Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талабгорони муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Туркияву Лаҳистон афзудааст. ВИДЕО


Тайи тақрибан ду моҳи охир беш аз ҳазор сокини Тоҷикистон аз мақомот хостаанд, ки онҳоро барои кор ба Лаҳистону Туркия фиристанд. Ин иттилои расмист, вале сафи онҳое, ки тавассути ширкатҳои хусусӣ ё "таваккалӣ" ба он кишварҳо барои кор рафтаанд, ҳисоб нашудааст. ​Солҳои охир сокинони Тоҷикистон дар баробари Русия, ки бо буҳрони шадиди иқтисодӣ рӯбарӯст ва ба муҳоҷирон ҳам рӯзи хуш намедиҳад, роҳҳои дигари кор дар хориҷаро ҷустуҷӯ доранд.

  • Дар Лаҳистон садҳо паноҳҷӯи тоҷик қарор доранд, ки мегӯянд дар кишвар барои ақидаҳои динӣ ва сиёсии худ таҳти таъқиб ҳастанд.​
Барои гирифтани раводиди Лаҳистон бояд ба Тошканд бираванд ва ду ҳафта ҷавоби консулгариро интизор шаванд

Муҳаммадзариф Ҳусайнов, сокини шаҳри Душанбе, чанд дафъа ба Русия рафтааст. Гоҳе барои санади будубош ҷарима мешуд ва гоҳе корфармо пулашро намедод. “Дар Русия таҳияи санадҳо хеле мушкил аст. Дар он ҷо дар роҳ милисаҳо бисёр азият мекунанд”, - нақл кард ӯ рӯзи 10-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо тамошо кунед:

Муҳоҷирони тоҷик мехоҳанд ба Туркияву Лаҳистон раванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

Дархости муҳоҷират ба Иморот ва Беларус

Муҳаммадзариф дафъаи охир тавассути Оҷонсии таъмини кор дар хориҷа ба муҳоҷират рафт, то дучори мушкил нашавад. Ба Туркия рафт ва дар минтақаҳои сайёҳӣ кор кард. Вай гуфт “дар онҷо дар муддати ду рӯз ҳуҷҷатҳоро дуруст карданд. Хӯрок ва ҷои хоб аз тарафи ширкат буд. Ҳашт соат кор мекардем.”

Масъулони Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, онҳое, ки тавассути ширкатҳо ба муҳоҷират мераванд, “кафолати иҷтимоияшон бештар аст”. Дар сурати пеш омадани мушкиле ба монанди напардохтани музди меҳнат ё санади будубош, ширкат муваззаф аст онро ҳал кунад.

Соли гузашта тавассути Оҷонсии таъмини кор дар хориҷа беш аз 2 ҳазор сокини Тоҷикистон ба Туркияу Лаҳистон рафтаанд. Дар якуним моҳи имсол беш аз ҳазор нафари дигар барои муҳоҷират ба Туркияву Лаҳистон, Иморати Муттаҳидаи Арабӣ, Беларус ва Қазоқистон дархост додаанд.

Мушкили набудани сафорати Лаҳистон дар Тоҷикистон

Мақомот мегӯянд, хоҳишмандони кор ба Лаҳистону Туркия бештар аст. Вале набуди намояндагии Лаҳистон дар Тоҷикистон то ҷое ин равандро мушкил мекунад.

Дилбар Раҳмонова, корманди Оҷонсии таъмини кор дар хориҷа гуфт, “мо бо туркҳо мушкил надорем. Корҷӯён аз Тоҷикистон берун нарафта, санадро дастрас мекунанд. Вале барои гирифтани раводиди Лаҳистон онҳо бояд ба Тошканд бираванд ва ду ҳафта ҷавоби консулгариро интизор шаванд.”

Дар баробари Оҷонсии таъмини кор дар хориҷа боз 15 ширкати хусусӣ ба таъмини муҳоҷирон бо кор дар берун аз кишвар машғул будааст.

Ҳарчанд муҳоҷирон пеш аз рафтан бо ширкатҳо шартнома мебанданд, борҳо хабарҳои фиреб хӯрдани онҳо расонаӣ шудааст. Мадина Худоназарова яке аз онҳое буд, ки мегуфт, бо ваъдаи кори хуб ба Арабистони Саудӣ бурда шуд, вале ҳуқуқаш поймол гардиду мавриди азият қарор гирифт.

Дилбар Раҳмонова
Дилбар Раҳмонова

Мақомот чунин мавридҳоро истисно намедонанд. Мутахассисон мегӯянд, афроди корҷӯ бояд таваҷҷуҳ кунанд, ки раводидашон “категорияи D” бошад, вагарна бо раводиди сайёҳӣ саргардон хоҳанд шуд.

Ҳар сол тақрибан як миллион сокини Тоҷикистон барои ёфтани рӯзии худу хонаводаҳояшон ба Русия мераванд. Аксари онҳо дар бозору сохтмон кор мекунанд ва ба наздиконашон дар Тоҷикистон пул мефиристанд. Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки пули кори худро гирифта наметавонанд ва ё бо нақзи оддитарин қоидаи будубош аз Русия ихроҷ мешаванд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, борҳо аз мақомоти Тоҷтикистон хоста шудааст, ки ҳарчи зуд дар дохили кишвар ҷойи кор бо маоши муносиб эҷод кунанд, то бахши аъзами аҳолии қобили корро аз банди мушкил раҳо намоянд. Ё ин ки дар баробари Русия ба кишварҳои дигар барои муҳоҷирати кории сокинон роҳ кушоянд.

XS
SM
MD
LG