Hazza Bin Zayed Stadium баргузор шуд, дастаи мизбон - Имороти Муттаҳидаи Араб – тими Австралия, қаҳрамони феълии Осиёро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Тӯбро ҳамлагар Алӣ Аҳмад Мабҳут дар дақиқаи 68-ум ба дарвозаи австралиягиҳо ворид кард.

Ба ин тартиб, дастаҳои ғолиби ин ду бозии охирини чорякниҳоӣ – Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб - дар бозии дувуми ниманиҳоии Ҷоми Осиё, ки рӯзи сешанбеи 29-уми январ дар шаҳри Абу-Даби, дар варзишгоҳи Муҳаммад Бин Зайд, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад, барои ба финал роҳ ёфтан талош мекунанд.

Дар бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2019, ки рӯзи душанбеи 28-уми январ дар шаҳри Ал-Айн, дар варзишгоҳи Ҳазза Бин Зайд, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад, тимҳои миллии Эрон ва Ҷопон барои ба финал баромадан мубориза мебаранд.

Ҳамин тариқ, аз 24 дастаи мунтахаби ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол, ки рӯзи ҷумъаи 1-уми феврал ба поён мерасад, чор тими миллӣ – Эрон, Ҷопон, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб – муборизаро барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ва медалҳо идома медиҳанд.

Ҷоми Осиё-2019

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

Урдун – Ветнам – 1:1 (2:4, силсилаи пеналтӣ)

Тайланд – Чин – 1:2

Эрон – Умон – 2:0

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

Ҷопон – Арабистони Саудӣ – 1:0

Австралия – Узбекистон – 0:0 (4:2, силсилаи пеналтӣ)

Иморот – Қирғизистон - 3:2 (дар замони изофа)

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн – 2:1

Қатар – Ироқ – 1:0

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

Ветнам – Ҷопон – 0:1

Чин – Эрон – 0:3

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

Кореяи Ҷанубӣ – Қатар – 0:1

Иморот – Австралия – 1:0

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Эрон – Ҷопон

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Қатар – Иморот

Финал. 1-уми феврал (ҷумъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 – Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG