Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи марз бо Афғонистон. Дар тасвири мақомоти Тоҷикистону Русия. ВИДЕО


Сироҷиддини Мӯҳриддин дар нишасти хабарии рӯзи 12-уми феврал

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзоиши таҳдидҳои амниятӣ дар марз бо Афғонистонро рад кард. Сироҷиддини Мӯҳриддин гуфт, Тоҷикистон вазъро зери назорат дорад ва дар ҳоли ҳозир “ҳеч хатар аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ эҳсос намешавад”.

Изҳороти намояндагони баъзе аз кишварҳоро тасдиқ карда наметавонем. Мо дар масъалаҳои амниятӣ бо ҳукумати Афғонистон ҳамкории хуб дорем. Вазъият дар сарҳади мо муътадил аст

Русҳо чӣ мегӯянд?

Тайи ду-се ҳафтаи охир баъзе аз мақомдорони Русия ва матбуоти он кишвар вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро “буғранҷ ва хеле хатарнок” тасвир карданд. Дар изҳороти мақомҳои Русия иддао мешавад, ки гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва ҷангҷӯёни дигар ба тарафи марзи Тоҷикистон ҳаракат мекунанд.

Ба қавли онҳо, ҳадафи гурӯҳҳо ҳамла ба қаламрави кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) аст, ки зери назари Русия мебошад. Аз ҷумла, Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия рӯзи 28-уми январи имсол гуфт, ҷангҷӯёни ДИИШ "ба таври густурда... ба марзҳои Тоҷикистон интиқол меёбанд".

Вазир: “Тасдиқ карда наметавонем”

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар бораи таҷаммӯи гуруҳҳои террористӣ ва ҳаракати онҳо аз ҷануб ба шимоли Афғонистон маълумот надоранд. “Изҳороти намояндагони баъзе аз кишварҳоро тасдиқ карда наметавонем. Мо дар масъалаҳои амниятӣ бо ҳукумати Афғонистон ҳамкории хуб дорем. Вазъият дар сарҳади мо муътадил аст”, – афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Аз баҳси Эрон то марз бо Афғонистон. Вазири хориҷа чӣ гуфт?
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:45 0:00

Сироҷиддини Мӯҳриддин рад намекунад, ки дар он сӯи Омӯ “даҳҳо гурӯҳи террористӣ вуҷуд доранд”, вале гуфт, “марз ҷиддан таҳти назорат ва ором аст”.

Нигарониҳо дар пайи музокироти сулҳ бо Толибон

Коршиносони тоҷик мегӯянд, пахши чунин баёнияҳо аз даҳлезҳои Русия дар бораи ноамниҳои эҳтимолӣ дар марзи ҷанубии Тоҷикистон эҳтимол бо ҳадафҳои муайян пиёда мешаванд. Бахусус, ки ба гуфтаи коршинос Рашид Ғанӣ Абдулло, Амрико бо музокираҳои пай дар пай мехоҳад Толибонро бо ҳукумати Кобул оштӣ бидиҳад ва бо сари баланд аз минтақа хориҷ шавад.

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

"Барои Русия чӣ лозим аст? Ҳар хатаре, ки ба марзи кишварҳои муштаракулманофеъ метавонад бирасад, ба он вобастагӣ дорад: Афғонистон дар чӣ вазъ аст. Яъне кишвари орому босубот аст ё ноорому пурташаннуҷ? Инро ҳам бояд гӯям, ки Толибон ба марзи Тоҷикистон ҳеч хатар надоранд, онҳо бештар дар фикри ба низом даровардани манзили худашон ҳастанд", - афзуд ӯ.

Дар пайи ҷанги 17-сола дар Афғонистон дар Русияву Қатар ҳамзамон ду даври музокироти сулҳ бо Толибон ҷараён дорад. Яке бо миёнравии Вашингтон ва дигаре Маскав пиёда шудааст. Толибон дар шартҳои сулҳи худ гуфтаанд, ки ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар яке аз талаботи аслии онҳост.

Душанбе мегӯяд, бо ҳукумати қонунӣ ҳамкор аст

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои онҳо ҳамкорӣ бо ҳукумати қонунии Афғонистон, ки ҳоло аз ҷониби президент Ашраф Ғанӣ раҳбарӣ мешавад, дар авлавият аст. Вале агар, ба қавли вазир, ҷониби Афғонистон дархост кунад, Душанбе омода аст пешниҳоди ташкили музокираҳои сулҳ дар хоки Тоҷикистонро баррасӣ намояд.

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик гуфт, “наметавонем аз ҳоло вобаста ба музокироти Толибон ва нерӯҳои сиёсии Афғонистон хушбин бошем ва натиҷаашро мусбат арзёбӣ кунем. Дигар ин ки Толибон тавони ду даҳсолаи пешинро надоранд.”

Толибон оғози солҳои 1990-ум дар пайи ҷанг бо муҳоҷидон тавонистанд давоми панҷ сол – аз 1996 то 2001 – Афғонистонро бо зӯри мушт саркӯбгари худ таҳти назорат доштанд. Давраи раҳбарии ин гурӯҳи тундрав дар кишвар бо хушунат, поймолшавии сартосарии озодиҳои инсонӣ, ба вижа занону духтарон ҳамгом буд.

Майли Русия барои бозгашт ба марз кам нашудааст

Вале бо гузашти 17 сол аз сарнагунии қудрати Толибон аз тарафи нерӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико, ин кишвар ҳамоно назорати қаламравҳои муайян дар Афғонистонро нигоҳ медорад. Илова ба Толибон, ин кишвар макони будубоши гурӯҳҳои мусаллаҳи дигар, аз ҷумла, аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” шудааст.

Афғонистон бо Тоҷикистон 1400 километр марзи муштарак дорад ва хатти ин марз на танҳо аз лиҳози амниятӣ, балки таҳдидҳои қочоқи маводи мухаддир ҳам доғ мемонад.

Тоҷикистон ба таъкид мегӯяд, ки тавони таъмини амнияти марзҳояшро дорад. Аз соли 2005 нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон масъулияти назорат дар марзро аз Русия ба ӯҳдаи худ гирифтаанд. Вале тавре мунтақидон мегӯянд, талоши русҳо барои бозгашт ба ин қаламрав ҳеч гоҳ кам нашудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG