Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молики корхонаи азими мурғпарварии Рӯдакӣ 15 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Ҳасан Азимов, молики корхонаи парандапарварии ин ноҳияро ба иттиҳоми қаллобӣ ва фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин гунаҳкор дониста, барои 15 сол равонаи зиндон намуд.

Садриддин Наҷмиддинзода, додраси парванда рӯзи 14-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Азимов охири ҳафтаи гузашта содир шуда, зарари молии расонидаи ӯ ҳудуди ним миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.

Додрас таъкид намуд, ки ҳамроҳи Ҳасан Азимов як нафари дигар бо номи Алимуҳаммад Азизов, ки дар парванда ҳамчун миёнрав сабт шудааст, ба 11 соли зиндон маҳкум гардид.

Бархе аз сокинони ҳудуди корхонаи паррандапарварӣ мегӯянд, аз оддитарин шароити зист, аз қабили мактабу беморхона ва боғчаи кӯдакона маҳрум мебошанд.

Оғози парванда нисбати Ҳасан Азимов ва ҳамроҳаш дар пайи шикояти як гурӯҳ аз сокинони маҳаллаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакӣ, ки Азимов замин ва биноҳои корхонаи парандапарвариро ба онҳо додааст, сурат гирифт. Додраси парвандаи иброз дошт, ки худи Азимов зимни мурофиаҳои додгоҳӣ худро қисман гунаҳкор медонист ва мегуфт баъзе аз ҷабрдидаҳоро намешиносад ва ба онҳо қитъаи замин надодааст. Ҳамсӯҳбатамон таъкид намуд, ки дар ҷараёни мурофиаҳо иттиҳомоти эълоншуда алайҳи Азимов исботи худро ёфт ва феълан тақдири хонаҳое, ки сокинон ғайриқонунӣ бунёд карда, зиндагӣ доранд, маълум нест.

Ҳукми дигарбора пас аз 11 сол

​Ҳасан Азимов бори аввал 11 соли пеш бо ҷурми фурӯхтани 73 гектар замини корхонаи мазкур бар ивази 500 ҳазор сомонӣ, сӯиистифода аз мақом ва бисёрзанӣ ба зиндон маҳкум шуда, бар асоси қонуни афв озод гардида буд. Наздикони Ҳасан Азимов мегӯянд, аз ҳукми баровардаи додрас розӣ нестанд, вале дар мавриди бурдани шикояти кассатсионӣ ҳоло тасмим нагирифтаанд.

Гулнора, хоҳари Ҳасан Азимов рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи саломатии бародараш хуб нест ва боварӣ надорад, ки ӯ кадом кори ғайриқонуние карда бошад. "Бемории қанд ва фишорбаландӣ дорад. Бори охир, ки хабаргирияш рафта будам, аҳволаш бисёр бад буд. Ғами ҳамаро мехӯрд, ба бечораву бехонаҳо кӯмак мекард".

Як сокини маҳаллаи Истиқолол, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ ҳамчун ҷабрдида ширкат кардааст, иброз дошт, ки дар гузашта аз Азимов замин гирифта, хона бунёд карданд ва он замон онҳоро мутмаин сохта буданд, ки ҳеҷ мушкиле пеш намеояд, аммо баъдан дар ҳуҷҷатгузории манзилаш мушкилиҳои зиёд пеш омад.

Корхонаи мурғпарварии ноҳияи Рӯдакӣ.
Корхонаи мурғпарварии ноҳияи Рӯдакӣ.

Корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакиро замони Шӯравӣ ҳамчун "Корхонаи мурғпарварии ноҳияи Ленин" мешинохтанд. Қаламраве дар ҳудуди тақрибан 100 гектар замин, ки макони истеҳсоли миллионҳо дона тухм ва гушти мурғ ва як корхонаи муҳими истеҳсолӣ ба шумор мерафт, баъди пошхӯрии Шӯравӣ хеле тағйир ёфт. Корхонае, ки қаблан давлатӣ буд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он марҳила ба марҳила хусусӣ шуд.

Қисмати мурғпарварии корхона феълан дар ҳудуди 2 гектар замин боқӣ мондааст. Тибқи иттилои Раёсати омори ноҳияи Рӯдакӣ, дар ин корхона ҳамагӣ 5 ҳазор мурғ парвариш шуда, давоми соли 2018 ҳудуди 43 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст. Ин дар ҳолест, ки то се даҳсола пеш ин корхона як миллион мурғ дошт ва аз дигар минтақаҳои кишвар омада, аз ин макон тухм мебурданд.

Хонаҳои ғайриқонунӣ?

