Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкек


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшенқул Шопоков, ки аз 19-ум то 24-уми феврал дар пойтахти Қирғизистон - Бишкек - баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Қасри варзиши ба номи Кожомқули Бишкек барои бори 42-юм сурат мегирад, беш аз 100 варзишгар (занону мардон) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва ғайра иштирок мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар бо раҳбарии сармураббӣ Парвиз Аҳмадов даҳ муштзан дохил аст: занон - Рӯҳафзо Ҳақназарова (49 кг), Миҷгона Самадова (57 кг), Шоира Зулқайнарова (64 кг) ва Идимоҳ Холова (69 кг); мардон - Дилшод Оқилов (52 кг), Бахтовар Сагизов (57 кг, Баҳодур Усмонов (63 кг), Наврӯз Ҷафоев (75 кг), Аҳмадҷон Саидов (75 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг).

Инчунин ба ҳайати Тоҷикистон дар ин мусобиқа мураббиён Мирзо Шамсиев, Ҷамшед Султонов, Баҳром Усмонов ва довар Акмалҷон Абдуллоев шомиланд.

Рақобатҳо аз рӯи ҳашт дараҷаи вазнҳо миёни мардон (то 52 кг, то 57 кг, то 63 кг, то 69 кг, то 75 кг, то 81 кг, то 91 кг, беш аз 91 кг) ва панҷ дараҷаи вазнҳо миёни занон барпо мегардад (то 49 кг, то 57 кг, то 64 кг, то 69 кг, то 75 кг).

Бояд гуфт, ки ин аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс дар мавсими имсола ба шумор меравад, ки ҳамасола дар Қирғизистон сурат мегирад ва барои ҳаводорони бокс анъанавӣ гардидааст.

Варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшенқул Шопоков дар Бишкек панҷ медал ба даст оварда буданд. Мадина Ғаффорова дар сабқати занон дар вазни то 51 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Шӯҳрати Абдулазиззода дар вазни то 91 кило дар сабқати мардон бо медали нуқра мукофотонида шуд. Се муштзани дигари тоҷик - Фурқатҷони Одилҷон дар вазни то 60 кило, Баҳодур Усмонов дар вазни то 64 кило ва Аҳмадҷон Саидов дар вазни то 81 кило - барои ҷойҳои севум медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

XS
SM
MD
LG