Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт даста дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2019


Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсиони футболи Тоҷикистон)-2019, ки аз 24-уми феврал то 5-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, ҳашт даста ширкат меварзад.

Бар асоси қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2019 , ки рӯзи 23-юми феврал дар маҷлисгоҳи Федератсиони футоли Тоҷикистон доир гардид, дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Душанбе-83» (Душанбе), «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Гулистон» (Гулистон), «Истиқлол» (Душанбе), «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ) дохиланд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ имрӯз, 24-уми феврал, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо бозиҳои гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Душанбе-83» - «Регар-ТадАЗ» ва «Арал» - «Истаравшан» оғоз меёбад.

Рӯзи душанбе, 25-уми феврал, ба мубориза дастаҳои гурӯҳи «Б» шуруъ мекунанд. Аввал футболбозони дастаҳои «Гулистон» ва «Кӯктош», баъдан бозигарони тимҳои «Истиқлол» ва «Ҳулбук» вориди рақобатҳо мешаванд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ ба нимфинал аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ роҳ пайдо мекунанд. Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ рӯзи сешанбеи 5-уми март баргузор мешавад.

Ҷоми ФФТ. Марҳилаи ниҳоӣ.

Гурӯҳи «А»: «Душанбе-83» (Душанбе), «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ), «Истаравшан» (Истаравшан), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода).

Гурӯҳи «Б»: «Гулистон» (Гулистон), «Истиқлол» (Душанбе), «Ҳулбук» (Восеъ), «Кӯктош» (Рӯдакӣ).

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

Гурӯҳи «А»

24 феврал (якшанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Регар-ТадАЗ»

14:00 – «Арал» – «Истаравшан»

Гурӯҳи «Б»

25 феврал (душанбе)

11:00 – «Гулистон» – «Кӯктош»

14:00 – «Истиқлол» – «Ҳулбук»

Даври 2-юм

Гурӯҳи «А»

26 феврал (сешанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Истаравшан»

14:00 – «Арал» – «Регар-ТадАЗ»

Гурӯҳи «Б»

27 феврал (чоршанбе)

11:00 – «Гулистон» – «Ҳулбук»

14:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош»

Даври 3-юм

Гурӯҳи «А»

28 феврал (панҷшанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Арал»

14:00 – «Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ»

Гурӯҳи «Б»

1 март (ҷумъа)

11:00 – «Ҳулбук» – «Кӯктош»

14:00 – «Гулистон» – «Истиқлол»

Нимфинал

3 март (якшанбе)

11:00 – 1 «А» – 2 «Б»

14:00 – 1 «Б» – 2 «А»

5 март (сешанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

14:00 – Финал.

XS
SM
MD
LG