Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Маҳдудсозии интернет дар пайи эътирозу хушунатҳо


International Partnership for Human Rights

Созмони “Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон» (IPHR) дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо созмони байнулмилалии CIVICUS гузоришеро дар робита ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таҳия кард. Ин гузориш давраи аз моҳи сентябр то моҳи ноябри соли 2018 -ро дарбар мегирад.

Ҳаводиси ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, боис ба он шуданд, ки шаҳрвандон аз дастрасӣ ба интернет маҳрум бимонанд.

10 сентябри соли 2018 Мишел Бачелет, Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид, дар ифтитоҳи нишасти ин созмон ба муроот нашудани ҳуқуқи инсон ва таъқиби дигарандешон дар Тоҷикистон таъкид кард.

Ӯ афзуд, онҳое, ки мехоҳанд қонунӣ ва оромона назарҳои мухолифашонро бигуянд, мавриди таҳдид, таъқиб, боздошту ҳабси ғайриқонунӣ ва гоҳо табъиид қарор мегиранд. Ба гуфтаи хонум Бачелет, “дар ин вазъ талоши давлат барои ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатомез муваффақ нахоҳад буд ва мо хостори онем, ки мақомот рӯи дифоъ аз ҳуқуқи башар тамаркуз кунанд”.

Маҳдудиятҳо дар мухобирот

Моҳҳои август ва сентябри соли 2018 дар Тоҷикистон дастрасӣ ба чанд шабакаи иҷтимоӣ, аз ҷумла, Facebook, Instagram и YouTube номумкин шуд. Маҳдудиятҳои интернетӣ баъди он ҷорй шуданд, ки намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) Махмадалӣ Расулов дар Facebook навори видеоиеро нашр кард, ки бар пояи он моҳи феврали соли 2018 раиси КДАМ Саймуъмин Ятимов хостори сӯиқасд ба ҷони сиёсатмадори фирорӣ Муҳиддин Кабирӣ шудааст.

Эътирозҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳам боиси маҳдудсозиҳо дар интернет шуданд. Ҳаводиси ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, боис ба он шуданд, ки шаҳрвандон аз дастрасӣ ба интернет маҳрум бимонанд.

Ба дунболи намоиши эътирозие, ки 6 ноябр дар шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ баргузор гардид, интернет дар сартосари вилоят аз кор монд. Ҳамчунин, бар пояи хабарҳо, дастрасй ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарие чун Азия плюс ва Радиои Озодӣ дар сартосари кишвар қатъ шуд. Гузоришҳо ҳокист, ки интернет дар Бадахшон фақат 24 ноябри соли 2018 дубора фаъол гардид. Аммо мақомот далел пеш оварданд, ки қатъ шудани интернет як мушкили фаннӣ буду халос.

Нигарониҳо аз вазъи ноороми шаҳри Хоруғ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба Вилояти Мухтори Бадахшони Тоҷикистон аз сатҳи ҷурму ҷиноят дар минтақа изҳори ноқаноатмандӣ кард ва ба Вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ амр намуд, ки таваҷҷуҳи асосиро ба вазъи ҷиноӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ равона созанд.

Раисиҷумҳур рӯзи 15 сентябр дар мулоқот бо фаъолони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ аз вазъи тартибот дар шаҳри Хоруғ интиқод кард ма гила кард, ки мақомот панҷ – шаш ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд. Ӯ ба ниҳодҳои маҳаллӣ як моҳ мӯҳлат дод, то, ба гуфтааш, тартибу интизомро барқарор кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар сурати зарурат барои мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноӣ артиш сафарбар шавад. Баъд аз ин сафар раисиҷумҳур Раҳмон чанд тан аз раҳбарони сохторҳои қудратии минтақа ва ҳукумати вилояту шаҳри Хоруғро аз мақом барканор кард.

16 октябри соли 2016 дар нишасти намояндагони ҳукумати вилоят, кумитаи амнияти миллӣ ва умури дохила кори якмоҳа натиҷагирӣ шуд. 20 октябри соли 2018 хабаргузории давлатии Ховар иттилоъ дод, ки нерӯҳои амниятӣ тайи як моҳ тақрибан 186 мил силоҳ, аз ҷумла, 72 автомат, ду гулулаандозро аз гурӯҳи низомии иборат аз панҷ-шаш ҷинояткор мусодира карданд. Аммо ному насаби он афрод гуфта нашуд.

20 октябри соли 2018 Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Хоруғ (ба ситод намояндагони сохторҳои қудратӣ ва ҳифҳи ҳуқуқ шомиланд) эълом дошт, ки "сходка" ё "нишасти ҷинояткорон" дар маҳаллаву тарабхона, ошхона ва толорҳои варзишии минтақа расман манъ карда шудааст. Гуфта шуд, ки ширкат дар чунин "сходка"-ҳо чун узвият дар иттиҳодияи ҷиноӣ баҳогузорӣ гардида, тибқи талаботи моддаи 187-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозот мешавад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 20 солро дар назар дорад.

