Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон -- кишваре амн дар паҳлӯи Афғонистони ноамн


Маҷаллаи бритониёии Global Finance дар як раддабандӣ Тоҷикистонро баъди Қазоқистон кишвари амни Осиёи Марказӣ донистааст. Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон аз нигоҳи таҳдидҳои амниятӣ ва хатарҳои табиӣ дар ҷойи 68-ум аст, ки дар муқоиса ба соли гузашта шаш зина беҳтар аст. Се кишвари дигари Осиёи Марказӣ - Қирғизистону Узбекистон ва Туркманистон дар зинаҳои поинтар омадаанд.

  • Моҳи июли соли гузашта дар ҳодисаи террористӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чаҳор сайёҳи хориҷӣ кушта ва дар ноҳияи Ҷиргатоли минтақаи Рашт чархболи ҳомили сайёҳон ба садама дучор шуд. Вале ин омилҳо боис нашудааст, ки Тоҷикистон дар қатори кишварҳои ноамн" ҷой бигирад. Global Finance Тоҷикистонро ба қатори кишварҳое шомил кардааст, ки "амнияти мӯътадил доранд".
Global Finance ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар ҳоле чанд зина боло зикр кардааст, ки вазорати хориҷии ИМА тобистони соли гузашта мақоми Тоҷикистонро аз ҷиҳати амният барои сайёҳон як зина поин овард.

Ричард Шолдз, мудири бахши Осиё ва Аврупо дар маҷаллаи бритониёии Global Finance рӯзи 31-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин раддабандӣ бар асоси омӯзишҳои ҳамаҷониба таҳия шудааст ва се омил дар ин таҳқиқ ба назар гирифта шудааст.

"Агар хулоса кунем, мо бо назардошти се омил: ҷанг ва сулҳ, амнияти хусусӣ ва хатари фалокатҳои табиӣ нишондоди амниятии кишварҳоро ба назар мегирем. Шохиси амният бар асоси ҳамин се хатар таҳия мешавад ва манзараи фарогири амниятии ҳар кишварро нишон медиҳад. Хатари зиёди як омил дар умум наметавонад ба баҳои умумии кишвар таъсир гузорад",-афзуд ӯ.

Ҳамла ба сайёҳон дар Данғара боис нашуд Тоҷикистон дар қатори "кишварҳои ноамн" қарор бигирад.
Ҳамла ба сайёҳон дар Данғара боис нашуд Тоҷикистон дар қатори "кишварҳои ноамн" қарор бигирад.

Коршиносон мегӯянд, ин раддабандӣ ба он маъно нест, ки Тоҷикистон комилан ба як кишвари бехатар табдил ёфтааст, балки чанд зина аз нигоҳи ин созмон ҷойгоҳаш беҳтар нишон дода шудааст. Назрулло Тоҳирбеков, коршиноси масоили сайёҳӣ дар Тоҷикистон, гуфт, боло рафтани ҷойгоҳи кишвар дар чунин раддабандиҳо ба сафари бештари хориҷиён мусоидат мекунад.

Ба қавли ӯ, ширкатҳои сайёҳӣ аксаран аз чунин раддабандиҳо барои тавсеаи саёҳат ба кишварҳо истифода мекунанд. Ин коршинос мегӯяд, ҳифзи амният дар паҳлӯи кишвари ноамне мисли Афғонистон кори содда нест.

"Ҳар вақте хостӣ, дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон озодона гашту гузор мекунӣ. Хатаре таҳдид намекунад. Инро бояд эътироф кард. Хатари офатҳои табиӣ ҳаст, аммо дар Тоҷикистон аксаран онҳо пешгӯишаванда ҳастанд, ки хориҷиён аз онҳо дар амонанд",-гуфт Тоҳирбеков.

"Бо вуҷуди бархе мушкилот, Тоҷикистон кишвар амн аст"

Соли гузашта, ба гуфтаи мақомот, наздик ба як миллион ҷаҳонгард ба Тоҷикистон омадааст. Коршиносон мегӯянд, ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара бештар омили берунӣ дошт ва дар ҳар ҷо метавонист иттифоқ афтад ва аз ин рӯ, ҳеҷ кишваре онро хатари ҷиддӣ ё такроршаванда надонист.

Саймиддин Дӯстмуҳаммадзода, таҳлилгари тоҷик.
Саймиддин Дӯстмуҳаммадзода, таҳлилгари тоҷик.

Саймиддин Дӯстмуҳаммадзода, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ба сурати умум, бо вуҷуди мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, "Тоҷикистон як кишвари амн аст". Ӯ гуфт, ин ҳарфҳоро дар сӯҳбат бо дипломатҳои кишварҳои аврупоӣ шунидааст ва назарашро дар назарпурсиҳои байналмилалӣ низ ба ин мазмун дар миён гузоштааст.

Ин таҳлилгар мегӯяд, "барои як нафар сайёҳ, умуман хориҷӣ ва худи мардуми Тоҷикистон ин ҷо хатарҳои амниятӣ хеле кам аст, ҳатто мисли кишварҳои аврупоӣ. Ин таҳқиқот авбошӣ ва майдаавбоширо фаро намегирад. Теъдоди авбошиҳо зиёд аст, вале ба вазъи амниятӣ халал намерасонанд".

Аз нигоҳи Дӯстмуҳаммадзода, таъмини амният хидмати ду насли кормандони нерӯҳои интизомӣ дар Тоҷикистон аст. "Онҳо то соли 2013 амниятро ниҳодина карданд. Аммо мушкил ин аст, ки ин ниҳодҳо баъдан сиёсӣ шуданд, ки ба имиҷи кишвар бетаъсир набуд",-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, сиёсӣ шудани ниҳодҳои таъмини амният дар Тоҷикистон метавонад дар оянда хатарнок шавад. "Ба ин набояд роҳ дод. Ба талошҳои баъдиҷангии Тоҷикистон, ки амниятро таъмин кард, бояд арҷ гузошт ва аз сиёсӣ кардани ниҳодҳои қудратӣ даст бардошт",-афзуд вай.

Саймиддин Дӯстмуҳаммадзода мегӯяд, дар раддабандиҳои мубориза бо фасод, ҳифзи ҳуқуқи инсон, бархӯрд бо масоили мазҳабӣ, баръкс ҷойгоҳи Тоҷикистон поин рафтааст, ки инҳо ба пойдории амният халал эҷод мекунанд.

"Ба сайёҳон масъалаи амният хеле муҳим аст"

Руслан Ҳамроҳқулов, масъули як ширкати сайёҳӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, хориҷиён ҳангоми сафар ба кишвар ба масъалаҳои дохилӣ эътибор намедиҳанд. Онҳо бештар дар бораи амният ва шароити хуби сайёҳӣ меандешанд.

Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон.
Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон.

"Барои сайёҳ муҳим ин аст, ки дар роҳ пулис ӯро беҳуда надорад. Ҷойи хоб, шароити хӯрокхуриаш хуб бошад. Воқеан, соли гузашта меҳмонони мо аз кормандони пулис шикоят надоштанд, вале аз шароити меҳмонхонаҳо ва роҳҳо шикоят карданд",-гуфт Ҳамроҳқулов.

Маҷаллаи бритониёии Global Finance Озарбойҷон (ҷойи 71), Эрон (77), Чин (81), Бразилия (84), Қирғизистон (89), Исроил (92), Ҳиндустон (106), Туркия (107) ва Русияву Украинаро дар раддаҳои поинтар ҷо кардааст. Амнтарин кишвари дунё Исландия ва ноамнтарин кишвар Филиппин шумурда шудаанд.

Аммо Global Finance ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар ҳоле чанд зина боло зикр кардааст, ки Департаменти давлатии Амрико дар тобистони имсол мақоми Тоҷикистонро аз ҷиҳати амният барои сайёҳон як зина поин овард.

Ин ниҳод, ки масъули равобити хориҷии ин кишвар бо давлатҳои дунё аст, Тоҷикистонро аз нигоҳи амнияти сайёҳон ба шумори кишварҳое шомил кард, ки шаҳрвандонаш ҳангоми сафар ба ин кишварҳо "ниҳоят эҳтиёт кунанд". Аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ин радда танҳо Украина айни замон шомил аст.

XS
SM
MD
LG