Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон бо Камерун бозии санҷишӣ мекунад


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар Туркия омодагӣ хоҳад дид. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста аз 1-ум то 15-уми феврал дар шаҳри Анталия баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби олимпии кишвар дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар Анталия се бозии санҷишӣ анҷом хоҳад дод.
Футболбозони ҷавони тоҷик рӯзи 11-уми феврал бо ҳамсолони худ аз Камерун бозии санҷишӣ барпо мекунанд. Рақибони мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ду бозии дигари санҷишӣ баъдтар маълум хоҳанд шуд.

Сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталия бозигарони тими «Истиқлол»-и Душанберо, ки дар ҳамин ҳол дар Туркия ба бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) - 2019 омодагӣ мебинад, даъват намекунад.

Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Туркия яке аз давраҳои омодагии даста ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 22-юм то 26-уми март дар шаҳри Тошканд барпо мегардад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Узбекистон (26-уми март) рақобат хоҳанд кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:

Дарвозабонҳо: Фатҳулло Бобоев («Хатлон»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фирӯз Назаров (Академияи футболи ФФТ);

Ҳимоятгарон: Алишер Холмуродов («Пандҷшер»), Алишер Баротов («Хатлон»), Доробҷн Эргашев (ССКА «Помир»), Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ҳанонов, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров (ҳарчор – «Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Алишер Мирзоев («Сперанса», Молдова), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Шарафҷон Солеҳов, Далер Ёдгоров, Шервонӣ Мабатшоев, Саидмухтор Азимов (ҳарчор – «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).

Сармураббӣ - Усмон Тошев.

XS
SM
MD
LG