Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Теҳрон гаштугузор бо саг дар ҷойҳои умумӣ мамнӯъ шуд


Бошгоҳи хабарнигорони ҷавони Эрон рӯзи сешанбеи 29-уми январ ба нақл аз фармондеҳии пулиси Теҳрон хабар дод, ки гаштугузор бо сагҳо ва овардани онҳо ба ҷойҳои умумӣ, мамнӯъ аст. Ин хабар даҳ рӯз пас аз он эълом мешавад, ки бо ҳукми раиси додгоҳи яке аз ноҳияҳои шаҳри Теҳрон, гардонидани сагҳо дар паркҳои ин минтақаи Теҳрон мамнӯъ шуда буд.

Ҳоло Ҳусейн Раҳимӣ, фармондеҳи нерӯҳои интизомӣ дар Теҳрон дар мавриди овардани сагҳо ба маконҳои умумӣ ҳушдор дода ва гуфтааст, бо онҳое, ки ин дастурро нодида мегиранд, бархӯрди ҷиддӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин мақоми пулис, бор кардани саг дар дохили мошини шахсӣ низ мамнӯъ аст.

Аз замони пирӯзии Инқилоби исломии Эрон дар соли 1979, дар ин кишвар доштани саг як масъалаи баҳсбарангез мебошад ва мақомот мегӯянд, ки бар асоси омӯзаҳои исломӣ, сагҳо касиф ва наҷас мебошанд.

Моҳи гузашта дар парки ҳавзи Лавосон дар Теҳрон як духтарча мавриди ҳамлаи як саг қарор гирифт ва ба шиддат маҷрӯҳ шуд. Ин ҳодиса боиси манъи гаштугузор бо сагҳо дар ин минтақа шуд. Ба назар мерасад, ҳамин ҳодиса боиси мамнуъияти гаштугузор бо сагҳо дар Теҳрон шуда бошад, зеро фармондеҳи пулис шарҳ додааст, ки "гардонидани сагҳо боиси эҷоди тарс ва нороҳатӣ миёни шаҳрвандон мешавад".

Яке аз табибони маъруфи ҳайвонот тасмими мақомот дар мавриди манъи гаштугузор бо саг дар маконҳои умумӣ ва ҳамчунин бор кардани онҳо онҳо дар худравҳо дар шаҳри Теҳронро "ғайримантиқӣ" хонд.

"Чӣ гуна табибони ҳайвонот, сагҳоро муолиҷа мекунанд, агар ба соҳибони онҳо иҷозати гардонидани онҳо дар маконҳои умумӣ ё савор кардани он дар мошинҳояшон дода нашавад?",- гуфт Паём Муҳибӣ, як узви собиқадори Ҷамъияти табибони ҳайвонот дар Эрон. "Тасаввур кунед, сагҳои беморро, чӣ гуна ба назди мо меоранд?"

Савор кардани сагҳо дар мошини шахсӣ низ манъ шудааст.
Савор кардани сагҳо дар мошини шахсӣ низ манъ шудааст.

Манъи гаштугузор бо саг дар ҷойҳои умумӣ ва паркҳо ва интиқоли онҳо бо мошинҳо, охирин иқдоми мақомоти Ҷумҳурии исломӣ алайҳи соҳибони сагҳо мебошад. Дар Эрон алорағми мухолифатҳои мақомот, шумораи афроде, ки бо худ саг мегардонанд, рӯ ба афзоиш аст.

Ҳусейн Раҳимӣ, фармондеҳи пулиси Теҳрон гуфтааст, ин тасмим дар як нишаст бо намояндагони додситонии шаҳри Теҳрон рӯи даст гирифта шуд. "Мо аз додситонӣ чунин иҷозатро дарёфт кардем ва алайҳи афроде, ки дар ҷойҳои умумӣ, аз ҷумла дар паркҳо бо саг гаштугузор мекунанд, чора хоҳем андешид", афзуд Ҳусейн Раҳимӣ.

Аз замони пирӯзии Инқилоби исломии Эрон дар соли 1979, доштани саг як масъалаи баҳсбарангез мебошад ва мақомот мегӯянд, ки бар асоси омӯзаҳои исломӣ, сагҳо касиф ва наҷас мебошанд ва бидуни зарурат, нигоҳ доштани он ҷоиз нест.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Фардо -- бахши эронии Радиои Озодӣ, Ҳусейн Муҳибӣ тасмими ахирро ба бастани моҳвораҳо ва мавҷгираҳо дар он кишвар муқоиса кард, ки мақомот муваффақ нашуданд миллионҳо бинандаи эрониро аз тамошои барномаҳои "ғайриисломӣ" ва "фасодкунандаи ахлоқ"-и телевизионҳои хориҷӣ, боз доранд.

Вай гуфт, "мебинем, қонунҳое, ки аз сӯи порлумон ба тасвиб мерасад, дар ҷомеа эҳтиром намешавад". Оқои Муҳибӣ мақомотро маломат кард, ки хостаҳои аксарияти мардуми Эронро, ки ҷавонон ҳастанд, ба инобат намегиранд.

Аз онҷо, ки доштани саг дар Эрон баҳсбарангез аст, ҳеҷ омори расмие вуҷуд надорад, аммо соҳибони сагҳо аз табақаи миёна ва болотар ҳастанд ва дар шаҳрҳои калон зиндагӣ мекунанд. "Ин нишон медиҳад, ки тасмимгирандагон қонунҳоеро ба тасвиб мерасонанд, ки бемантиқ аст",-гуфт Ҳусейн Муҳибӣ ва афзуд, ки чунин иқдом ба шикаст рӯбарӯ мешавад.

Вай гуфт, "барои бисёре дар Теҳрон доштани як ҳайвони хонагӣ зарурӣ аст. Дар ҳоле, ки эъломи мамнуияти пиёдаравӣ бо саг нақзи ҳуқуқи соҳибони саг аст ва метавонад боиси густариши бемориҳо шавад".

"Ин метавонад афродро маҷбур кунад, ки сагҳои худро ба назди табиби ҳайвонот набаранд. Саг метавонад бемор шавад ва соҳиби худро ҳам гирифтор кунад. Беморӣ пас аз он метавонад ба ҳамсоягон сироят кунад",-афзуд Ҳусейн Муҳибӣ.

Мақомот дар Эрон дар гузашта низ соҳибони сагҳоро ҳушдор медоданд ва дар бархе маворид сагҳои онҳоро мусодира карда, дар "зиндон"-ҳои махсус нигаҳдорӣ менамуданд. Соли 2014 вакилони порлумон пешниҳод карданд, барои афроде, ки дар ҷойҳои умумӣ бо саг гаштугузор мекунанд, 74 шаллоқ таъйин шуда ва беш аз 3500 доллар ҷарима шаванд.

"Мо эмин нестем ва ҳоло навбати беҳтарин ҳамроҳони мо расид",-навишт яке аз корбарон дар "Твиттер"дар вокуниш ба ин тасмими мақомот.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG