Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ: "Истаравшан" ва "Истиқлол" - пешсафони марҳилаи ниҳоӣ


Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2019, ки бо ширкати ҳашт даста 24-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор шуруъ шуд, то рӯзи 5-уми март идома меёбад.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» - «Душанбе-83» (Душанбе), «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), ба гурӯҳи «Б» - «Гулистон» (Гулистон), «Истиқлол» (Душанбе), «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ) дохиланд.

Ду бозии даври аввал дар гурӯҳи «А» рӯзи якшанбеи 24-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардид. Нахуст бозӣ миёни дастаҳои «Душанбе-83» ва «Регар-ТадАЗ» баргузор шуд, ки бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар бозии дигар дастаи «Истаравшан», ки боз ба лигаи олӣ баргашт, ба дарвозаи тими «Арал» ҳашт голи беҷавоб зад.

Рӯзи душанбеи 25-уми феврал ба мубориза барои Ҷоми ФФТ дастаҳои гурӯҳи «Б» шуруъ карданд. Аввал футболбозони «Гулистон» ва «Кӯктош» вориди рақобат шуданд. Бозӣ бо пирӯзии “Кӯктош”, ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон, бо ҳисоби 3:1 ба поён расид.

Баъдан бозигарони тимҳои «Истиқлол», барандаи феълии Ҷоми ФФТ ва «Ҳулбук» қувваозмоӣ карданд. Бозӣ ба нафъи “Истиқлол” бо ҳисоби 5:3 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2019 “Истаравшан” дар гурӯҳи “А” ва “Истиқлол” дар гурӯҳи “Б” бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Имрӯз, 26-уми феврал, ду бозии даври дувум дар гурӯҳи «А» доир мешавад. Аввал дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дастаҳои «Душанбе-83» ва «Истаравшан» ба майдон меоянд, баъдан тимҳои «Арал» ва «Регар-ТадАЗ» рақобат мекунанд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба нимфинал роҳ пайдо мекунанд. Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ рӯзи сешанбеи 5-уми март баргузор мешавад.

Ҷоми ФФТ. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Душанбе-83» – «Регар-ТадАЗ» – 2:2

Голҳо: Алтарӣ Шелдорӣ, 39 (0:1). Ҳасан Рустамов, 54 (0:2). Дилшод Расулов, 63 (1:2). Абдул Салом, 88 (2:2).

Бозигари беҳтарин: Исмоил Алимардонов («Душанбе-83»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

24 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

«Арал» – «Истаравшан» – 0:8

Голҳо: Илҳом Баротов, 15 (0:1). Сантос де Силва Вендер, 24 (0:2). Зиёвуддин Фузайлов, 32 (0:3). Зиёвуддин Фузайлов, 58 (0:4). Бахтовар Зокиров, 72 (0:5). Илҳом Баротов, 80 (0:6). Илҳом Баротов, 83 (0:7). Тулқин Умаров, 87 (0:8).

Бозигари беҳтарин: Илҳом Баротов («Истаравшан»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

24 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истаравшан» (Истаравшан)

1

1

0

0

8-0

3

2

«Душанбе-83» (Душанбе)

1

0

1

0

2-2

1

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

0

1

0

2-2

1

4

«Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ)

1

0

0

1

0-8

0

Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум

«Истиқлол» – «Ҳулбук» – 5:3

Голҳо: Аваз Қамчинов, 13 (0:1). Шериддин Бобоев, 23 (1:1). Шериддин Бобоев, 29 (2:1). Аҳтам Назаров, 37 (3:1). Алишер Ҷалилов, 44 (4:1). Шериддин Бобоев, 53 (5:1). Довуд Шомадов, 68 (5:2). Раҷаб Холмирзоев, 83 (5:3).

Бозигари беҳтарин: Шериддин Бобоев («Истиқлол»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

25 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

«Гулистон» – «Кӯктош» – 1:3

Голҳо: Муҳриддин Одилов, 8 (0:1). Ислом Усмонов, 38 – аз пеналтӣ (1:1). Меҳроҷиддин Музаффаров, 58 (1:2). Нодирбек Иброҳимов, 90+3 (1:3).

Аз майдон хориҷ шуд: Азизбек Султонов («Кӯктош»), 79 – корти 2-юми зард.

Бозигари беҳтарин: Нодирбек Иброҳимов («Кӯктош»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

25 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

5-3

3

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

1

1

0

0

3-1

3

3

«Ҳулбук» (Восеъ)

1

0

0

1

3-5

0

4

«Гулистон»

1

0

0

1

1-3

0

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 2-юм

Гурӯҳи «А»

26 феврал (сешанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Истаравшан»

14:00 – «Арал» – «Регар-ТадАЗ»

Гурӯҳи «Б»

27 феврал (чоршанбе)

11:00 – «Гулистон» – «Ҳулбук»

14:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош»

Даври 3-юм

Гурӯҳи «А»

28 феврал (панҷшанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Арал»

14:00 – «Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ»

Гурӯҳи «Б»

1 март (ҷумъа)

11:00 – «Ҳулбук» – «Кӯктош»

14:00 – «Гулистон» – «Истиқлол»

Нимфинал

3 март (якшанбе)

11:00 – 1 «А» – 2 «Б»

14:00 – 1 «Б» – 2 «А»

5 март (сешанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

14:00 – Финал.

XS
SM
MD
LG