Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бозии "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC


Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе барои аввалин бор дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) иштирок мекунад.

Рақиби «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, дар марҳилаи дувуми муқаддамотии ин мусобиқоти пурнуфузи қитъавӣ барандаи Ҷоми Узбекистон-2018 - бошгоҳи АГМК - мебошад. Бозӣ имрӯз, 12-уми феврал, соати 16:00 дар варзишгоҳи АГМК-и шаҳри Олмалиқи Узбекистон шуруъ мешавад.

Дар сурати пирӯзӣ бар АГМК, “Истиқлол” дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот баромадан бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рақобат мекунад.

Довари ФИФА Ким Дон Ҷини 46-сола аз Кореяи Ҷанубӣ сардовари бозии марҳилаи дувуми пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 миёни дастаҳои АГМК ва «Истиқлол» мебошад. Ба ӯ доварони марзи майдон – Ҷорҷ Лакриндис ва Марк Галлахер (ҳарду аз Австралия) кӯмак мекунанд.

Дмитрий Машенсев аз Қирғизистон довари эҳтиётӣ таъйин шудааст. Ҷассим Муҳаммад Ал-Хайл аз Қатар нозири доварон ва Камол Токобоев аз Қирғизистон комиссари ин бозӣ мебошанд.

Дар арафаи ин бозӣ дар як нишасти хабарӣ, ки дар Тошканд, дар меҳмонхонаи «Lotte», доир гардид, сармураббиёни ҳарду даста, минҷумла чунин гуфтанд:

Ҳаким Фузайлов, сармураббии «Истиқлол»:

— Қабл аз ҳама, мехоҳам ба мизбонон барои истиқболи гарму ҷӯшон изҳори сипос намоям. Дар бораи ҳарифамон ҳаминро гуфтаниам, ки мо бо даста аз Олмалиқ хуб ошно ҳастем, вале мебинам, ки ҳайати бошгоҳ амалан комилан тағйир ёфтааст. Фикр мекунам, ки моро муборизаи ҷозиб дар пеш аст.

Мирҷалол Қосимов, сармураббии АГМК:

— Мо ҳарифамонро эҳтиром мекунем, вале танҳо барои пирӯзӣ ба майдон мебароем. Мо якчанд бозии рақибамонро тамошо кардем. Аммо дар майдон муқобили ӯ бозӣ кардан тамоман дигар аст. Ҳама чиз фардо дар майдон ҳал мешавад.

Мирҷалол Қосимов, сармураббии АГМК.
Мирҷалол Қосимов, сармураббии АГМК.

Ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи “Истиқлол”, Федератсияи футболи Тоҷикистон сафари ройгони мухлисонро ба шаҳри Олмалиқи Узбекистон барои тамошои бозии АГМК ва “Истиқлол” ташкил кардааст. Барои дастгирии “Истиқлол” беш аз 100 мухлис тавассути се автобус аз Душанбе ба Олмалиқ меоянд.

Футболбозони «Истиқлол» дар ин бозӣ бо либоси муқаррарии рангаш сурху сиёҳ ва бозигарони АГМК бо либоси сафед ба майдон меоянд. Бар асоси дастури мусобиқот, дар мавриди бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтани замони асосии дидор ду қисми изофаи иборат аз 15-дақиқаӣ таъйин мешавад. Агар овертайм ғолибро муайян накунад, онгоҳ дастаҳо силсилаи пеналтӣ мезананд.

Бояд тазаккур дод, бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ва Узбекистон расман дар мусобиқоти осиёӣ 18 сол муқаддам рақобат кардаанд. Соли 2001 дар доираи Ҷоми ҷомдорони Осиё «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бар «Пахтакор»-и Тошканд (2:2, 3:1) ғолиб шуда буд.

Дар сурати пирӯзӣ бар АГМК, “Истиқлол” дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот баромадан 19-уми феврал дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рақобат мекунад.

Ҳаким Фузайлов, сармураббии "Истиқлол"
Ҳаким Фузайлов, сармураббии "Истиқлол"

Агар «Истиқлол» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 роҳ ёбад, онгоҳ бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» шомил мегардад. Рақибони қаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳҳои футболи «Ал-Васл» (Имороти Муттаҳидаи Араб), «Ал-Завра» (Ироқ), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф-4 («Ал-Ғарофа»-и Қатар, «Зоб Оҳан»-и Эрон, «Ал-Ваҳдат»-и Урдун ё «Кувайт»-и Кувайт) мешаванд.

Дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 роҳ ёфтани «Истиқлол», онгоҳ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ҷойи чорумро соҳиб шуд, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 бозӣ мекунад, зеро ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии кишвар - бошгоҳи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ - аз ташрифоти литсензионии AFC нагузашт.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019

Марҳилаи дувуми пешакӣ

12-уми феврал (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

АГМК (Узбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

Олмалиқ, варзишгоҳи АГМК

Плей-офф

19-уми феврал (сешанбе)

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – Ғолиби ҷуфти АГМК (Узбекистон/«Истиқлол» (Тоҷикистон)

XS
SM
MD
LG