Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳорсад муроҷиати мақомоти интизомӣ ба Маркази исломшиносии Тоҷикистон


Маркази исломшиносии Тоҷикистон мегӯяд, аксари маводҳое, ки аз ҷониби мақомотҳои судию тафтишотӣ бо гумони тарғиботи андешаҳои террористию экстремистӣ барои ташхис ба онҳо ирсол мегардад, тасдиқи худро намеёбанд.

"Аксари маводҳо тасдиқи худро намеёбанд"

Ба иттилои ин марказ, соли 2018 дар маҷмӯъ беш аз 400 муроҷиат бо ирсоли наздики 1500 мавод ба ин ниҳод барои анҷоми ташхиси илмӣ-диншиносӣ ироа гардидааст.

Боздошту ба маҳкама кашидани ҷавонон дар пай гузоштани лайк ва ё навиштани шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, борҳо расонаӣ шудааст.

Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносӣ рӯзи 15-уми феврал зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бисёр ҳолатҳое мешавад, ки мӯҳтавои маводҳо холисона мебароянд ва дар онҳо тарғиби терроризму экстремизм дида намешавад. Ӯ иброз дошт, ки онҳо танҳо мӯҳтавои маводҳоро меомӯзанду пешниҳод мекунанд, вале дар мавриди афроди гумонбар тасмими ниҳоиро мақомоти додгоҳӣ мегирад.

Муовини раиси Маркази исломшиносӣ афзуд, гузоштани лайк ва ё "поделится" намудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наметавонад дар парвандаҳои гумонбарони ифротгароӣ асос шавад ва расонаҳо дар инъикоси чунин ҳолатҳо бояд таваҷҷӯҳи бештар намоянд, то нофаҳмӣ ба миён наояд.

Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносӣ.
Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносӣ.

"Бовар кунед, чоряки ҳолатҳое, ки пешниҳод мешаванд, тасдиқи худро намеёбанд. Дар қонунгузории кишвар ҳам барои гузоштани "лайк" ё "поделится" кардан ягон асос нест", - афзуд ин корманди Маркази исломшиносии Тоҷикистон.

Рустам Азизӣ таъкид намуд, ки ҳолатҳое мешавад, ба саҳифаи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ нафари дигаре ворид шуда, аз номаш ҳар гуна маводҳои эктремистӣ нашр мекунад, ки тафтишот чунин ҳолатҳоро бояд муайян кунад.

"Масалан, аз номи як устоди донишгоҳ бисёр гапҳои хусусияти террористидошта аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, баъдан тафтишот маълум кард, ки соате, ки маводҳо нашр шудааст, аслан ӯ дар лексия будаст ва ба саҳифаи ӯ ворид шуда, аз номаш гап задаанд".

Тасдиқ наёфтани аксар маводҳои пешниҳоднамудаи мақомот дар робита ба тарғиби андешаҳои ифротгароӣ дар ҳолест, ки боздошту ба маҳкама кашидани ҷавонон дар пай гузоштани лайк ва ё навиштани шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо расонаӣ шудааст.

Чанд ҳолат зиндонӣ шудани афрод барои "лайк"

Фирӯз Абдулазизов, сокини ноҳияи Вахш, аз зумраи ҷавонҳоест, ки соли гузашта барои лайк гузоштан зери аксҳои гурӯҳҳои ифротӣ ба зиндон маҳкум гардид. Додгоҳ ӯро барои "класс" гузоштан зери аксу наворҳои тарғиботии гурӯҳҳои ифротӣ, ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Ҷавони дигаре аз ҳамин ноҳия барои "лайк" кардани суханронии Муҳиддин Кабирӣ - раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳарду барои "даъвати оммавӣ барои фаъолияти экстремистӣ" ҷазо гирифтанд. Ин ягона ҳолати боздошту маҳкум шудани ҷавонон дар пай гузоштани "лайк" нест.

Вазир: "Лайк гузоштан маънии гуногун дорад"

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал зимни як нишаст дар Душанбе ба масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидан барои тарғиби гурӯҳҳои экстермистӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дахл намуда гуфт, "гузоштани лайк маънии гуногун дорад, гоҳе тарафдор, гоҳе зид будан. Лекин барои дастгирӣ кардану паҳн намудани маводҳои хусусияти экстремистидошта дар шабакаҳои интернетӣ қонунгузории кишвар ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст".

Моҳи июни соли сипаришуда порлумони Тоҷикистон тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноиро тасвиб кард, ки дар он ҷазо аз ҷумла барои "классу лайк” гузоштан зери матолиби дорои мӯҳтавои ифротгароӣ сахттар шуд. Таҳрири нави ин кодекс барои даъвати оммавӣ ба амали террористӣ ва "сафедкунии оммавии терроризм" дар интернет аз 10 то 15 соли зиндон, пешбинӣ намудааст. Дар ин кодекс омадааст, писандидани чунин матолиб ба маънии тарафдорӣ аз фаъолиятҳои террористӣ тарғибу ташвиқи оммавии он аст.

"Агар дониста низ лайк гузоранд, набояд ҷиноят ҳисобида шавад"

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд аз ин банди қонун сӯистифода карда, афроди дигарандеш ва ё ҳар нафари дигари нохушоянд барои онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик

Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "баъзан аз ноогоҳӣ ҷавонон лайк мегузоранд, хабар надоранд, ки қонун чунин амалро ҷиноят меҳисобад. Лекин агар дониста низ лайк гузоранд, набояд ҷиноят ҳисобида шавад. Вақте як кас як чӣ менависад, шумо лайк мегузоред, мувофиқи мантиқи ҳуқуқи ҷиноӣ, ин ҷиноят намешавад. Бубинед, дар соли гузашта аз рӯи маълумоти вазири умури дохилӣ дар Тоҷикистон 873 ҷинояти терроризм ва экстремизм содир шудааст. Ин ҳеҷ дуруст намеояд, ки дар як кишваре, ки 9 миллион аҳолӣ дораду қисми зиёдаш дар хориҷ мардикоранд, ҳамин қадар ифротгароӣ бошад".

Ифротгароӣ барои Тоҷикистон яке аз мушкилиҳои умдае мебошад, ки аз соли 2015 ба ин тараф мақомот мубориза бо онро пурзӯр кардаанд. Тибқи омори расмӣ, аз соли 2015 то имрӯз наздики 1400 нафар бо иттиҳоми терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ҳамин тавр, наздики 1900 шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ пайвастанд. Мақомоти кишвар яке аз роҳҳои асосии пайвастани ҷавонон ба гурӯҳои ифротиро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG