Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои расидан ба мактаб 7 километр роҳро тай мекунанд. ВИДЕО


Барои расидан ба мактаб 7 километрро тай мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед

Гуруҳе аз муҳассилон дар мактаби рустои Долобу дар вилояти Норини Қирғизистон аксаран ба соати аввали дарсҳо дер меоянд ва ё умуман намеоянд. Муаллимон ҳам муҳассилонро сахт намегиранд, чун медонанд, ки кӯдакон чанд километрро пиёда тай карда ва аз роҳи дур меоянд.

Дар роҳ мошинҳоро нигаҳ медоранд. Баъзан дер мекунанд, ҳарчанд ин муваққатист. Ҳамин ки автобуси мактабро таъмир кардем, онҳоро бо мошин меорем.

Бо расидани бомдод кӯдаконе, ки ба сахтӣ аз хоби ширин бедор шудаанд, бояд ба мактаб шитобанд, чун мумкин аст, дер кунанд. Барои расидан ба мактаб якуним соат зарур аст.

Аз хонаводаи Наргиза Барктабосова, сокини деҳаи Оқтам, 5 нафар ба мактаб мераванд. Духтари калонӣ ба синфи 8 меравад. Фарзанди хурдӣ дар синфи ибтидоӣ аст.

"Вақте ҳаво бисёр сард шуд, албатта, кӯдаконро намегузорем ба мактаб бираванд. Метарсем, ки чӣ гуна ба мактаб мераванд, чӣ гуна дар чунин ҳаво ба хона бармегарданд", - нақл кард Наргиза Барктабосова.

Кӯдаконе, ки дар рустои кӯҳистони Оқтам зиндагӣ мекунанд, зоҳиран ба чунин сардиҳо одат кардаанд. Фарзандони 20 хонавода аз ин русто ба канори роҳи Тошбошат дар вилояти Норин меоянд ва ҳар мошинеро, ки омад, нигаҳ медоранд.

Амонтур Жанишбек-уулу мегӯяд, "агар мошин истод, аввал кӯдакон ва духтаронро савор мекунем. Худамон пиёда меравем. Агар мошине пайдо шуд, то мактаб мерасонад."

Амонтур мегӯяд, агар мошин ёфт нашуд, пиёда мераванд ва ба дарсҳо дер мемонанд, ё аслан ба мактаб намераванд. Ва ҳамингуна зиёд мешавад. Дар рӯзҳои сарди зимистон ҳам бачаҳо бояд 7 километр роҳро тай кунанду ба мактаб бирасанд. Онҳо мегӯянд, аз канори рӯдхонаи Норин ҳаракат мекунанд ва то расидан ба мактаб сардӣ то ба устухонашон мерасад.

Вақте вориди мактаб мешаванд, дарси аввал тамом шуда, дарси дувум оғоз меёбад. Омӯзгорон ба дер мондани бачаҳо одат кардаанд.

Қундуз Турсунбоева, мудири бахши таълими мактаби Долобу, гуфт, "дар роҳ мошинҳоро нигаҳ медоранд. Баъзан дер мекунанд, ҳарчанд ин муваққатист. Ҳамин ки автобуси мактабро таъмир кардем, онҳоро бо мошин меорем. Дер мондани онҳоро дарк мекунем."

Соли гузашта сарпарастони мактаб барои онҳо як автобуси хурде хариданд, вале автобус зуд-зуд ва бахусус дар зимистон вайрон мешавад. Ҳоло таъмирталаб ва дар "гараж" аст.

XS
SM
MD
LG