Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Аврупо -- як медали Тоҷикистон ва 3 нишони тоҷикони муқими Русия


Паҳлавони тоҷик Муҳаммадризо Қувватов дар вазни зери зери 60 кило ҷои савум шуд.
Паҳлавони тоҷик Муҳаммадризо Қувватов дар вазни зери зери 60 кило ҷои савум шуд.

Варзишгарони тоҷик аз Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола, ки рӯзҳои 16-17-уми феврал дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, бо як медали биринҷӣ бармегарданд. Дар ин мусобиқоти бонуфуз ҳамчунин ду зодаи Тоҷикистон, ки Русияро намояндагӣ мекарданд медали тилло ва як нафар медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми Аврупо миёни писарону духтарони солҳои таваллудашон 1999-2001, ки дар Қасри варзиши “Юбилейний”-и шаҳри Санкт-Петербург шаби якшанбеи 17-уми феврал ба поён расид, 242 варзишгар (154 писар ва 88 духтар) аз 14 кишвар, аз он ҷумла шаш ҷумҳурии собиқи шӯравӣ –Беларус, Қирғизистон, Литва, Русия, Тоҷикистон ва Эстония, инчунин аз Австрия, Британияи Кабир, Италия, Кипр, Лаҳистон, Маҷористон, Нидерланд ва Руминия ширкат дошт.

Тоҷикистон бо касби як медали биринҷӣ пас аз Қирғизистон, ки бо касби як медали нуқра ҷойгоҳи ҳафтумро соҳиб гашт, дар ҷойгоҳи ҳаштум қарор гирифт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дувоздаҳ гуштигир дохил буд: Муҳаммадризо Қувватов, Давлаталӣ Назаралиев, Сиёвуш Солеҳов (ҳарсе дар вазни то 60 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев, Одина Муҳаббатов, Манучеҳр Раҷабов (ҳарсе дар вазни то 66 кг), Қурбоналӣ Бозоров ва Иброҳим Саидакбаров (ҳарду дар вазни то 73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Хушвахт Идиев, Фаридун Холиқзода (ҳарсе дар вазни то 81 кг) ва Эмомризо Анварзода (дар вазни то 100 кг).

Аз миёни онҳо танҳо Муҳаммадризо Қувватов соҳиби медал гардид. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило баъди се пирӯзӣ дар даври интихобӣ бар Анӯшервон Назарзода (Русия), Андрас Вида (Маҷористон) ва Дмитрий Котелников (Русия) ба нимфинал баромад. Вале Муҳаммадризо дар даври ниманиҳоӣ аз Хетаг Басаев (Русия) мағлуб шуд. Баъдан ӯ дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум бар Долаан Суван (Русия) пирӯзӣ ба даст оварда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар вазни зери 60 кило Хетаг Басаеви русиягӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Кубаничбек Ойбек Ууллу аз Қирғизистон ғолиб омад, барандаи медали тилло гардид.

Зодаи Тоҷикистон Мирзо Шукориев дар вазни зери 81 кило барандаи медали тилло шуд.
Зодаи Тоҷикистон Мирзо Шукориев дар вазни зери 81 кило барандаи медали тилло шуд.

Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар вазни зери 81 кило ба рақобатҳо аз даври дувум шуруъ кард, баъди ду пирӯзӣ бар Наврӯз Наврӯзов ва Даниил Умаров (ҳарду аз Русия) ба нимфинал баромад. Вале Ҷаҳонгир дар даври ниманиҳоӣ аз Иброҳимҳоҷӣ Сулаймонови русиягӣ шикаст хӯрд. Баъдан ӯ дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум аз Роберт Раҷкай (Маҷористон) мағлуб гардид ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб намуд.

Дар вазни зери 81 кило ду варзишгари русиягӣ дар қувваозмоии ниҳоӣ бо ҳам рақобат карданд. Мирзо Шукориев, ки бар ҳамватани худ Иброҳимҳоҷӣ Сулаймонов пирӯз шуд, медали тилло гирифт.

Дар ин мусобиқот инчунин боз се варзишгари тоҷик, ки дар Русия ба сар мебаранд ва дар Ҷоми Аврупо ин кишварро намояндагӣ карданд, се медал ба даст оварданд. Маҳмадбек Маҳмадбеков дар вазни зери 73 кило, Мирзо Шукориев дар вазни зери 81 кило бо медалҳои тилло ва Муллораҷаб Халифаев дар вазни зери 66 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Зодаи дигари Тоҷикистон Маҳмадбек Маҳмадбеков дар вазни зери 73 кило барандаи медали тилло шуд.
Зодаи дигари Тоҷикистон Маҳмадбек Маҳмадбеков дар вазни зери 73 кило барандаи медали тилло шуд.

​Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду рӯзи рақобатҳо дар Ҷоми Аврупо дар Санкт-Петербург дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 41 медал (10 тилло, 9 нуқра ва 22 биринҷӣ) ҷойгоҳи аввалро азони худ кард. Ҳолланд бо касби 6 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойгоҳи дувумро соҳиб шуд. Италия бо касби 1 медали тилло дар ҷойгоҳи севум қарор гирифт. Тоҷикистон бо касби як медали биринҷӣ пас аз Қирғизистон, ки бо касби як медали нуқра ҷойгоҳи ҳафтумро соҳиб гашт, дар ҷойгоҳи ҳаштум қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола дар шаҳри Санкт-Петербург аз байни ҳашт варзишгари тоҷик танҳо Ёқубҷон Назиров соҳиби медал гардида буд. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило баъди чор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Ҳолланд, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ҷопон ба финал баромад. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақиби дигари ҳолландиаш пирӯзӣ ба даст оварда, бо медали тилло сарфароз гашт.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола, шаҳри Санкт-Петербурги Русия, 16-17-уми феврал:

Писарон

-60 кг
1. БАСАЕВ Хетаг (Русия)
2. ОЙБЕК УУЛЛУ Кубаничбек (Қирғизистон)
3. КАРМОВ Малик (Русия)
3. ҚУВВАТОВ Муҳаммадризо (Тоҷикистон)

-66 кг
1. БУРМИСТРОВ Александр (Русия)
2. КОДЗОВ Кантемир (Русия)
3. МИСИРОВ Исмоил (Русия)
3. ХАЛИФАЕВ Муллораҷаб (Русия)

-73 кг
1. МАҲМАДБЕКОВ Маҳмадбек (Русия)
2. АҲМАРОВ Ҳамзат (Русия)
3. АГАЯН Армен (Русия)
3. АЛБОГАЧИЕВ Иброҳим (Русия)
-81 кг
1. ШУКОРИЕВ Мирзо (Русия)
2. СУЛАЙМОНОВ Иброҳимҳоҷӣ (Русия)
3. РАҶКАЙ Роберт (Русия)
3. УТСИЕВ Адам (Русия)

-90 кг
1. САТАЕВ Турпал (Русия)
2. СИДОРУК Александр (Беларус)
3. ЛОРСАНОВ Мансур (Русия)
3. УВАРОВ Андрей (Русия)

-100 кг

1. КАНИКОВСКИЙ Матвей (Русия)

2. ЕНДОВИТСКИЙ Валерий (Русия)

3. ИКСАНОВ Илдар (Русия)

3. ПАРХОМИН Савелий (Русия)

+100 кг

1. БАБАЯН Давид (Русия)

2. СИПОЖ Ричард (Маҷористон)

3. АКОПЯН Вардкез (Русия)

3. ДЗУТСЕВ Александр (Русия

XS
SM
MD
LG