Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар бозии дувуми санҷишӣ дар Туркия бар "Челик" ғолиб шуд


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, дар бозии санҷишӣ бар тими Челик, қаҳрамони секаратаи Босния ва Ҳерсеговин, бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Бозии санҷишии “Истиқлол” муқобили дастаи “Челик”, ки дар премйер-лигаи Босния ва Ҳерсеговин ширкат мекунад, дар доираи омодагии қаҳрамони Тоҷикистон ба Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) дар шаҳри Анталияи Туркия рӯзи панҷшанбеи 31-уми январ доир гардид.

Ду голи ба дарвозаи “Челик” задаи Шериддин Бобоев дар дақиқаи 28-ум ва Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи 88-ум ба «Истиқлол» пирӯзӣ овард.

Ёдовар мешавем, бозии аввали санҷишии “Истиқлол” бо дастаи «Тобол»-и Қӯстанай, ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Қазоқистон-2018, ки 29-уми январ дар Анталия доир гардида буд, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи футболбозони қазоқ анҷом ёфт. Ба як голи Фатҳулло Фатҳуллоев (дақиқаи 14-ум), бозигарони “Тобол” Михаил Гордейчук (44) ва Максим Федин (85) бо ду гол посух доданд.

Ҷамъомади таълимиву тамринии бошгоҳи «Истиқлол» дар Туркия то рӯзи 9-уми феврал идома меёбад. Дар ин ҷо боз баргузории се бозии санҷишӣ бо бошгоҳҳои хориҷӣ дар назар аст. Бозии севуми санҷишии «Истиқлол» бо дастаи «Кёге», дивизиони аввали Дания, рӯзи якшанбеи 3-юми феврал барпо мегардад.

Футболбозони дастаи "Истиқлол" ба мавсими имсола таҳти раҳбарии сармураббии нави бошгоҳ Ҳаким Фузайлов омодагӣ мебинанд. Ба ҳайати даста якчанд бозигар аз бошгоҳҳои хориҷӣ ва дохили кишвар даъват шудаанд, ки баъди озмоиш ба ҳайати бошгоҳ дохил мешаванд.

Бояд гуфт, ки "Истиқлол" барои аввалин бор дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC иштирок менамояд. Рақиби «Истиқлол» дар марҳилаи аввали муқаддамотии ин мусобиқоти қитъавӣ барандаи Ҷоми Узбекистон - бошгоҳи АГМК - мебошад. Бозӣ 12-уми феврал дар шаҳри Олмалиқи Узбекистон доир мегардад.

XS
SM
MD
LG