Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хона – мактаб. “Фарзандони мо дувумдараҷа ҳастанд?” ВИДЕО


Аҳолии деҳаи Танёл, воқеъ дар ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, аз ҳазор нафар гузаштааст. Аммо солҳост, ки мактаби ин деҳа дар ошёнаи аввали як манзили шахсӣ ҷойгир аст. Сокинони деҳаи Танёл гуфтанд, ки беш аз бист сол боз давутози онҳо барои бунёди мактаби нав идома дорад.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

“Фарзандони мо дувумдараҷа ҳастанд?”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00

Гоҳ-гоҳе бо соҳиби хона суҳбат мекунем. Ӯ мепурсад, ки сохтмони мактаби нав кай оғоз мешавад ва мо кай мекӯчем? Кӯдакони ин хонавода ҳоло хурданд. Агар калону хонадор буданд, кайҳо дар кӯча мемондем

Бозоролӣ Расулов, раиси деҳаи Танёл, рӯзи 22-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тӯли ин муддат ба ҳама идора сар заданд, вале ба ҷуз ваъда чизи дигар нагирифтанд. “Ба ҳамаи ташкилоту ниҳодҳо муроҷиат кардем. Намедонем, чаро то ҳол масъалаи мо ҳал нашудааст. Ё фарзандони мо дувумдараҷа ҳисоб мешаванд?” – суол гузошт ӯ.

Ҳоло тақрибан 100 хонандаи синфҳои аз 1 то 4-ум дар ин мактаб, яъне дар ошёнаи аввали манзили шахсӣ, таҳсил мекунанд. То миёнаи солҳои ҳаштодум ин бино бошгоҳи саҳроӣ буд ва гоҳе талабаҳо мавсимӣ дар ду ҳуҷраи он таҳсил мекарданд. Баъди пошхӯрии хоҷагиҳои коллективӣ ё колхозҳо ин бино шахсӣ шуд. Соҳиби он сокини Танёл аст. Ӯ ба хотири дур будани роҳи мактаби деҳаи ҳамсоя хонандаҳоро дар табақаи аввали хонааш ҷой додааст.

Бозоралӣ Расулов
Бозоралӣ Расулов

Бозоралӣ Расулов мегӯяд, ду сол пеш шаҳрдории Кӯлоб барои мактаб 2 гектар замин ҷудо кард, аммо сохтмонаш ҳанӯз сар нашудааст. Ӯ гуфт, “ҳамин қадар навиштем, ки кӯдакон дар хонаи шахсӣ таҳсил доранд, касе ба мушкили мо расидагӣ намекунад. Мактаби дигар аз ҷои зисти мо се километр дур аст ва соле нест, ки ҳангоми мактабравӣ кӯдакон ба садама наафтанд.”

Нурҷон Қосимова, яке аз омӯзгорони мактаби Танёл, аз соли 1991 боз ба таълими хонандагон машғул аст. Ӯ мегӯяд, дар ин муддат боре ҳам соҳиби хона онҳоро аз маҳалли дарсашон наронд. “Гоҳ-гоҳе бо соҳиби хона суҳбат мекунем. Ӯ мепурсад, ки сохтмони мактаби нав кай оғоз мешавад ва мо кай мекӯчем? Кӯдакони ин хонавода ҳоло хурданд. Агар калону хонадор буданд, кайҳо дар кӯча мемондем”, - гуфт Нурҷон Қосимова.

Бархе аз омӯзгорони ҷавони муассиса худашон синфи ибтидоиро дар ҳамин бино хондаанд. Мунира Муродова, омӯзгори 33-солаи ин мактаб, гуфт, аз хурдӣ орзу мекард, ки барои онҳо мактаб бисозанд, аммо то ҳол ин орзуяш амалӣ нашудааст. Вай гуфт, "барои мо ҳам мушкил аст. Бино дар лаби рӯд ҷойгир шудааст ва вақти боронгарӣ маҷбур мешавем, кӯдаконро аз болои пул гузаронда, ба хонаҳояшон фиристем. Дар рӯзҳои зимистон, вақте ҳаво абрӣ шуд, маҷбурем бо чароғ талабагонро дарс диҳем"

Нафаре, ки ин биноро хусусӣ карда, ба манзил табдил додааст, мегӯяд, онҳо интизори сохтани мактаб аз сӯи мақомот ҳастанд. Ин аст, ки то ҳол атрофи ин хона маҳкам карда нашудааст ва хонавода қасд надорад, то бунёди мактаб хонандагонро аз инҷо биронад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони идораи маорифи шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо аз ин вазъ огоҳанд ва, қарор аст, то соли 2018 сохтмони мактаб дар ин деҳа оғоз шавад. Ҳабибулло Сангов, як масъули шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб, гуфт, “ҳоло фақат як мактаб дар хонаи шахсӣ мондааст, ки он ҳам мактбаи деҳаи Танёл аст. Аммо ба зудӣ дар ин деҳа мактаби замонавӣ бунёд хоҳад шуд.”

Бинои "вагон-мактаб" дар наздикии пойтахти Тоҷикистон
Бинои "вагон-мактаб" дар наздикии пойтахти Тоҷикистон

Деҳаи Танёли ҷамоати Даҳана дар 25-километрии маркази шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, дар мактаб – хона ҳудуди 100 хонанда дар ду баст таълим мегиранд. Бо вуҷуди сохтмонҳои зиёди мактба дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, мақомот мегӯянд, ҳанӯз ҷои нишасту маҳалли дарс ба хонандагон кифоят намекунад. Қаблан дар бораи дар вагон ва биноҳои вайрона таҳсил карлани хонандагон гузориш расида буд.

XS
SM
MD
LG