Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Amnesty International” : Тоҷикистон аз қонуни "агенти хориҷӣ" пайравӣ кард


СозмониAmnesty International” мегӯяд, қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ” дар Русия кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба қабули қонуни монанд ба он водоштааст.

Қонун дар бораи “агентҳои хориҷӣ” соли 2012 дар Русия қабул шуд, ки фаъолияти расонаҳо ва созмонҳои ҷамъиятиеро, ки аз хориҷ саромоягузорӣ мешаванд, маҳдуд кард.

СозмониAmnesty International” дар гузориши тозаи худ, ки 20-уми феврал нашр шуд, навиштааст, зоҳиран Тоҷикистон низ бо пайравӣ аз Русия соли 2015 қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро тасвиб кард. Ба навиштаи Amnesty International”, созмонҳои ҷамъиятӣ бар асоси ин қонун пеш аз дарёфти сармояи хориҷӣ аз вазорати адлияи Тоҷикистон иҷозат мегиранд ва аз сарфи он ба ин вазорат ҳисобот медиҳанд.

Amnesty International” навиштааст, қонуне, ки фаъолияти созмонҳои ҷамъиятиро маҳдуд мекунад, пас аз Русия дар Озарбойҷон ва Қазоқистон низ қабул шуд.

Охири моҳи майи соли 2015 қонуни мазкур дар порлумони кишвар бо ширкати 20 намояндаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва вакилони кумитаҳои порлумон мавриди баҳс қарор гирифта буд. Тарафи ҳукумат ин тағйирро шафофият ва танзими фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ унвон кард, вале созмонҳои ғайридавлатӣ ин иқдомро ҳамчун фишор ба фаъолияти ин созмонҳо маънидод намуда буданд.

Дар Русия низ бо қабули қонун дар бораи “агенти хориҷӣ” ба Вазорати вазорати адлияи ин кишвар ҳақ медиҳад, расонаҳои хориҷии мустақар дар Русия ва ё он расонаҳое, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, “маъмури хориҷӣ” унвон диҳад.

XS
SM
MD
LG