Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Касе, ки як шаб ба кулбаи мо ояд, баъд шароитро мефаҳмад". ВИДЕО


Сардиҳои зимистони имсола зиндагии Худойқул Урозов ва ҳамсару кӯдакони ӯро талх кардааст. Ин хонаводаи иборат аз панҷ нафар баъди як имзои Худойқул Урозов дар 2 соли пеш аз манзили падарӣ дар ноҳияи Панҷ маҳрум шуда, ҳоло дар як кулбаи “оҳанӣ” дар рустои Кокули ноҳияи Фархор, ҳаммарз бо Афғонистон, зиндагӣ доранд.

Додарам гуфт, ки намешавад ба ту 10 сотих замин гирифта диҳему мо дар хонаи падарӣ монем? Ваъда доданд, дар се моҳ хонаи нав сохта медиҳанд ва дар як коғаз имзои маро гирифтанд.

Урозов рӯзи 20 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин кулбаи “оҳанӣ” баробари оташ гирондани ҳезум чанд муддат гарм шуда, сипас, ба қавли ӯ, ба “сардхона” табдил меёбад. Ӯву ҳамсараш ин шабу рӯз тифли чоруми худро интизоранд ва аз ҳоло ҳарос доранд, ки баъди ба дунё омаданаш дар ин сардиҳо бо ӯ чӣ кор хоҳанд кард.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Зиндагии як оила дар кулбаи "оҳанӣ"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Худойқул Урозов мегӯяд, зиндагии хонаводааш дар манзили падарӣ дар ноҳияи Панҷ ба хубӣ идома дошт, аммо баҳси тақсими мерос миёни бародарон билохира ӯро аз хона маҳрум кард. Вай иддао дорад, ки додараш ду сол пеш бо фиреб имзои ӯро гирифта ва баъдан манзили падарро соҳибӣ кардааст.

Худойқул Урозов
Худойқул Урозов

“Додарам гуфт, ки намешавад ба ту 10 сотих замин гирифта диҳему мо дар хонаи падарӣ монем? Ваъда доданд, дар се моҳ хонаи нав сохта медиҳанд ва дар як коғаз имзои маро гирифтанд. Имзо мондам, аммо баъд аз муддатҳо на инки хона насохтанд, балки, баръакс, маро аз хонаи падарӣ пеш карданд», - нақл кард ӯ.

Урозов мегӯяд, вақте бастаи ҳуҷҷатҳоро гирифта ба назди як ҳуқуқдон рафт, он вақт фаҳмид, ки бо ризояти худаш манзили падарро ба додараш супурдааст. Худойқул Урозов ва хонаводаи ӯ, ки бехонаву дар монда чанд муддат дар манзили наздикон ва як муддат дар кӯчаҳо зиста буданд, ҳоло дар як манзили «оҳанӣ» зиндагӣ мекунад. Ӯ ба ҳайси ҷангалбони рустои Кокул ҳам кор мекунад ва дар моҳ 300 сомонӣ маош мегирад, ки, ба гуфтаи худаш, танҳо барои харидани ғизо кифоят мекунад.

Вале Давлатбӣ Гулматова, ҳамсари Худойқул Урозов гуфт, «баъзан ордро ёбем, равған намеёбем, равғанро ёбем, шакар нест. Вале, бо вуҷуди ин, хуб аст, ки моро дар вагон ҷой карданд.» Гулматова мегӯяд, кулбаи «оҳанӣ» барои хонаводаи онҳо хеле танг аст, вале бо ин вуҷуд тоқат мекунанд, чун ҷои дигаре барои рафтан надоранд. Худойқул Урозов ҳам мегӯяд, «аз зиндагии ҳозираи мо рӯзгори мушкилтар нест. Агар ҳар касе як шаб ба инҷо биёяд, баъд шароити моро мефаҳмад.»

Аксҳои бештар инҷост:

Деҳаи Кокули ҳаммарз бо Афғонистон дар 70-километрии маркази ноҳияи Фархор қарор дорад ва бачаҳои хонавода ҳар рӯз роҳи дарозеро тай карда, ба мактаб мераванд. Худойқул мегӯяд, ки барои зиндагии беҳтари худу хонаводааш борҳо ба додгоҳ муроҷиат кард, то манзили падарро бозпас гирад ё ҳадди аққал ҳиссаашро бигирад, вале то ҳанӯз посухи мусбат дарёфт накардааст.

Мақомот ва бародарони Худойқул Урозов нахостанд, ки дар бораи қазияи ӯ сӯҳбат кунанд. Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, азбаски варақаи ризояти Урозов дар дасти бародараш аст, вай расман хонаи падарро ба номаш гузарондааст. Вале ба қавли онҳо, дар сурати мӯшикофона баррасӣ шудани қазияи Худойқул Урозов ӯву хонаводааш низ аз мероси падар бебаҳра нахоҳад монд.

XS
SM
MD
LG