Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар “Grand Slam Duesseldorf 2019” маълум шуданд


Қуръакашии мусобиқоти байналмилалӣ оид ба ҷудо Grand Slam Duesseldorf 2019” (“Тоскӯлоҳи бузург”), ки рӯзҳои 22-24-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад, рақибони паҳлавонони тоҷикро маълум кард.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти байналмилалии “Grand Slam Duesseldorf 2019” 606 варзишгар (362 мард ва 244 зан) аз 93 кишвар иштирок мекунад. Мусобиқот дар толори бузургтарини варзишӣ - ISS Dome, ки дорои 15 ҳазор ҷойгоҳ барои тамошогарон аст ва дар онҷо бозиҳои лигаи ҳоккей барпо мегарданд, сурат мегирад.

Тоҷикистонро панҷ варзишгар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Акмал Муродов (дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кг) ва Саидҷалол Саидов (дар вазни зери 100 кг) - намояндагӣ мекунанд.

Бар асоси қуръакашӣ, ки 21-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон доир гардид, дар даври аввали рақобатҳо Беҳрӯзи Хоҷазода бо Артём Хомула (Украина), Сомон Маҳмадбеков бо Игор Вандтке (Олмон), Акмал Муродов бо Тимо Кавелиус (Олмон), Комроншоҳи Устопириён бо Маркус Ниман (Шведсия) ва Саидҷалол Саидов бо Ҷоаким Дварбӣ (Шведсия) қувваозмоӣ мекунанд.

Бояд тазаккур дод, Дюсселдорф, ки солҳои тӯлонӣ мизбони мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи Гран-прии ҷудо буд, аз моҳи феврали гузашта барои аввалин бор мусобиқотро дар мақоми нав баргузор кард. «Тоскӯлоҳи бузург» ҳамчун яке аз давраҳои мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ки рейтинги баландтар дорад, дар ин шаҳри Олмон баргузор мешавад.

Зимнан, мусобиқот дар Дюсселдорф, ки баъди Гран-прии Телавиви Исроил ва «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Фаронса севумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд. Барои медали тилло 1000 имтиёз, «нуқра» - 700 ва «биринҷӣ» - 500 имтиёз дода мешавад.

Имрӯз, 22-юми феврал, занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи шанбеи 23-юми феврал барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқот рӯзи якшанбе, 24-уми феврал, бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Ба ин тартиб, се гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов - рӯзи шанбеи 23-юми феврал, ду нафари дигар - Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов – рӯзи якшанбеи 24-уми феврал – рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG