Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӯпони тоҷик пас аз 53 рӯз аз асорати қочоқбарони афғон озод карда шуд


Тӯрахон Нурматов, чӯпони рабудашудаи тоҷик баъд аз 53 рӯз аз асорати қочоқбарони афғон озод карда шуд. Қочоқбарон Нурматовро рӯзи якуми январи имсол дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон рабуданд.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин чӯпони тоҷик рӯзи ҷумъаи 22-юми феврал дар пай як амалиёти нерӯҳои интизомии Тоҷикистон аз асорати қочоқбарони афғон раҳо карда шуд.

Тафсилоти бештари ин амалиёт аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон то ба ҳол шарҳ дода нашудааст. Айни ҳол маълум нест, ки амалиёти озодсозии ин чӯпони тоҷик дар қаламрави Афғонистон сурат гирифтааст ё дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон. Моҳи гузашта Тӯрахон Нурматов дар тамоси телефонӣ бо наздиконаш гуфта буд, ки дар қаламрави Афғонистон қарор дорад.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ин чӯпони тоҷик айни ҳол барои бозпурсӣ ба Душанбе интиқол дода шудааст. Ва ин низ маълум нест, ки алайҳи ӯ парванд боз мешавад ё не.

Гурӯҳе, ки Нурматовро рабуда буданд, бар ивази озодии ӯ аз як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 40 ҳазор доллар талаб доштанд. Маблағе, ки ба иддаои онҳо, аз фурӯши маводи мухаддир дар дасти шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Ин гурӯҳ бо хонаводаи Тӯрахон Нурматов ба рақами телефоне тамос мегирифтанд, ки аз Абдуғаффор Қурбонов, соҳиби рамаи гӯсфандон гирифтаанд. Қочоқбарон иддао доштанд, ки бародарзодаи Қурбонов қарздор аст.

Абдуғаффор Қурбонов, сокини деҳаи Мишкорони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қаблан дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, нисфирӯзии 1-уми январ се силоҳбадаст ба чарогоҳи гӯсфандони ӯ омаданд. Ба гумонаш касе кочоқбаронро ҳадафмандона ба чарогоҳ роҳнамоӣ кардааст, то қасоси бародарзодаашро аз ӯ ситонанд.

Мақомот мегӯянд, ҳодисаҳои гаравгонгирӣ дар марз бо Афғонистон дар муқоиса ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст. То соли 2013 соле то ду ё се бор сокинони деҳоти наздимарзӣ аз ҷониби кочоқбарон рабуда мешуданд. Дар аксар мавриди ин гарагвонгирҳо ба кочоқи маводи мухаддир рабт дода мешавад.

XS
SM
MD
LG