Маҳаллаи истиқоматие, ки дар ҳудуди корхона ташкил шудааст, беш аз 6 ҳазор сокин дорад. Мақомот гуфтан, аксар хонаҳои бунёдшуда дар маҳаллаи ба номи "Истиқлол"-и ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳия, ки корхонаи мурғпарварӣ ҳам бахше аз он аст, ҳуҷҷати расмӣ надоранд.

Қаблан Мирзомуддин Холов, заминсози ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аксар хонаҳое, ки дар ҳудуди корхонаи мазкур сохта шудаанд, ғайриқонунӣ буда, санади истифода аз заминро надоранд ва дар гузашта борҳо онҳоро огоҳ кардаанд, ки дар ин макон манзил насозанд.

Вале соҳибони ин хонаҳо дар баҳси қонунмандии манзилҳо худро ҳақ меҳисобанд. Даъвои аксари онҳо ин аст, ки бахши аъзами санадҳои расмиро дар ихтиёр доранд ва ҳам як суол доранд, ки чаро замони бунёди ин ҳама биноҳо ҳеҷ нафар ё масъуле монеи сохтмонҳо нашуд.

Қиёмиддин Асомуддинови 63-сола, як сокини маҳаллаи "Истиқлол"-и ҷамоати Мирзо Турсунзода, ки дар ҳудуди корхонаи мурғпарварӣ манзил бунёд кардааст, иддаои заминсози ҷамоатро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, замоне, ки сохтмони хонаҳо идома дошт, "ҳеҷ кас даъво накард ва назди мо наомад, аммо вақте хонаро сохтем, акнун аз мақомоти ноҳия комиссия омада, мепурсад, ки чаро бидуни ҳуҷҷат хона кардед?"

Бархе аз сокинони ҳудуди корхонаи парандапарварӣ мегӯянд, аз оддитарин шароити зист, аз қабили мактабу беморхона ва боғчаи кӯдакона маҳрум мебошанд.

Моҷарои бунёди хонаҳо дар ҳудуди корхонаи мурғпарварӣ

Моҷарои бунёди хонаҳои бидуни иҷозат дар ҳудуди корхонаи мурғпарварии ноҳияи Рӯдакӣ бори аввал солҳои 2007-2008 расонаӣ шуд. Дар доираи таҳқиқи парвандаи соҳибкор Ҳасан Азимов, Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, фурӯши қитъаҳои замин барои манзили зист аз ҳудуди корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ ва асноди манзили ҳудуди 400 хонавода ғайриқонунӣ аст ва ба тахриби ин манзилҳо ва баргардонидани қитъаҳои замин амр дод.

Ин ҳодиса боиси эътирози сокинон шуд, ки барои додхоҳӣ ба ҳукумати кишвар муроҷиат карданд. Он замон ин маҳалла Зайнабобод ном дошт ва баъдан ба "Истиқлол" тағйири ном кард.

Саёҳат Дадаҷонова, раиси ҷамоати шаҳракаи Мирзо Турсунзода, ки "Истиқлол" ба ҳудудҳои маъмурии он дохил мешавад, гуфт, баъди ин як қисми хонаҳои ин макон авф шуда, соҳибони баъзе манзилҳо санад гирифтанд. Ба гуфтаи Дадаҷонова, ин хонаҳо баъдан расман ба қайди ҷамоат ворид шуданд. Вале бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ӯ, қисме аз сокинон бо як ҳуҷҷати фабрикаи мурғпарварӣ меоянд ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин надоранд.

Заминфурӯшиҳои ғайриқонунӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Сарнавишти муааллақи сокинони ин маҳалла дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ аз заминфурӯшиҳои густурдаи ғайриқонунӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ интиқод карда, изҳор дошт, ки он ба як дарди бедаво табдил ёфтааст. Қаблан раиси ҷумҳур интиқод намуда буд, ки дар макони як корхонаи бузурги парандапарварии ноҳияи Рӯдаки ҳазорҳо хона ба таври ғайриқонунӣ сохта шудааст.

Ноҳияи Рӯдаки аз сераҳолитарин ноҳия дар Тоҷикистон буда, аҳолии он наздики ним миллион нафарро ташкил медиҳад. Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ин ноҳия ба шаҳри Душанбе хеле наздик аст, афроде, ки барои кору зиндагӣ ба шаҳри Душанбе меоянд ва шароити харидани манзил дар пойтахтро надоранд, бештар ба бунёди хона дар ҳудуди ноҳияи Рӯдаки таваҷҷӯҳ мекунанд.

XS
SM
MD
LG