Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Масунияти дипломатӣ" ба Нозанин Зоғарӣ. Таниш миёни Лондон ва Теҳрон


Нозанин Зоғарӣ.
Нозанин Зоғарӣ.

Вазорати корҳои хориҷии Бритониё рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки ба Нозанин Зоғарӣ-Ретсклифф, шаҳрванди боздоштшудаи эронӣ-бритониёӣ дар Эрон, масуният ё дахлнопазирии дипломатӣ медиҳад.

Аммо сафири Эрон дар Лондон аз ин иқдоми Бритониё интиқод кард ва онро мухолиф ба меъёрҳои байналмилалӣ хонд. Ин қазия метавонад, ки боис ба таниш миёни ду кишвар шавад.

Эрон душаҳрвандиро ба таври расмӣ эътироф намекунад.

Ҷереми Ҳант, вазири умури хориҷии Бритониё рӯзи 7-уми март гуфт, бино ба рафтори "ғайри қобили қабул"-и Ҷумҳурии Исломӣ бо Нозанин Зоғарӣ, ки дар Теҳрон зиндонист ва сарнавишташ маълум нест, ба ӯ "масунияти дипломатӣ" медиҳад. Ҳант дар ин баёния гуфтааст, "тасмим гирифтам, ки Бритониё дар як қадами бисёр ғайримаъмулӣ барои Нозанин Зоғарӣ ҳимояти дипломатӣ эълон кунад".

Ҷереми Ҳант, вазири умури хориҷии Бритониё бо ҳамтои эрониаш Муҳаммадҷавод Зариф. Ноябри соли 2018.
Ҷереми Ҳант, вазири умури хориҷии Бритониё бо ҳамтои эрониаш Муҳаммадҷавод Зариф. Ноябри соли 2018.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Бритониё, ин ба он маъност, ки ҳукумати он кишвар ба таври расмӣ эълон мекунад, шеваи рафтор бо Нозанин Зоғарӣ тибқи қонунҳои байналмилалӣ нест ва ин мавзӯъро ба як масъалаи расмӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар табдил мекунад.

Ба ин тартиб, ҳар гуна осеб ё садамае, ки ба Зоғарӣ бирасад, ба маънои он аст, ки Эрон ба Бритониё осеб расондааст.

Ҷереми Ҳант дар идома гуфтааст, "аз эҳтимол дур аст, ки ин иқдом мӯъҷизае дар пай дошта бошад ва дар як шаб натиҷае дар пай дошта бошад."

"Аммо бо ин ҳол, ин иқдом ба тамоми ҷаҳониён нишон хоҳад дод, ки Нозанин Зоғарӣ бегуноҳ аст ва Бритониё вақте бо яке аз шаҳрвандонаш ноодилона рафтор мешавад, танҳо тамошобин нахоҳад буд", - афзудааст ӯ.

Бар асоси қонунҳои байналмилалӣ, эъломи ҳимояти дипломатӣ як иқдоми ҳуқуқии нодир аст. Ва замоне дода мешавад, ки ҳуқуқи шаҳрванди як кишвар дар кишвар дигаре нодида гирифта шавад. Парвандаи ин шаҳрванд ба муноқишаи ду давлат мубаддал мешавад ва ҳаллу фасли ин парванда метавонад ба робитаи ду кишвар таъсир бигузорад.

Ҷереми Ҳант мегӯяд, "рафтори ғайри қобили қабул" бо Нозанин Зоғарӣ тайи се соли гузашта боис шуд, ки чунин тасмиме рӯи даст бигирад. Вазири умури хориҷии Бритониё афзуд, "ӯ (Нозанин Зоғарӣ) аз дору ва муолиҷа маҳрум буд, дар ҳоле ки бо он ниёзи фаврӣ дошт."

Нозанин Зоғарӣ -- Ретсклифф, корманди Бунёди хайрияи Томсон Рейтерз, се сол қабл ҳамроҳи духтари хурдсолаш барои дидор бо наздиконба Эрон рафта буд. Вақте мехост баргардад, дар фурудгоҳ аз сӯи Сипоҳи посдорон боздошт шуд.

Зоғарӣ аз сӯи Сипоҳи посдорон ба ҳамкорӣ ба ниҳодҳои мухолифи Ҷумҳурии Исломӣ муттаҳам шуд ва додгоҳ ӯро ба панҷ сол зиндон маҳкум кард. Аммо Нозанин Зоғарӣ ва вакили мудофеаш ин иттиҳомро рад кардаанд.

Ҳамид Баъидинажод, сафири Эрон дар Бритониё дар вокуниш ба тасмими вазири умури хориҷии Бритониё дар "Твиттер" навишт, "тасмими Вазорати умури хориҷии Инглис ба эътои ҳимояти дипломатӣ ба хонум Зоғарӣ, мухолифи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад ва фоқиди осори ҳуқуқӣ ва иҷроӣ аст. Ҳуқуқи байналмилалӣ эътои ҳимояти дипломатӣ аз сӯи давлатҳоро фақат ба шаҳрвандони худ мумкин медонад. Тибқи қонуни Эрон, эрониён берун аз маҳали иқомат, тобеияти худро ҳифз мекунанд."

Ҷумҳурии исломии Эрон душаҳрвандиро ба таври расмӣ эътироф намекунад.

XS
SM
MD
LG