Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати чор варзишгари тоҷик дар Универсиадаи зимистона


Аз 2-юм то 12-уми март дар шаҳри Красноярски Русия Универсиадаи XXIХ ҷаҳонии зимистона доир мегардад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти бузурги ҷаҳонӣ, ки таҳти сарпарастии Федератсиони байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) баргузор мешавад, чаҳор варзишгар намояндагӣ мекунад.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Универсиадаи ҷаҳонии зимистона ширкати беш аз 3000 варзишгари донишҷӯи 17-25-сола аз 50 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Онҳо барои 76 маҷмуи медалҳо оид ба 11 намуди варзиш, монанди биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижатозӣ, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, ҳоккей, шорт-трек ва ғайра рақобат хоҳанд кард.

Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон панҷ нафар шомил аст. Чаҳор варзишгар - Садолати Ибодулло, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназар Соҳибов ва Баракатулло Зокиров - бо роҳбарии раиси Ассотсиатсияи варзишгарони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров, ки раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мебошад, дар намуди лижаронии кӯҳӣ дар рақобатҳо оид ба слаломи бузург (7-8 март) ва слалом (10-11 март) ширкат меварзанд.

Маросими ифтитоҳи Универсиадаи XXIX зимистона дар шаҳри Красноярск 2-юми март дар маҷмааи «Платинум-Арена» соати 16:19 ба вақти Маскав (соати 18:19 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Коргардон-таҳиягари ин маросим қаҳрамони олимпӣ оид ба рақси рӯи ях, хореограф Иля Авербухи русиягӣ мебошад.

Аввалин ғолибони Универсиадаи ҷаҳонии зимистонаи соли 2019 дар Красноярск рӯзи 3-юми март маълум хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи ҷаҳонии зимистона барои аввалин бор ду сол пеш ширкат карда буданд. Дар Универсиадаи XXVIII ҷаҳонии зимистона, ки аз 29-уми январ то 8-уми феврали соли 2017 дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик дар риштаи лижаронии кӯҳӣ рақобат намуданд.

Соҳибназари Турсунмурод дар сабқати мардон аз рӯи гигант слалом ё слаломи бузург бо натиҷаи умумии 2:59.47 дар ҷойи 65-ум ва Сайфиддини Низомиддин (3:07.25) дар ҷойи 66-ум қарор гирифтанд. Вале Дониёр Каримов, ки дар даври аввал ба марра нарасид, аз ҳаққи ширкат дар даври дувум маҳрум шуд.

Сайфиддини Низомиддин дар сабқати слалом миёни мардон дар даври аввал бо натиҷаи 1:23.74 ҷойи 47-умро гирифт. Вале Соҳибназари Турсунмурод ба марра нарасид. Дар ин навъи рақобатҳо дар даври аввал ҳамагӣ 86 лижарон ширкат дошт, ки 47 нафарашон ба марра расиданд.

Дар даври дувум 47 лижарон иштирок дошт, ки аз онҳо 38 нафарашон ба марра расиданд. Сайфиддини Низомиддин бо натиҷаи умумии 2:44.97 дар ҷойи 38-ум қарор гирифт.

Дар Универсиадаи XXVIII зимистона дар Алматӣ варзишгарони 26 кишвар барандагони ҷоизаҳо гардида, намояндагони 14 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Русия бо касби 71 нишон - 29 тилло, 27 нуқра ва 15 биринҷӣ – мақоми аввалро касб кард. Дастаи мизбон – мунтахаби Қазоқистон - бо касби 36 медал (11-8-17) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 21 медал (11-5-5) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия ва Қазоқистон, Беларус 6 медал (3-2-1), Украина 9 медал (2-3-4), Латвия як нишони тилло ва Арманистон як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG