Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот бархе аз амволи "Умед-88"-ро фурӯхтанд


Мақомоти Тоҷикистон барои баргардонидани даҳҳо миллион сомонӣ қарзи ширкати муфлисшудаи "Умед 88", ба фурӯши моликияти он шурӯъ кардаанд. Аллакай ду нуқтаи сӯхт дар шимоли Тоҷикистон дар аввалин музояда фурӯхта шудааст ва қарор аст ин маблағҳо барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ирсол шавад.

Масъули баргузории музояда дар мавриди фуруши амволи ин ширкатро Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Суғд назорат мекунад.

Дар аввалин музояда дар моҳи январи соли ҷорӣ ду нуқтаи фурӯши сӯзишвории марбут ба ширкати "Умед-88", дар ноҳияҳои Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров бо арзиши 5 миллиону 260 ҳазор сомонӣ фурӯхта шудааст. Мақомот мегӯянд, Ин ду нуқтаи сӯхт аллакай аз ҷониби соҳибони нави худ дубора ба кор шурӯъ карданд.

Қазияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳо буд.

Алиҷон Амонзода, сардори раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд рӯзи 4-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маблағҳои аз фурӯши амвол ба дастомада барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ирсол мешавад. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, амволи ин ширкат аз чанд нуқтаи фурӯш ва анбори нигоҳдории сӯзишворӣ дар шаҳрҳои ноҳияҳои вилояти Суғд иборат аст.

Ба гуфтаи Амонзода, ин амвол аз якуним миллион то тақрибан 16 млн сомонӣ (муодили 1 миллиону 600 ҳазор доллар) вобаста ба ҳаҷм ва таҷҳизоташ нархгузорӣ шуда, дар умум бештар аз 26 миллион сомониро ташкил медиҳад. Барои мисол, ба гуфтаи ӯ, танҳо як анбори нигаҳдории сӯзишвории ин ширкат воқеъ дар ноҳияи Спитамен 15 миллиону 600 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, ки дар 7 гектар замин бунёд шудааст.

"Ҳоло ҳашт адад амволи ин ширкат барои фурӯш дар музояда гузошта шудааст. Як анбори нигаҳдории сӯзишворӣ, панҷ адад нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва ду адад мошинҳои калони газу бензинкаши тамғаи Мерседес бенс"-гуфт ӯ.

"Кафолат" ба соҳибкорон

Алиҷон Амонзода афзуд, хоҳишмандонро ба музоядаи фурӯши амволи ширкати Умед-88 аз тариқи видеороликҳои таблиғотӣ огаҳ мекунанд, ки дар расонаҳои маҳаллӣ нашру пахш мешаванд ва худи онҳо низ ҳамчунин барои фурӯши моликияти ба гаравгирифташудаи "Умед-88" ба соҳибкорон кафолат медиҳанд, ки харидории ин амвол ҳеҷ мушкиле пеш нахоҳад овард.

Амонзода афзуд, "рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо соҳибкорон мулоқот кардем. Ба онҳо гуфтем, ки харидории ин амвол ҳеҷ хавфе надорад. Агар ин амвол фурӯхта шавад, хуб аст, чун маблағи он ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун сарф мешавад. Аллакай ду нуктаи сӯхт, ки фурӯхта шуд, дар як рӯз ҳуҷҷатҳояшро таҳия карда, ба дасти харидорон додем. Нарх ҳам чандон гарон нест".

Бисту шаш миллион сомонӣ маблағи "Умед-88" аз амволи ба гаравгирифташудаи ин ширкат танҳо дар вилояти Суғд аст ва ин ширкат дар саросари кишвар 56 адад нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва ҳамчунин анборҳои нигаҳдорӣ дорад. Аммо то ҳанӯз маблағи умумии моликияти ӯ ошкор нашудааст.

​Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати "Умед-88", моҳи октябри соли 2017 дастгир ва баъдан ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Дар аввал мақомот ӯро барои барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", ки Вазорати молия ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, айбдор карданд. Сипас ба парвандаи ӯ "дуздии моликияти давлатӣ" ва "исрофкорӣ" ҳам зам шуд.

"Расман чунин пешниҳодҳо нашуданд"

Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати "Умед-88".
Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати "Умед-88".

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аввали моҳи феврал дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар мавриди иддаои наздикони Раҷабалӣ Одинаев, ки омодаанд дар сурати раҳоии ӯ аз ҳисоби фурӯши амвол зарарро ҷуброн кунанд, гуфт, "расман чунин пешниҳодҳо нашуданд. Пурра ҳолатҳои корро шарҳ дода наметавонам, чун мурофиа махфӣ сурат гирифт".

Шоҳиён афзуд, ки дар мурофиаи додгоҳӣ кирдори ҷинояткоронаи роҳбари "Умед-88" тасдиқ шудаанд, ки ба буҷаи давлат, "Амонатбонк" ва чанд ширкати корхонаҳои дигар зарар расонда шудааст. Раиси Додгоҳи олӣ таъкид кард, ки қонунгузории Тоҷикистон имконият медиҳад ва агар ҳоло ҳам зарарро барқарор кунанд, парванда бозбинию баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, феълан дар масъалаи ба фоидаи давлат баргардондани ҷуброни зарар аз тарафи Додгоҳи олӣ санад таҳия ва ба хадамоти иҷро фиристода шудааст. Шоҳиён гуфт, ҳоло як парвандаи дигари Раҷабалӣ Одинаев дар баррасӣ аст ба қарзҳои бонкие рабт дорад, ки то ҳол баргардонда нашудаанд.

Норозигӣ аз боздошту ҳабси раиси "Умед-88"

Қаблан наздиконаш аз боздошт ва ҳабси Раҷабалӣ Одинаевро норозигӣ карда ва гуфта буданд, ки дар сурати раҳо шудан, ӯ имкон дорад қарзҳоро баргардонад. Саодат Одиназода, яке аз наздикони Раҷабалӣ Одинаев рӯзи 4-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд арзиши амволи ширкати "Умед-88" аз қарзи 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ба маротиб бештар буд, аммо Раҷабалӣ Одинаев омода буд, бар ивази фурӯши ин моликият аз зиндон раҳо шавад.

"Ҳарчанд маблағи умумиро дақиқ гуфта наметавонам, аммо ба ҳама маълум буд, ки тамоми НФС-ҳои ширкати Умед-88, ки дар маҷмӯъ 56 адад дар саросари кишвар буд, ба таври замонавӣ сохта шуда, дар паҳлӯи ҳамаи он мағоза ҳам бунёд шуда буд ва пули зиёд сарф шудааст",-афзуд вай.

Номаи Раҷабалӣ Одинаев ба президент

Тобистони соли гузашта худи Раҷабалӣ Одинаев бо навиштани як нома ба президент аз ӯ хоста буд барои раҳоияш мусоидат кунад. Ӯ навишта буд, ки тибқи созишнома бо Вазорати молия аз 171 миллион сомонии қарз ширкати “Умед 88” ба маблағи 100 миллион сомонӣ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун сӯзишвории дизелӣ медод ва 71 миллиони дигарро дар шакли нақд пардохт мекард.

Ба гуфтаи ӯ, қисме аз сӯзишворӣ барои истифода дар сохтмони "Роғун" ворид шуда буд ва ин кор бояд то нимсолаи аввали соли 2017 анҷом меёфт. Аммо ба гуфтаи молики "Умед 88", пеш аз оғози интиқоли сӯзишворӣ ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", дар моҳи феврал ва марти соли 2016 ба фаъолияти нуқтаҳои сӯзишвории ширкати "Умед 88" маҳдудият ва монеа гузошта шуд.

Ҳисоби молиявии фаъолияти ширкат баста шуд, ки боиси саривақт пардохт нашудани маблағҳои қарзӣ гардид. Ӯ дар номаш ба унвонии раиси ҷумҳур навишта буд, ки қарзро бо фоизи солонаи 18 дар сад гирифта, дар муддати 8 моҳ, яъне то шурӯи мушкилот 33 миллион сомонӣ фақат фоизи қарзро пардохт карда буд.

"Умед-88" дар бозори сӯхти Тоҷикистон

Ширкати "Умед-88" аз соли 2006 дар бозори сӯхти Тоҷикистон ворид шуд ва ба гуфтаи раҳбараш, беш аз 2 миллирад сомонӣ ба будҷаи давлат андоз супурдааст. Ин ширкат то замони қатъи фаъолияташ беш аз 500 коргар дошт.

"Умед 88" яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон буд, ки бо "Газпром"-и Русия ва ширкати хусусии "Фароз" дар рақобат қарор дошт. Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Раҷабалӣ Одинаев – раиси ширкати нафтрасони "Умед-88"-ро моҳи октябри соли 2017 боздошт кард.

Қазияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳо дар Тоҷикстон буд.

XS
SM
MD
LG