Бархурди кормандони милиса ҳам гоо боиси эътирозҳо дар минтақа мешавад. Бар пояи гузоришҳо, шаби 4 ноябри соли 2018 раиси дастаи махсуси милитсия - ОМОН аз силоҳи травматикӣ сӯи сокинон оташ кушод. Бар асари ин ду тан аз сокинони маҳаллӣ маҷрӯҳ шуданд. Бар пояи гузориши расмии Ситоди байниидоравӣ, раиси ОМОН баъди он оташ кушод, ки гурӯҳи ҷавонон ба мошини ӯ ҳамла карданд. Ба иттилои Ситод, ҳамла бо раҳнамоии яке аз раҳбарони ҷиноии минтақа Хурсанд Мазориев сурат гирифтааст.

Ин ҳодиса боиси эътирози сокинони маҳаллӣ шуд, ки рӯзи 6 ноябри соли 2018 ҷамъ омада хостори тафтиши мунсифона ва ба додгоҳ кашидани корманди милиса шуданд. Сокинони Хоруғ ҳамчунин хостаанд, ки дидбонгоҳҳои пулис аз маҳалли зисташон бардошта шавад.

Эътирозгарон фақат баъд аз он пароканда шуданд, ки раиси тозатаъсиси вилоят Ёдгор Файзов ваъдаи тафтиши одилонаи ҳодисаро дод.

Бо вуҷуди ин баъд аз намоиши эътирозӣ интернет ба таври муаммоомез маҳдуд шуд ва тамоми минтақа аз дастрасӣ ба мухобирот маҳрум монд. Бар пояи хабарҳо, интернет фақат рӯзи 24 ноябр дубора фаъол шуд.

Эътирозгарон қавл доданд, ки агар талабҳояшон иҷро наванд, аз нав даст ба эътироз хоҳанд зад.

Ошӯб дар зиндони Хуҷанди Тоҷикистон

Бар пояи гузоришҳо, шаби 8 ноябри соли 2018 дар маҳбаси низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд ошӯб сар зад. Дар робита ба ин ҳодиса то рӯзи 23 ноябр ягон вокуниш ё шарҳи расмӣ нашр нашуд. Дар ин гуна вазъи норӯшан дар робита ба сабабҳои сар задани ошӯб хабарҳои зидуннақз пахш шуданд. Масъулияти нооромиҳо дар маҳбасро гурӯҳи «Давлати исломӣ» бар дӯш гирифт. Гуфта мешавад, дар ин маҳбас аз ҷумла онҳое нигаҳ дошта мешаванд, ки барои ҷиноятҳое амсоли ифротгароӣ ва узвият дар гурӯҳи «Давлати исломӣ» маҳкум шудаанд.

Дигар манбаъҳо гуфтанд, ки ошӯб аз сӯи маҳбусони норозӣ аз вазъи зиндон, аз ҷумла, шиканҷа ва табъиди пайваста ташкил шудааст. Баъзе хабаргузориҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, нооромиҳо баъди он шурӯъ шуданд, ки як нозири маҳбас нафаре аз зиндониёнро бо тани урён зери борон нигаҳ дошт – ин муҷозоти таҳқиромези онҳоест, ки талоши фирор аз маҳбасро мекунанд.

Манобеи гуногун гуфтанд, ки ошӯб тақрибан соати 22:00 шурӯъ шуд ва маҳбусон зиндонро таҳти назорат гирифта, ду афсарро куштанд. Рӯшан нест, ки дигар афсарони маҳбас гаравгон гирифта шуданд ё тавонистанд қабл аз шурӯи пахши ошӯб аз сӯи полиси махсус биноро тарк намоянд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, кормандони полиси махсус тақрибан соати 22:30 ба зиндон расиданд ва ҳамон лаҳза тирандозӣ шурӯъ шуд. Дар гузоришҳо гуфта мешавад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо зиндониён гуфтушуниде накарда, билофосила ба тирандозӣ пардохтанд, ки дар натиҷа чандин нафар куштаву захмӣ шуданд.

23 ноябри соли 2018 вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон дар Брюссел дар робита ба ин ҳодиса изҳороти расмӣ пахш кард. Ӯ гуфт, ки дар маҷмӯъ дар ошӯби зиндони Хуҷанд 21 нафар ба ҳалокат расид, аз ҷумла, ду зиндонӣ, ки мехостанд ба нозирон кӯмак кунанд, аз ҷониби ошӯбгарон кушта шуданд. Ошӯбгарон ду корманди маҳбасро кушта, панҷ нафари дигарро маҷрӯҳ карданд ва талоши тарки зиндонро намуданд. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, гурӯҳи махсус, ки ба он намояндагони Додситонии кулл шомиланд, сабабҳои рӯй додвни ошӯбро таҳқиқ мекунад ва ахбори иловагӣ баъди аз анҷоми тафтишот ироа хоҳад шуд. Худи ҳамон рӯз хабар расид, ки раиси раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст.

Бар пояи иттилои дигар манобеъ, дар ҷараёни пахши ошӯб дасти кам 47 маҳбус ва ду нозири зиндон ба ҳалокат расида, ҳадди аққал сад тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин иттилоъро хабарнигори дигарандеш Темур Варқӣ, ки айни ҳол дар Аврупо ба сар мебарад, тасдиқ кард ва гуфт, ки ҷасади 47 нафар бидуни баргузории маросими динии ҷаноза дар ҳузури пайвандонашон ба хок супурда шуд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG