Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти “Истиқлол” аз АГМК-и Узбекистон дар Лигаи қаҳрамонҳо


Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии марҳилаи дувуми муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 аз тими мизбон – АГМК-и Олмалиқ, барандаи Ҷоми Узбекистон-2018, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи мубориза ба сабқати гурӯҳӣ маҳрум гашт.

Дар ин бозӣ, ки рӯзи 12-уми феврал, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Олмалиқи Узбекистон баргузор шуд, ҳисобро дар дақиқаи 2-юми дидор Муҳаммадҷон Раҳимов, бозигари “Истиқлол”, боз кард. Ӯ тӯбро аз масофаи наздик, аз назди дарвоза, ба ҳадаф расонд.

Дар дақиқаи 25-ум Дилшод Ҷӯраев бо зарбаи сар тӯбро ба дарвозаи меҳмонон, ки онро Никола Стошич ҳимоя мекард, ворид намуда, ҳисобро баробар сохт. Дастаҳо бо ҳисоби мусовии 1:1 ба танаффус баромаданд.

Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 62-юм, тӯби ба назди дарвозаи мизбонон равона кардаи капитани “Истиқлол” Фатҳулло Фатҳуллоевро легионери узбекистонӣ Ҷалил Кимсанов бо зарбаи сар ба ҳадаф расонд. “Истиқлол” боз ба пеш баромад - 2:1.

Вале баъди даҳ дақиқа Санат Шихов, бозигари АГМК, ҳисобро баробар намуд – 2:2. Голи севуми мизбононро Ҷасурбек Ҳакимов дар дақиқаи 78-ум ва голи чорумро Зафар Полвонов дар дақиқаи 82-юм ба самар расониданд. Дарвоқеъ, ба ҷуз голи аввал, панҷ голи дигари ин бозӣ бо зарбаи сар аз масофаҳои наздик, аз назди дарвоза, зада шуд.

Довари ФИФА Ким Дон Ҷини 46-сола аз Кореяи Ҷанубӣ сардовари бозии марҳилаи дувуми пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 миёни дастаҳои АГМК ва «Истиқлол» буд. Ба ӯ доварони марзи майдон – Ҷорҷ Лакриндис ва Марк Галлахер (ҳарду аз Австралия) кӯмак карданд.

Дмитрий Машенсев аз Қирғизистон довари эҳтиётӣ, Ҷассим Муҳаммад Ал-Хайл аз Қатар нозири доварон ва Камол Токобоев аз Қирғизистон комиссари ин бозӣ буданд.

Ин аввалин бохти «Истиқлол» дар бозии расмӣ бо раҳбарии сармураббии нави даста Ҳаким Фузайлов ва нахустин пирӯзии АГМК дар бозии расмӣ таҳти раҳбарии сармураббии нави бошгоҳ Мирҷалол Қосимов буд.

Ҳамин тариқ, дастаи ғолиб - АГМК - дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот роҳ пайдо кардан 19-уми феврал дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рақобат мекунад. Вале “Истиқлол” аз ҳаққи мубориза ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 маҳрум шуд.

Ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи “Истиқлол”, Федератсияи футболи Тоҷикистон сафари ройгони мухлисонро ба шаҳри Олмалиқи Узбекистон барои тамошои бозии АГМК ва “Истиқлол” ташкил кард. Барои дастгирии “Истиқлол” садҳо мухлис аз Душанбе ва вилояти Суғд ба Олмалиқ рафтанд, вале ноумед шуданд.

Бояд тазаккур дод, пеш аз ин бозӣ бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ва Узбекистон расман дар мусобиқоти осиёӣ 18 сол муқаддам рақобат карда буданд. Соли 2001 дар доираи Ҷоми ҷомдорони Осиё «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бар «Пахтакор»-и Тошканд (2:2, 3:1) ғолиб шуда буд.

Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019

Марҳилаи дуюми муқаддамотӣ

АГМК (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 4:2

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 2 (0:1). Дилшод Ҷӯраев, 25 (1:1). Ҷалил Кимсанов, 62 (1:2). Санат Шихов, 72 (2:2). Ҷасурбек Ҳакимов, 78 (3:2). Зафар Полвонов, 82 (4:2).

АГМК (Олмалиқ, Узбекистон): Акбар Тӯраев, Мирҷамол Қосимов (Ҷасурбек Ҳакимов, 67), Дилшод Ҷӯраев, Санат Шихов, Зафар Полвонов, Зоҳир Пиримов (Ғуломҳайдар Ғуломов, 67), Ҷасур Ҳасанов (капитан), Мирғиёс Сулаймонов, Сайдулло Раҳматов, Сардор Раҳмонов, Бобурбек Юлдошев.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Искандар Ҷалилов, Алексей Ларин, Бахтиёр Қаландаров (Ҷалил Кимсанов, 19), Аҳтам Назаров, Алишер Ҷалилов, Миҳайло Сакич, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев (Комрон Турсунов, 80), Фатҳулло Фатҳуллоев (капитан, Нозим Бобоҷонов, 86), Муҳаммадҷон Раҳимов.

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷасур Ҳасанов (АГМК).

Огоҳӣ: Миҳайло Сакич, 21, Сайдулло Раҳматов, 47, Алексей Ларин, 55

Сардовар: Ким Дон Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ).

12-уми феврал. Олмалиқ. Варзишгоҳи АГМК.

Дар як нишасти хабарӣ, ки баъди анҷоми бозии АГМК ва “Истиқлол” шоми сешанбеи 12-уми феврал доир гардид, сармураббиёни ҳарду даста, чунин ибрози назар карданд:

Ҳаким Фузайлов, сармураббии «Истиқлол»:

Ҳаким Фузайлов, сармураббии "Истиқлол".
Ҳаким Фузайлов, сармураббии "Истиқлол".

- АГМК-ро бо ғалабааш табрик гуфта, дар марҳилаи баъдӣ барори кор мехоҳам. Мутаассифона, ҷойгоҳи бозигарони захиравии мо кӯтоҳ буд. Дар бораи бозӣ гуфтаниам, ки мо боз футболи зимистонаро дидем. Ҳамакнун ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК омодагӣ мебинем. Кори селексиониро пурзӯр кардан лозим меояд. Зарур аст, ки бозигарони навро дарёфт кунем, бе ин ба натиҷаҳои мусбат ноил шуда наметавонем.

Мирҷалол Қосимов, сармураббии АГМК:

- Росташро гӯям, бозии мушкилро анҷом додем. Русҳо мегӯянд, "Мо худамон проблемаҳо эҷод кардем, то ин ки баъд қаҳрамонона онҳоро паси сар намоем". Имрӯз чунин ҳолат рух дод. Ба шогирдонам ташаккур мегӯям. Онҳо дастури ситоди мураббиёнро иҷро карданд ва дар лаҳзаҳои мушкил ҳаросон нашуданд. Дар бораи ҳарифамон танҳо суханҳои хуб гуфта метавонам. Даста мунтазам дар Ҷоми АФК бозӣ мекунад, футболбозон таҷрибаи кофии байналмилалӣ доранд. Дар мо бошад, ҳатто дар Дубай, дар ҷамъомади таълимиву тамринии пеш аз мавсим ҳайати даста комил набуд. Вале ба ин нигоҳ накарда, футболбозон тавонистанд бозии хуб, дастаӣ нишон диҳанд ва натиҷаи мусбат ба даст оранд.

Ҳамакнун "Истиқлол" ширкати худро дар Ҷоми AFC дар минтақаи Марказӣ идома медиҳад. Қаҳрамони Тоҷикистон дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои "Дордой" (Қирғизистон), "Олтин Асир" (Туркманистон) ва ғолиби плей-офф рақобат мекунад. “Истиқлол” дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC рӯзи чоршанбеи 3-юми апрел дар майдони худ бо ғолиби плей-офф бозӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG