Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ: Мусовии "Истаравшан" ва бурди "Регар-ТадАЗ" дар даври дувум


Даври дувуми сабқати гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2019, ки бо ширкати ҳашт даста дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ҷараён дорад, рӯзи 26-уми феврал бо ду бозӣ дар гурӯҳи «А» шуруъ шуд.

Аввал дастаҳои «Душанбе-83»-и Душанбе ва «Истаравшан»-и Истаравшан ба майдон омаданд. Бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Баъдан тимҳои «Арал»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби бузурги 7:0 ба нафъи «Регар-ТадАЗ» ба поён расид.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври дувуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2019 дар гурӯҳи “А” дастаҳои “Истаравшан” ва «Регар-ТадАЗ» бо чоримтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд.

Имрӯз, 27-уми феврал, ду бозии даври дувум дар гурӯҳи «Б» доир мешавад. Аввал дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дастаҳои «Гулистон»-и Гулистон ва «Ҳулбук»-и Восеъ, баъдан «Истиқлол»-и Душанбе ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ рақобат мекунанд. Дар ин гурӯҳ дастаҳои “Истиқлол” ва «Кӯктош» бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» - «Душанбе-83» (Душанбе), «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), ба гурӯҳи «Б» - «Гулистон» (Гулистон), «Истиқлол» (Душанбе), «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ) дохиланд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба нимфинал роҳ пайдо мекунанд. Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2019 рӯзи сешанбеи 5-уми март баргузор мешавад.

Ҷоми ФФТ. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

«Душанбе-83» – «Истаравшан» – 0:0

Аз майдон хориҷ шуданд: Парвиз Ҳамидов («Душанбе-83»), 45+2 – корти 2-юми зард, Фаридун Деҳқонов («Истаравшан»), 45+2 – корти 2-юми зард.

Бозигари беҳтарин: Бенҷамин Асамоа («Душанбе-83»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

26 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

«Арал» – «Регар-ТадАЗ» – 0:7

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 8 (0:1). Ҳасан Рустамов, 14 (0:2). Наврӯз Рустамов, 18 (0:3). Ҳикматулло Расулов, 24 (0:4). Шелдорӣ Акбарӣ, 26 (0:5). Амирҷон Сафаров, 75 (0:6). Расул Пайзов, 85 (0:7).

Бозигари беҳтарин: Расул Пайзов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

26 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 50 тамошобин.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

1

1

0

8-0

4

2

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

1

1

0

9-2

4

3

«Душанбе-83» (Душанбе)

2

0

2

0

2-2

2

4

«Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ)

2

0

0

2

0-15

0

Гурӯҳи «Б»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

5-3

3

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

1

1

0

0

3-1

3

3

«Ҳулбук» (Восеъ)

1

0

0

1

3-5

0

4

«Гулистон» (Гулистон)

1

0

0

1

1-3

0

Тақвими бозиҳои боқимонда

Гурӯҳи «Б»

27 феврал (чоршанбе)

11:00 – «Гулистон» – «Ҳулбук»

14:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош»

Даври 3-юм

Гурӯҳи «А»

28 феврал (панҷшанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Арал»

14:00 – «Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ»

Гурӯҳи «Б»

1 март (ҷумъа)

11:00 – «Ҳулбук» – «Кӯктош»

14:00 – «Гулистон» – «Истиқлол»

Нимфинал

3 март (якшанбе)

11:00 – 1 «А» – 2 «Б»

14:00 – 1 «Б» – 2 «А»

5 март (сешанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

14:00 – Финал

XS
SM
MD
LG