Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати нақлиёт: "Шоҳроҳи Душанбе - Бохтар пулакӣ мешавад"


Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол чанд роҳи дигари мошингард, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе-Бохтар пулакӣ хоҳад шуд. Ин роҳ маркази Тоҷикистон бо ҷануби кишвар мепайвандад. Дар гузашта шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пулакӣ шуда, бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ гардида буд.

Таҷрибаи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ собит кард, ки аз пулакӣ шудани ин роҳи стратегӣ тамоми кишвар фоида гирифт.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон

"Эҳтимол то охири сол пулакӣ шавад"

Сӯҳроб Мирзоев, муовини аввали вазири нақлиёт, рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, “хулосаи худро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунем. Эҳтимол то охири имсол ва пас аз анҷоми бозсозӣ роҳ пулакӣ шавад. Роҳҳои алтернативии ҳаракат дар масири Душанбе- Бохтар вуҷуд дорад”.

Муовини вазири нақлиёт гуфт, миёни Душанбе ва Бохтар тавассути ноҳияи Ёвон роҳи мошингард вуҷуд дорад. “Миёни ин ду шаҳр ҳаракат тариқи роҳи оҳан низ имконпазир аст. Сокинон аз ин ду масир метавонанд ҳамчун роҳҳои алтернативӣ истифода кунанд”, - афзуд ӯ.

"Роҳ бо тақрибан 97 миллион доллар бозсозӣ мешавад"

Роҳи Душанбе-Бохтар аз шоҳроҳҳои муҳими Тоҷикистон ба шумор меравад ва марказ ва ҷануби кишварро ба ҳам мепайвандад. Ҳар рӯз дар ин роҳ ҳазорҳо мошин равуо мекунад.

Дар ҳоли ҳозир корҳои бозсозии роҳ идома дорад ва интизор меравад то охири имсол ба итмом расад. Тибқи лоиҳа, роҳ бо харҷи тақрибан 97 миллион доллар грант ва қарзи Бонки осиёии рушд, бунёди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Тоҷикистон бозсозӣ мешавад. Қарор аст, бо харҷи ин маблағҳо паҳноии роҳи мазкур аз ду хат то чаҳор хат васеъ шуда, қабати болоии он аз нав мумфарш гардад.

Вазир: Пулакӣ кардани роҳҳои дигар низ баррасӣ мешавад

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, низ дар нишасти хабарии 30-юми январ гуфт, “таҷрибаи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ собит кард, ки аз пулакӣ шудани ин роҳи стратегӣ тамоми кишвар фоида гирифт. Солҳои қаблӣ ин роҳ ба муддати 6 моҳ баста мешуд. Ба ин далел, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон феълан пулакӣ кардани роҳҳои дигарро баррасӣ мекунад”.

Худоёр Худоёров
Худоёр Худоёров

Дар Тоҷикистон пулакӣ кардани роҳҳо таҷрибаи нав нест. Ширкати IRS бар асоси як созишномаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон, ки соли 2010 имзо шудааст, масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда дорад.

Дар ин роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад.

Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу купрӯкҳои Чин" ваё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

Ширкати IRS (Innovative Road Solutions), ки ҳоло масъулияти нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда дорад, соли 2009 дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Моликони аслии ин ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест. Дар Тоҷикистон танҳо намояндагии он амал мекунад.

Дар оғоз сокинони деҳаҳои атроф ва ҳамчунин ронандаҳо аз пулакӣ шудани шоҳроҳ ба шиддат интиқод карда, чанд дафъа хостори лағви роҳи пулакӣ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG