Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон бо шикасти Эрон ба финали Ҷоми Осиё баромад


Дастаи мунтахаби Ҷопон, ки дар бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб бар тими миллии Эрон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоии мусобиқот мушарраф гашт.

Бозии ниманиҳоӣ миёни тимҳои миллии Эрон – қаҳрамони секаратаи Осиё ва Ҷопон – қаҳрамони чоркаратаи Осиё шоми душанбеи 28-уми январ дар шаҳри Ал-Айн, дар варзишгоҳи «Hazza Bin Zayed Stadium» доир гардид.

Нимаи аввали бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 56-ум, Юя Осако ҳисобро боз кард. Ӯ баъди 11 дақиқа голи дувумро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Голи севумро Генки Ҳарагучи дар дақиқаи 90+1 зад.

Нимфинал:

28-уми январ (душанбе)

Эрон - Ҷопон - 0:3 (0:0)

Голҳо: 0:1 - 56 Осако, 0:2 - 67, пеналтӣ Осако, 0:3 – 90+1 Ҳарагучи.

Огоҳӣ: Амирӣ (24), Иброҳимӣ (44), Сакаи (46), Озмун (90).

Эрон: Алиризо Бейронванд, Муртазо Пуралиганҷӣ, Эҳсон Ҳоҷӣ Сафӣ, Милод Муҳаммадӣ, Муҳаммад Қонунӣ, Воҳид Амирӣ (Карим Ансорифард, 58), Умед Иброҳимӣ, Алиризо Ҷаҳонбахш (Меҳдӣ Туробӣ, 71), Ашкон Дижогаҳ (Сомон Қуддус, 71), Ромин Ризоиён, Сардор Озмун.

Ҷопон: Гонда, Йосида, Томиясу, Нагатомо, Эндо (Сиотани, 60), Ҳарагучи, Сибасаки, Минамино, Доан (Ито, 89), Сакаи (Муроя, 73), Осако.

28-уми январ, варзишгоҳи «Hazza Bin Zayed Stadium».

Дастаи ғолиб – Ҷопон – дар финали Ҷоми Осиё рӯзи ҷумъаи 1-уми феврал бо ғолиби бозии дувуми ниманиҳоӣ, ки миёни тимҳои миллии Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб имрӯз, 29-уми январ, дар шаҳри Абу-Даби, дар варзишгоҳи «Mohammed Bin Zayed Stadium», соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад, рақобат мекунад.

Ҷоми Осиё-2019

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

Урдун – Ветнам – 1:1 (2:4, силсилаи пеналтӣ)

Тайланд – Чин – 1:2

Эрон – Умон – 2:0

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

Ҷопон – Арабистони Саудӣ – 1:0

Австралия – Узбекистон – 0:0 (4:2, силсилаи пеналтӣ)

Иморот – Қирғизистон - 3:2 (дар замони изофа)

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн – 2:1

Қатар – Ироқ – 1:0

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

Ветнам – Ҷопон – 0:1

Чин – Эрон – 0:3

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

Кореяи Ҷанубӣ – Қатар – 0:1

Иморот – Австралия – 1:0

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

Эрон – Ҷопон – 0:3

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Қатар – Иморот

Финал. 1-уми феврал (ҷумъа)

19:00 Ҷопон – Қатар/Иморот

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG